ВидеоТоҷикистон

ВИДЕОИ ХАНДАОВАРИ ХАРСАВОРИИ ЯК ДУХТАРИ РУС ДАР АРТУЧИ ПАНҶАКЕНТ

Турбаза Артуч дар саҳифааш дар Фейсбук видеои хандаовари кӯшиши харсаворӣ кардани як духтари сайёҳ аз Русияро нашр кардааст.  Дар видео дида мешавад, ки ин духтар бо кумаки як марди ҷавони ҳамроҳаш мехоҳад ба хар савор шавад. Баъди кӯшишҳои зиёд ӯ билохира муваффақ мешавад, ки худро, ба қавле, дар болои зин бигирад ва ҳам духтаррову ҳам марди ҳамроҳи ӯро аз ин ханда мегирад. Хар, ки ҳамчун ҷонвари пурсабр маъруф шудааст, ин ҳама муддат бо таҳаммул интизорӣ мекашад, ки оё савори наваш кай болои ӯ мебарояд?

Ширкатҳои сайёҳӣ дар Панҷакент барои интиқоли сайёҳони хориҷӣ ва бағочи онҳо ба манотиқи баландкӯҳ аз хар зиёд истифода мебаранд. Бисёре аз ин сайёҳон ба инҷо барои тамошои Ҳафткӯл ва кӯҳҳои Фону Зарафшон меоянд. Кӯҳнавардоне, ки бо нияти фатҳи қуллаҳои баланди кӯҳистони Фону Зарафшон меоянд, низ барои интиқоли бағочи худ то домани ин қуллаҳо аз харҳои ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ ва сокинони ин минтақа истифода мебаранд.

Дар ҳафтаҳои охир Тоҷикистон бо мавҷи то кунун бесобиқаи сайёҳон аз Русия рӯбарӯ шудааст. Аксари онҳо ба хотири наафтодан ба мобилизатсия ва наҷоти худ аз рафтан ба ҷанги Украина барои муддате тарки Русия кардаанд.
Даҳҳо ҳазор нафар аз шаҳрвандони Русия дар чанд ҳафтаи охир ба Тоҷикистон омаданд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 октябри соли 2022, дар як нишаст дар Остона дар бораи ба Тоҷикистон омадани тақрибан 30 ҳазор нафар аз сокинони Русия хабар дода буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button