ВидеоҶомеа

НАҚШАИ ДАЪВАТ БА АРТИШИ ТОҶИКИСТОН ДАР МОҲИ ОКТЯБР 70 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 2 ноябри соли 2022 хабар дод, ки дар як моҳи аввали даъвати тирамоҳӣ ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ, яъне дар моҳи октябр, нақшаи даъват алакай 70 фоиз иҷро шудааст. Лозим ба зикр аст, ки дар муқоиса бо дафъаҳои қаблӣ дар ҷараёни ин даъвати тирамоҳӣ ҳадди ақал дар тӯли моҳи октябр шикоятҳо аз “облава”, яъне зӯран дар кӯчаву бозорҳо доштану ба артиш бурдани ҷавонони синну соли даъватӣ тақрибан ба гӯш намерасиданд.

Полковник  Фаридун Маҳмадализода, сардори маркази матбуоти вазорати мудофиаи ҶТ гуфт, раёсати ташкил ва сафарбарии Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ то 70 фоиз таъмин шудани иҷрои нақшаи даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳ дар як моҳи аввали ин чорабинии муҳими сиёсӣ хубу назаррас арзёбӣ менамоянд.

“Зеро, тибқи иттилои масъулин, барои ташкилу роҳандозӣ намудани даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27 сола ба хизмати ҳарбӣ агар чӣ ду моҳ пешбинӣ гардида бошад ҳам, лек натиҷаи фаъолияти назарраси бисёре аз комиссияҳои давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат имкон дод, ки иҷрои нақша пеш аз мӯҳлат ва дар сатҳи баланд дар давоми як моҳ ба 70 фоиз баробар карда шавад”, навиштааст полковник Маҳмадализода.

Аз миёни минтақаҳои Тоҷикистон, вилояти Бадахшон алакай дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ, яъне 1 октябр аз иҷро нақша гузориш дода буд.

Дар давоми моҳи октябр, аз 4 ноҳияи пойтахт, ноҳияи Исмоили Сомонӣ аллакай нақшаи пешбинишударо пурра ба анҷом расонида,  иҷрои нақша дар шаҳри Душанбе бошад дар давоми як моҳ наздики 80 фоизро ташкил додааст.

Аз 13 шаҳру ноҳияи тобеи марказ беш аз нисфаш алакай дар даҳаи аввал аз иҷрои нақша ҳисобот доданд ва то поёни моҳи октябр иҷрои нақша дар ин қисмати ҷумҳурӣ ба 77 фоиз расидааст.

Дар вилояти Хатлон иҷрои нақшаро дар моҳи октябр ба 70 фоиз расондаанд ва дар вилояти Суғж иҷрои нақша то имрӯз ба 60 фоиз баробар шудааст.

Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: дар баҳор аз 1 апрел то 31 май ва тирамоҳ аз 1 октябр то 30 ноябр давом мекунад.

Ҳар мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикоятҳо аз “облава” ё “иҳотагирӣ” ҷараён мегирад.  “Облава” як шеваи аслан ғайриқонуниест, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҷавонони синну соли даъватиро дар кӯчаю бозорҳо дастгир карда, ба хидмат мефиристанд. Дар бисёр маврид хешу табори ҷавонони “облава”-шуда танҳо баъди чанд рӯз хабар меёбанд, ки наздикони гумшудаашонро ба артиш бурдаанд.

Фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ аз роҳбарони Тоҷикистон чандин бор даъват карда буданд, ки ба ин таҷрибаи “облава”, ки обрӯи давлатро мерезонад, нуқта гузоранд.

Соли 2021 ба қонунгузории Тоҷикистон тағйироте ворид карда шуд, ки ба шаҳрвандон имкон медиҳад, бо пардохти маблағи муодили 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (барои соли 2022 ин маблағ 26 ҳазору 880 сомониро ташкил медиҳад) ҳамагӣ як моҳ хидмат карда, аз хидмати ҳарбии дусола озод шаванд.  Мақомот бар ин боваранд, ки ин дасти фасодро дар арсаи даъват ба артиш хеле кӯтоҳтар карда, имкон медиҳад, ки маблағҳои аз ин ҳисоб бадастомада барои беҳтар кардани шароити хидмати аскарони боқимонда сарф карда шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button