ВидеоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ ЯК ДОНИШҶӮИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ БО ИТТИҲОМИ ТАЙЁРӢ БА АМАЛИ ТЕРРОРИСТӢ

Дар шаҳри Уфа, пойтахти ҷумҳурии Бошқирдистони Русия ду донишҷӯи хориҷии 18-соларо бо иттиҳоми омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар роҳҳои оҳани ин кишвар дастгир кардаанд. Яке аз дастгиршудаҳо Фаррухҷон Зокиров аз Тоҷикистон буда, дар техникуми авиатсионии Уфа таҳсил мекардааст. Дуюмӣ Эмин Содиқов аз Озарбойҷон ва донишҷӯи коллеҷи тиббии Уфа будааст.

РЕН ТВ  бо такя ба манбаи худ ва маводи парванда хабар дод, ки ин ду донишҷӯ дар ноҳияҳои Калинин ва Совети пойтахти Бошқирдистон ва ҳамчунин дар ноҳияи Уфа амал мекарданд ва аз ҷумла рӯзи 19 октябр, як нуқтаи пайваставии роҳҳои оҳан дар перегони Черниковка — Спортивная, рӯзи 24 октябр — як посгоҳ ва шкафи шабакаи барқро дар перегонҳои Черниковка — Шакша ва Уфа — Черниковка ва рӯзи 25 октябр нуқтаи идораи шабака ва 4 шкафро дар перегони Дема — Блокпост оташ задаанд. Бар асоси маводи парвандаашон, ин ду ҷавонро рӯзи 27 октябр дар ноҳияи Совети шаҳри Уфа вақте дастгир карданд, ки мехостанд посгоҳи “Правая Белая” дар қитъаи роҳи оҳани Куйбишевро оташ бизананд.

Худи ин ду ҷавон вай наздикон ё адвокатҳояшон барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале Телеграм-канали Shot хабар додааст, ки дастгиршудагон гӯё гуфтаанд, ки бо сиёсати Русия розӣ набуданд ва мехостанд бо амалҳои худ мардумро битарсонанд.

Нисбат ба ин ду донишҷӯ бар асоси қисми дуюми моддаи 205 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми тайёрӣ ба амали террористӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба онҳо то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.
Ҳар сол мақомоти Русия аз боздошти даҳҳо муҳоҷир бо иттиҳомоти террористӣ ва ифротгароӣ хабар медиҳанд. Вале ҳомиёни ҳуқуқ ин иддаои мақомотро зери суол мебаранд ва мегӯянд, мавридҳое фаровоне сабт шудааст, ки мақомоти амниятии Русия барои баланд нишон додани натиҷаҳои муборизаи худ бо терроризму тундгароӣ муҳоҷирони беҳуқуқро бо парвандаҳои бофтаю сохта дастгир ва ба терроризм айбдор мекунанд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ҷанги Русия ба зидди Украина дасти мақомотро дар Русия барои сохтани чунин парвандаҳои бофта, аз ҷумла ба зидди муҳоҷирони беҳуқуқ хеле бозтар кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button