ВидеоМуҳоҷирон

ВИДЕО: НИШАСТИ САХТИ ҲАВОПАЙМО БО МУСОФИРОНИ ТОҶИК ДАР ФУРУДГОҲИ ИРКУТСК

Рӯзи 2 ноябри соли 2022 ҳангоми фуруд омадан дар фурудгоҳи шаҳри Иркутски Русия чархи ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” тамғаи Airbus A320-200 аз кор баромад ва пилотҳо бо як азоб тавонистанд, ки ҳавопайморо бишинонанд. Дар ин ҳавопаймо 89 нафар: 6 узви экипаж ва 83 мусофир аз шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ба Иркутск меомаданд. Хушбахтона, бо вуҷуди нишасти мушкил касе аз мусофирон ва аъзои экипаж осеб надидааст.

Дар Интернет видеои лаҳзаи чӣ гуна нишасти ин ҳавопаймо нашр шудааст. Сабти видеокамераҳои назоратии фурудгоҳи Иркутск дар Телеграм-канали СЛИВА | ИРКУТСК нашр шуд. Дар ин сабт дида мешавад, ки баробари ба замин расидани ҳавопаймо аз шассии он шарораву дуд ба ҳаво бармехезад, вале пилотҳо ба роҳи худ идома дода, дар охир тавонистанд, ки ҳавопайморо бидуни чархҳои шасси дар хатти нишасту хези фурудгоҳ рост кунанд.

Дар ширкати “Уральские авиалинии” ин ҳодисаро ба кор накардани системаи пневматикии шассиҳо рабт додаанд. Қазияро додситониҳои нақлиёти минтақаҳои Урал ва Сибири шарқӣ таҳқиқ карда истодаанд.

Қаблан гузориш шуда буд, ки чархҳои ҳавопаймо ҳангоми нишаст кафитаанд. Гуфта мешуд, ки якбора чор чархи қафои ҳавопаймо кафидааст. Вале дар додситонии нақлиёти минтақаи Сибири шарқӣ гуфтаанд, ки мушкил дар хароб шудани шассиҳои пневматикӣ будааст.

Бино ба гузоришҳо, дар пайи ин ҳодиса фурудгоҳи Иркутск як муддат қабули ҳавопаймоҳоро боздоштааст. Фаъолияти комили фурудгоҳ танҳо баъди аз хатти нишасту хези он ба канор кашидани ҳавопаймои садамадида аз сар гирифта шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button