ВидеоДин ва боварҳо

ВО-АҶАБ! ИНРО ҲАМ ДИДЕМ! АЗ ЯК МАСҶИДИ ДУШАНБЕ ДУЧАРХАИ ИМОМ-ХАТИБРО ДУЗДИДААНД (ВИДЕО)

Канали Парвиз ТВ, ки бо нашри видеоҳои доғ аз Тоҷикистон шуҳрат дорад, рӯзи 31 октябри соли 2022 бо нашри як видео хабар дод, ки рӯзи гузашта дар вақти намози шом як нафари ҳоло шахсияташ номаълум аз яке аз масҷидҳои шаҳри Душанбе дучархаи имоми ин масҷидро гирифта аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.

Парвиз ТВ нагуфтааст, ки ин ҳодиса мушаххасан дар кадом масҷиди пойтахти Тоҷикистон рӯй додааст, вале дар видеои нашршуда, ки тавассути яке аз видеокамераҳои назоратии дар масҷид насбшуда сабт шудааст, дида мешавад, ки як ҷавони дар сараш кӯлоҳи “бейсболка” ва дар танаш курткаи тирарангу ҷинси кабуд зоҳиран дар вақти намозхонии мардум вориди даҳлези масҷид шуда, бо чизе қуфли яке аз велосипедҳои дар даҳлез гузоштшударо мекушояд ва сипас велосипедро сари китф бардошта, аз ҷои ҳодиса фирор мекунад.

Масъулони ин масҷид тавассути Парвиз ТВ аз ин нафар хостаанд, ки дучархаро баргардонад.
Ҳамчунин Парвиз ТВ аз тамошобинон хостааст, ки бетараф набошанд ва агар ҷавони дуздро дар навори нашршуда бишиносанд ваё ягон маълумоте дар бораи ин ҳодиса дошта бошанд, ҳатман бо рақамҳои 02 ба милитсия хабар диҳанд.

Дуздӣ яке аз ҷиноятҳои аз ҳама роиҷ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, тақрибан чоряки тамоми ҷиноятҳои дар кишвар содиршударо ташкил медиҳад. Аз ҷумла дар нимаи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 2858 ҷинояти дуздӣ сабт шудааст. Дар ҳамин давраи як соли қабл дар ҷумҳурӣ 3566 ҷинояти дуздӣ сабт шуда буд. Вале ба бовари бисёриҳо, шумораи воқеии ҷиноятҳои дуздӣ хеле бештар аз ин рақамҳои расмист. Дар бисёр мавридҳо онҳое, ки ҳадафи дуздӣ қарор мегиранд, ба мақомот муроҷиат намекунанд. Мавридҳое ҳам ҳаст, ки ба гуфтаи сокинон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хотири зиёд нашудани шумораи ҷиноятҳои нокушода шикоятҳои шаҳрвандонро дар мавриди дуздидану молу пулашон  сабт намекунанд.

Моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дуздӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 500 то  2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда баробари 64 сомонӣ, ё ҳудуди 6 доллари амрикоист) ваё ҳукми зиндон ба муҳлати аз чанд моҳ то 12 солро пешбинӣ мекунад.

Вале бо онки дуздӣ як ҷинояти роиҷ ба шумор меравад, вале мавридҳои дуздӣ аз масҷид дар Тоҷикистон хеле кам иттифоқ меуфтанд. Аксари мардум дар Тоҷикистон (аз ҷумла аксари ҷинояткорон) масҷидро як макони муқаддас мешуморанд ва ҳар навъ амали бад дар масҷид, аз ҷумла дуздиро ҳамчун гуноҳи нобахшиданӣ маҳкум мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button