ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР НОҲИЯҲОИ Б.ҒАФУРОВ ВА ЁВОН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шом ва шаби 25 октябри соли 2022 дар ду садамаи алоҳидаи марговар дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон ду нафар ҷон бохтаанд.

Аз ҷумла 25-уми октябри соли 2022, тахминан соати 18:45, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Зефира», Усмонов Камолҷон Набиҷонович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Осимов Пӯлодҷон, соли таваллудаш 1942, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона  ҷон додааст.

Ҳамчунин шаби 25-уми октябр, тахминан соати 23:00, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», Наимов Алишер Саидович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Даҳана аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисмати рости роҳ баромада, ба симчӯби бетонӣ бархӯрдааст. Дар натиҷа, худи ронанда Наимов А.С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳолатҳо таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй додааст. Дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Худро ва азизони худро эҳтиёт кунед!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button