ВидеоМуҳоҷиронРӯйдодҳои Бадахшон

ПУШТИ ДАРҲОИ БАСТА: ОҒОЗИ МУРОФИАИ РОҲБАРИ ДИАСПОРАИ ПОМИРИҲО ОРАЗ ВАЗИРБЕКОВ

Рӯзи ҷумъа, 28 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе, дар дохили СИЗО ё боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон пушти дарҳои баста мурофиаи додгоҳии яке аз роҳбарони диаспораи помириҳои Русия Ораз Вазирбеков оғоз ёфт. Дар ин бора ба шарти набурдани номаш як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба журналисти мустақил Aнора Саркорова хабар додааст. Ин фаъоли 45-солаи зодаи маҳаллаи УПД шаҳри Хоруғ  бар асоси 3 моддаи  Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: 307 (даъватҳои оммавӣ ба сарнагун кардани ҳукумат), 187 (ташкили иттиҳоди ҷиноӣ) ва 245 (аз они худ кардани маблағҳо) айбдор мешавад.

Ораз Вазирбеков аз замони истирдодаш аз Русия дар поёни моҳи июл дар боздоштгоҳи КДАМ қарор дошт ва мурофиаи парвандааш низ пушти дарҳои баста дар ҳамин ҷо гузашт.

Ораз Вазирбеков адвокат надорад. Хонаводааш дар Тоҷикистон ягон адвокате пайдо карда натавонистанд, ки аз манфиатҳои ин фаъоли ҷамъиятӣ ҳимоят кунад. Маълум шуд, ки тафтишот ба ӯ ҳимоятгари давлатӣ додааст”, – хабар додааст Анора Саркорова. Ӯ бо истинод ба манбааш дар мақомот ҳамчунин иддао дорад, ки Ораз Вазирбековро шиканҷа додаанд.

Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон то кунун ягон маротиба на парвандаи ҷиноятии  зидди Ораз Вазирбеков, на боздошту истирдоди ӯ аз Русия ва на шурӯи мурофиаашро шарҳ надодаанд.

Ахиран Радиои Озодӣхабар дод, ки бар иловаи даъватҳо ба зидди ҳукумат ва ташкили итиҳоди ҷиноятӣ дар айбномаи Ораз Вазирбеков иттиҳоми аз они худ кардани маблағҳое, ки зодагони Бадахшон барои қурбониёни ҳодисаҳои тобистони соли 2012 ҷамъ оварда буданд, илова шудааст. Наздикони Вазирбеков ин иттиҳомро қатъиян рад мекунанд.

Ораз Вазирбеков ва ҳамнасаби ӯ блогери бадахшонӣ Рамзӣ Вазирбеков (мутахаллис ба Рамзесс Шогунов),  шоми ҷумъа, 29 июли соли 2022 дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав “ғайб заданд” ва алакай рӯзи 31 июл дар Душанбе дар боздошт “пайдо” шуданд. Онҳо дар як видео, ки тавассути саҳифаҳои троллҳои тарафдори ҳукумат, маъруф ба “фабрикаи ҷавоб” нашр шуд, гуфтанд, ки гӯё худашон ба Тоҷикистон баргашта, инҷо фаҳмидаанд, ки тафтишот нисбат ба онҳо суолҳои ҷиддӣ дорад ва аз ин рӯ, гӯё худашон мустақилона ба мақомоти тафтишотӣ ҳозир шудаанд, то ба саволҳои тафтишот ҷавоб гӯянд.

Вале бисёриҳо ба инки Вазирбековҳо ин суханонро худашон бидуни фишор ба забон оварда бошанд, бовар накарданд. Чунки қаблан ҳарду батакрор изҳор дошта буданд, ки агар ногаҳон дар Тоҷикистон пайдо шаванд, ин ба маъноест, ки онҳоро мақомоти Душанбе бо зӯрӣ бурдаанд.

