ҚАЛЛОБИИ “УСТОИ ФАСАД”, ДУЗДИИ “АЙФОН” АЗ ТАКСИ ВА ДУЗДИИ ДОЛЛАРУ РУБЛ АЗ МОШИН

Сокини 57-солаи пойтахт ба он айбдор мешавад, ки моҳи апрели соли 2021 бо роҳи фиреб худашро устои сангчаспонии беруни биноҳо (фасад) шиносоӣ карда, аз як сокини 38-солаи Хуҷанд бар асоси шартномаи шифоҳӣ ҳамчун ҳаққи хидмат мошини тамғаи «Киа-Оптима», арзишаш 165 ҳазор сомониро гирифтааст, вале корро иҷро накардааст.
хххххххххххххххххх
Ҷавони 26-солаи сокини Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки шаби 2 ноябр, тахминан соати 20:00, аз дохили мошини такси телефони тамғаи “Айфон”, арзишаш 11 ҳазор сомониро дуздидааст. Боз як сокини 32-солаи пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки шаби 31 октябр, тахминан соати 21:30 аз дохили бордони мошини як сокини Душанбе 700 доллар ва 80 ҳазор рубли русиро дуздидааст.
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 03.11.2022
Тасарруфи амволи ғайр бо роҳи қаллобӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 38-солаи сокини шаҳри Хуҷанд муроҷиат намудааст, ки дар давоми моҳи апрели соли 2021 марди 57-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, худашро устои сангчаспонии беруни биноҳо (фасад) шиносоӣ карда, шартномаи шифоҳӣ баста, барои часпонидани сангҳои қисмати беруни бино 1-адад автомашинаи тамғаи «Киа-Оптима», соли бароришаш 2011, ки арзишаш 165 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифта бар ивазаш ягон амали муайянеро ба анҷом нарасонидааст.
Нисбати ин ҳолат тафтишот идома дорад.
Дуздӣ аз дохили автомашина

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 31-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 2-юми ноябри соли 2022, тахминан соати 20:00, ҷавони 26-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи мусофиркашонӣ (таксӣ) 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 11 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 35-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 31-уми октябри соли 2022, тахминан соати 21:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили бағоҷи автомашинаи шахсиаш 700 доллари амрикоӣ ва 80 ҳазор рубли русиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳолатҳо тафтишот идома дорад.

