ВидеоМуҳоҷирон

ҲУКМИ УМРБОДИ ЯК ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР АБХАЗИСТОН БАРОИ ФУРӮШИ 50 ГРАММ МАВОДИ МУХАДДИР (ВИДЕО)

Додгоҳи шаҳри Сухуми, пойтахти ҷумҳурии ҷудоиталаби Абхозистон, рӯзи 3 ноябри соли 2022 Собирхон Бӯриеви 22-соларо, ки зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия будааст, ба ҳабси абад бо мусодираи молу мулк маҳкум кард.  Додгоҳ Собирхон Бӯриевро дар “ҷиноят ба зидди саломатии мардум ва маънавиёти ҷомиа”, дақиқтараш дар кӯшиши фурӯши 50 грамм маводи мухаддири навъи “мефедрон” гунаҳкор шинохтааст.

Додситонии кулли Абхозистон рӯзи 4 ноябр дар шарҳи ин парванда гуфт, зодаи Тоҷикистон ва шарҳванди Русия Бӯриев Собирхон Сайдуллоевич, санаи таваллудаш 22 апрели соли 2000, ба он гунаҳкор шинохта шуд, ки дар ивази пул тавассути “махфигоҳҳо” маводи мухаддир мефурӯхт. Ӯ аз ҷумла дар ҳудуди Донишгоҳи давлатии Абхозистон 3 махфигоҳ сохтааст. Бӯриевро кормандони милитсия ва амнияти Абхозистон моҳи июни соли 2022 дастгир карданд.

Додситонии Абхозистон гуфт, “Бӯриев С.С. дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ иттиҳомоти ба зиддаш эълоншударо эътироф накард, ҳарчанд ки ӯ дар ҷараёни тафтиши пешакӣ бо тафтишот фаъолона ҳамкорӣ дошт ва ҷойҳои махфигоҳҳои маводи мухаддирашро нишон дода буд”.

Дар ниҳоят, додгоҳи Сухуми ӯро ба ҳабси умрбод бо мусодираи молу мулк маҳкум кард.  Айбдоркунандаи давлатӣ низ аз додгоҳ барои Собирхон Бӯриев ҳабси абад хоста буд.

Ин ҳукм ҳанӯз қувваи қонун нагирифтааст ва Бӯриев ва адвокаташ метавонанд аз он дар муддати 15 рӯз ба коллегияи парвандаҳои ҷиноятии Додгоҳи олии Абхозистон шикоят баранд.

Абхозистон (рус. Абха́зия, абхозӣ Аԥсны [Апсны́], гурҷӣ  აფხაზეთი [Апхазети]) — минтақест дар қисмати шимолуғарби қаторкӯҳҳои Қафқоз. Ин минтақа дар соҳилҳои шимолу шарқии баҳри Сиёҳ ҷойгир шудааст. Абхозистон дар аввалҳои солҳои 90 дар пайи як ҷанги тӯлонӣ худро аз Гурҷистон мустақил эълон кард, вале як қисми қаламравҳои гурҷинишинаш таҳти назорати Гурҷистон боқӣ монда буд. Моҳи августи соли 2009 артиши Русия дар ҷараёни ҷанги Русия бо Гурҷистон тамоми қаламрави Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ, боз як вилояти ҷудоихоҳи Гурҷистонро ишғол кард.

Дар Абхозистон зери 250 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button