ВидеоСиёсатТоҷикистон

НАШРИ МУСОҲИБАИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҶАЛЛАИ “DIPLOMATIC WORLD” БА ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

Маҷаллаи “Diplomatic World”-и чопи  Брюссел, ки ҳар се моҳ як маротиба ба забони англисӣ нашр мешавад, дар  шумораи 69-умаш чанд мақоларо ба Тоҷикистон бахшида, аз ҷумла дар 6 саҳифааш мусоҳибаи шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалиро дар бораи дастоварду пешравиҳои пойтахти Тоҷикистон  ва аҳамияти роҳандозии ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ба табъ расондааст.

Ҳамчунин дар ин шумораи маҷаллаи “Diplomatic World” мақолаи Камолиддин Мӯъминзод, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон пиромуни имкониятҳои рушди устовори риштаи сайёҳӣ дар кишвар ва чанд матлаб дар бораи ташаббусҳои Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи об нашр шудаанд.

Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон, ки 19 декабри соли ҷорӣ ба синни 35 мерасад, аз моҳи январи соли 2017, инак қариб 6 сол боз раиси шаҳри Душанбе, пойтахт ва бузургтарин шаҳри ин ҷумҳурист. Ҳамзамон аз моҳи апрели  соли 2020 ӯ раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон низ ҳаст ва тибқи Қонуни асосӣ, бо касби ин мақом баъди падараш раҳбари дуюми ҷумҳурӣ дониста мешавад.

Рустами Эмомалиро вориси эҳтимолии курсии президентии падараш мешуморанд, вале нақшаи интиқоли қудрат аз падар ба писар дар Тоҷикистон, ки заминаи қонуниаш ҳанӯз соли 2016 бо пойин овардани синни ҳадди ақали номзадӣ ба президентӣ аз 35 ба 30 гузошта шуда буд, инак чанд дафъа боз ба сабабҳои гуногун ба қафо андохта мешавад.

Падари ӯ Эмомалӣ Раҳмон аз 16 ноябри соли 1992, инак қариб 30 сол боз роҳбарии Тоҷикистон, яке аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо 10 миллион аҳолиро дар даст дорад. Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли ҷорӣ ба синни 70 расид.

Шакли электронии шумораи 69-уми маҷаллаи “Diplomatic World”-ро аз тариқи торнамои зерин мутолиа метавон кард:

https://www.yumpu.com/en/document/read/67315195/diplomatic-world-69

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button