Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

МАРГИ ДУ ДУЧАРХАРОН ДАР ДУ САДАМА ДАР ПАНҶУ ҶАЙҲУН. ЯКЕ 70 СОЛ ДОШТ, ДУЮМӢ -12

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзҳои 27 ва 28 октябри соли 2022 дар ду садама дар ҷануби ҷумҳурӣ, дар ноҳияҳои Ҷайҳун ва Панҷ ду дучархарон ҷон бохтаанд. Яке аз онҳо 70 сол ва дуюмӣ ҳамагӣ 12 сол доштаанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД, субҳи 28-уми октябри соли 2022, тахминан соати 09:00, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, Мирзоев Изатулло Султонович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Панҷ, ҳангоми ҳаракат дар ҷамоати деҳоти Меҳвари ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Худойдодов Шариф Зайдуллоевич, соли таваллудаш 1952, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Худойдодов Ш.З. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, 27-уми октябри соли 2022, тахминан соати 16:10, ронандаи мошини тамғаи “Тойота-Кемри”, Саидмаҳмадов Саймуртазо Ҳабибҷонович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи мазкур, дар ҳудуди деҳаи Навоии ҷамоати деҳоти Ваҳдати Миллӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарони ноболиғ Нуралиев Нуралӣ Музаффарҷонович, соли тавалудаш 2010, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ Нуралиев Н.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ин ду садама идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй додааст. Дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Худро ва азизони худро эҳтиёт кунед!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button