ВидеоМуҳоҷирон

ЮСУФАХОНИ 25-СОЛА ДАР ШАҲРИ БАЛАШИХАИ ВИЛОЯТИ МАСКАВ ГУМ ШУДААСТ

“Лиза Алерт”, бузургтарин пойгоҳи ҷустуҷӯи одамони гумшуда дар Русия, як муҳоҷирдухтари гумшударо  таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст.

Бино ба иттилои пойгоҳи “Лиза Алерт, Юлдашева Юсуфахон Анваровна, соли таваллудаш 1997, ки дар микрорайони Кучино дар ҳавзаи шаҳри Балашихаи вилояти Маскав зиндагӣ мекард, рӯзи 12 октябри соли 2022 аз хона баромада, бедарак шудааст.

Нишонаҳои Юсуфахон: қадаш 169 см, ҷуссааш миёна, мӯйҳояш сиёҳ, чашмонаш сиёҳ.

Дар танаш курткаи ранги хаки,  кофтаи фирӯзаранг (бирюзового цвета, сабзи монанд ба кабуд) ва шим дошт. Бо худ сумкачаи сиёҳ ҳам дошт.
“Лиза Алерт”бо кумаки ризокорон  маъракаҳои хабардоркунӣ, часпондани эълонҳо ва пурсуҷӯи сокинонро дар микрорайони Кучино ва дигар гӯшаҳои Балашиха ва атрофи он, аз ҷумла дар микрорайони Дзержинский, Старая Купавна, Ногинск, Электроугли ва рафта то истгоҳи метрои “Новокосино”-и шаҳри Маскав анҷом додааст, вале бо гузашти қариб се ҳафта дар бораи куҷо шудани Юсуфахон маълумоте ба даст наомадааст.

Дар бораи Юсуфахон Юлдашева маълум шудааст, ки ӯ аз Тоҷикистон буда, соли 2020 барои дохил шудан ба донишгоҳи “Синергия” ҳуҷҷат супурда буд.

“Лиза Алерт” аз ҳамаи онҳое, ки дар бораи дар куҷо будани Юсуфахон Юлдашева маълумоте доранд, хоҳиш мекунанд, ки бо рақамҳои: +7 (800) 700 54 52 ё 112 занг бизананд.

Шумо ҳамчунин метавонед мустақиман ба масъулони иттилоотии ҷустуҷӯи Юсуфахон дар “Лиза Алерт” занг бизанед.

Масъулон: Бананька Олеся +79207060294 , Мусяка Мария +79251981719

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button