ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОН ДАР ҶАЙҲУН БАРОИ ДУЗДИИ СКУТЕР

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 2 ноябри соли 2022 аз боздошти як ҷавон дар ноҳияи Ҷайҳун бо иттиҳоми дуздии скутер хабар дод. Бино ба иттилои милитсия, ба ШВКД ноҳияи Ҷайҳун бо ариза зани 49-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намуда, хабар додааст, ки шаби 27 ба 28-уми октябри соли 2022, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад мототсикли “Скутер”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 5-ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативи ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Дуздӣ яке аз ҷиноятҳои аз ҳама роиҷ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, тақрибан чоряки тамоми ҷиноятҳои дар кишвар содиршударо ташкил медиҳад. Аз ҷумла дар нимаи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 2858 ҷинояти дуздӣ сабт шудааст. Дар ҳамин давраи як соли қабл дар ҷумҳурӣ 3566 ҷинояти дуздӣ сабт шуда буд. Вале ба бовари бисёриҳо, шумораи воқеии ҷиноятҳои дуздӣ хеле бештар аз ин рақамҳои расмист. Дар бисёр мавридҳо онҳое, ки ҳадафи дуздӣ қарор мегиранд, ба мақомот муроҷиат намекунанд. Мавридҳое ҳам ҳаст, ки ба гуфтаи сокинон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хотири зиёд нашудани шумораи ҷиноятҳои нокушода шикоятҳои шаҳрвандонро дар мавриди дуздидану молу пулашон  сабт намекунанд.

Моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дуздӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 500 то  2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда баробари 64 сомонӣ, ё ҳудуди 6 доллари амрикоист) ваё ҳукми зиндон ба муҳлати аз чанд моҳ то 12 солро пешбинӣ мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button