ВидеоИқтисод

РАҲБАРИ “АЛИФ БОНК” ИВАЗ ШУД

Aбдулло Қурбонов, яке аз муасссисон ва роҳбарони “Алиф Бонк” рӯзи 1 ноябри соли 2022 дар Фейсбукаш хабар дод, ки  роҳбари ин бонк иваз шудааст. Бо қарори Шӯрои нозирон Гуланор Атобек раиси нави “Алиф Бонк” таъйин шудааст.

Абдулло Қурбонов, ба Гуланор Атобек дар мақоми раиси бонк орзуи муваффақият кард ва навишт, ки сабаби ин тасмим ин буд, ки раҳбарони қаблии ин муассисаи молиявӣ Фирдавс Мирзоев ва Зуҳуршо Раҳматуллоев беш аз як сол боз бештари вақти худро ба густариши фаъолиятҳои бонк дар арсаи байналмилалӣ ва кушодани ин бонк дар кишварҳои дигар равона карда буданд ва аз ҷумла худи ӯ аз аввали сои 2022 бо омӯзиши технологияи блокчейн машғул буда, бо тими хурде аз Алиф лоиҳаеро дар ин самт шурӯъ кардааст. Аз ҷумла “Алиф Бонк” чанде пеш дар Ӯзбекистони ҳамсоя ҳам ба кор сар кард.

Абдулло Қурбонов навиштааст: Оид ба вогузор кардани роҳбарии Алиф Бонк ба Гуланор Атобек, Далер Каримов ва Диловар Амонов мо ҳанӯз дар аввали сол хулоса карда будем ва аз ҳамон давра ин равандро оғоз намудем. Дар 9 моҳи гузашта ба натиҷаҳову рекордҳои назаррас ноил гаштем. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта пардохтҳо бо alif mobi 2,9 маротиба, интиқоли маблағҳо — 3,8 маротиба, мизоҷони корпоративиямон — 3 маротиба зиёд шуданд. Натиҷаҳои молиявиямон боз ҳам беҳтар шуданд. Боз ҳам муҳимтар — дар самти сифати хизматрасонӣ ва сохтани низоми мустаҳкам, дастаи нави роҳбарон воқеан тандеми хуб ба роҳ монданд”.

Асосгузори “Алиф” афзуд, ин комёбиҳо нишон дод, ки бонк барои тағйири раҳбарияташ омода ҳаст ва ҳамчун давоми мантиқии ин раванд, рӯзи 1 ноябр Шӯрои нозирон Гуланор Атобекро раиси нави ин муассисаи молияӣ интихоб кард.

“Алиф” як аз комёбтарин стартапҳо дар арсаи бизнеси Тоҷикистон дониста мешавад. Ин муассисаи молиявӣ соли 2014 ҳамчун ташкилоти хурди қарзӣ ва бо ҳамагӣ 3 коргар ба фаъолият оғоз кард. Ҳоло дар ин бонк дар Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 800 нафар кор мекунанд.

Соли гузашта нашрияи “Fintech finance news” арзиши “Алиф Бонк”-ро дар бозор 100 миллион доллар баровард карда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button