Ораз Вазирбеков ва Рамзесс Шогунов  нисбат ба сиёсати ҳукумати Тоҷикистон, бавижа дар масъалаи Бадахшон назар ва мавқеи интиқодии оппозитсионӣ доштанд. Вақтҳои охир онҳо ба шиддат аз мақомоти Тоҷикистон барои саркӯби мавҷи ахири эътирозҳо дар Рӯшону Хоруғ тавассути амалиёти ҳарбие, ки дар натиҷаи он даҳҳо нафар кушта ва даҳҳо тани дигар аз фаъолон ва лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон дастгир шуданд, интиқод мекарданд.

Ораз Вазирбеков 1 октябри соли 1977 дар маҳаллаи УПД шаҳри Хоруғ аба дунё омадааст. Ӯро вориси Имумназар Имумназаров, яке аз лидерҳои ғайрирасмии пурнуфузи Бадахшон, ки тобистони соли 2012 кушта шуд, мешуморанд.  Зодагони Бадахшон дар Русия Ораз Вазирбековро яке аз лидерҳои асосии ҷамъияти бадахшониҳо дар ин кишвар ном мебурданд ва мегуфтанд, ӯ дар ҷамъият нуфузи зиёд дошта, дар гузашта барои ҳалли чандин мушкили зодагон, аз ҷумла муноқишае, ки бо чеченҳо бархоста буд, мусоидат кардааст. Худи Ораз Вазирбеков мегуфт, “ба сурати ихтиёрӣ ба фаъолиятҳои ҷамъиятӣ низ машғул буда, кӯшиш мекунам, то тартиботро дар дохили ҷамъияти помириҳо нигоҳ бидорам”.

Ӯ ҳанӯз соли 2006 ба таври қонунӣ соҳиби шаҳрвандии Русия шуда буд. Дар баробари Амриддин Аловатшоев, Ораз Вазирбековро яке аз ташкилкунандагони митинги эътирозии зодагони Бадахшон дар назди сафоратзонаи Тоҷикистон дар шаҳри Маскав мешуморанд. Шоми 25 ноябри соли 2021 бо талаби ба ҷавобгарӣ кашондани омилони куштори сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков дар назди бинои сафорати Тоҷикистон дар тангкӯчаи Гранитний переулок дар маркази Маскав ҳудуди 1000 нафар аз зодагони Бадахшон гирди ҳам омаданд, ки то имрӯз яке аз бузургтарин гирдиҳамоиҳои эътирозии зодагони Тоҷикистон дар Русия ба шумор меравад.

Гуфта мешуд, ки баъди ташкили он эътироз мақомоти Тоҷикистон Аловатшоев ва Вазирбековро таҳти ҷустуҷӯ қарор дода, истирдоди онҳоро аз Русия тақозо кардаанд. Аловатшоев 11 январи соли 2022 дастгир ва ба Душанбе фиристода шуд. Ораз Вазирбеков дар пайи ин бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ гуфт, агар баногоҳ дар Тоҷикистон пайдо шавад, ҳама бояд бидонанд, ки мақомот ба мақсади худ ноил шуданд ва ӯро маҷбурӣ бурданд.  “Мехоҳам ба самъи ҷомиа бирасонам, ки ман нақшаи сафар ба Тоҷикистонро надорам. Ва дар сурати ғайб задану дар қаламрави Тоҷикистон пайдо шудани ман, ҳама бояд бифаҳманд, ки ин бар хилофи хости ман рӯй додааст”, изҳор дошта буд ӯ дар муроҷиатномааш.

Баъди саркӯби эътирозҳои моҳи майи соли 2022 дар Бадахшон мақомот ба боздошти беш аз 20 тан аз фаъолони зодаи ин вилоят дар Русия ноил шуданд. Бисёрии онҳо алакай як ё ду рӯз баъди дар Русия “ғайб заданашон”, дар боздоштгоҳҳои Душанбе “ёфт шуданд”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button