ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонСиёсат

СОМОНАИ БАХШИ ҚИРҒИЗИИ РАДИОИ ОЗОДИРО БАРОИ ХАБАРИ ҲАМЛАИ ҚИРҒИЗИСТОН БА ТОҶИКИСТОН ДУ МОҲ БАСТАНД

Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон рӯзи 26 октябри барои ду моҳ фаъолияти сомонаи “Азаттык Медиа”, бахши қирғизии Радиои Аврупои Озод /Радиои Озодиро мутаваққиф кард. Ин вазорат гуфт, ки ин тасмим дар посух ба як гузориши шабакаи телевизионии “Настоящее время” дар бораи муноқишаи ахири мусаллаҳона дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон аст.

Бино ба фарзияи вазорати фарҳанги Қирғизистон, рӯзи 16 сентябри соли  2022, дар рӯзи авҷи даргириҳо дар марз, “Настоящее время”, ки дар Қирғизистон ҳамчун ниҳоди марбут ба “Азаттык Медиа” дониста мешавад, барномаи видеоиеро бо номи “Тяжелые бои на границе Кыргызстана и Таджикистана” (“Задухӯрдҳои сангин дарзи Қирғизистон ва Тоҷикистон”) нашр кард, ки дар он, ба таъбири мақомоти қирғиз, “ҳангоми инъикоси ҳодисаҳои вилояти Бодканд аз забони душманона ва хабари тасдиқношуда дар бораи гӯё ба Тоҷикистон аз тарафи Қирғизистон сурат гирифтани ҳамла, маълумоти ангезандаи ташаннуҷ дар ҷомиа ва  ангезандаи адоват, табъиз ва ҷудоӣ дар миёни шаҳрвандон истифода шудааст”.

Ёдовар мешавем, рӯзҳои 14-16 сентябри соли 2022 дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон  муноқишаи мусаллаҳонае рӯй дод, ки аз ду тараф беш аз 130 кушта ва ҳудуди 750 захмӣ ба ҷо гузошт. Ҳарду ҷониб якдигарро дар оғози ҳамла айбдор мекунанд. Ин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ дар наздик ба 100 соли ахир аз ҳама муноқишаи хунинтарин дониста мешавад.

Рӯзи 17 сентябр вазорати фарҳанги Қирғизистон ба “Азаттык Медиа” бо талаби риояи меъёрҳои қонуни матбуот ва ҳимоят аз нашри ахбори бардурӯғ дар Интернет муроҷиат кард. “Вале ин муроҷиат сарфи назар карда шуд ва “Азаттык Медиа” ба он ягон посух надод ва ягон чораи лозим низ наандешид”, — иддао мекунанд дар вазорат.

Ин ниҳод рӯзи 24 октябр бо ирсоли як нома ба “Азаттык Медиа” талаб кардааст, ки он барномаро бидуни таъхир (дар зарфи 24 соат) аз Интернет бардоранд. “Ба ин нома посух омад, ки ах ҷонииб сомона барои аз платформа бардоштани барномаи зикршуда чораҳои марбута ва корҳои фаннӣ пеш бурда мешаванд. Вале ин барномаи видеоӣ то ҳол бардошта нашудааст”, — мегӯянд дар вазорати фарҳанги Қирғизистон.

Радиои Азаттык  дар сомонааш тасдиқ кардааст, ки аз вазорати фарҳанги Қирғизистон  ба онҳо бо талаби дар байни 24 соат аз YouTube-канали “Настоящее время. Азия” гирифтани сабти барномаи мусатқими он бо номи “Тяжелые бои на границе Кыргызстана и Таджикистана” нома расид. Дар ин нома бо имзои муовини вазир С.Н.Нодрбеков таъкид шудааст, ки ин барнома “вазъро дар ҷомиаи тезу тунд карда, обрӯи кишварро ба замин мезанад”.

Вале президенти Радиои Аврупои Озод /Радиои Озодӣ Ҷейми Флай дар як изҳорот вазъияти пешомада дар атрофи “Азаттык” ва ТВ  “Настоящее время” пардохта, гуфт, ки радио ба масъулияти худ дар мавриди инъикоси мутавозини ҳодисаҳо ҷиддан муносибат мекунад.

Ҷейми Флай афзуд:  “Мо муҳтавои ин барномаро омӯхтем ва ягон хел ҳолати вайрон кардани меъёрҳоямонро пайдо накардем. Мо ба фишорҳо бо талаби аз сомонаҳоямон бардоштани гузоришҳои мутавозини худ  тан намедиҳем. Ин талаб чӣ аз тарафи Кремл сурат бигирад ва чӣ аз тарафи ҳукумати Қирғизистон. Таҳдид ба унвони журналистон ва кӯшишҳои бастани даҳони матбуоти мустақил ин як шеваи худкомаест, ки танҳо зарба ба демократия дар Қирғизистон мешавад”.

 “Азаттык”  бахши қирғизии Радиои Аврупои Озод /Радиои Озодӣ, як корпоратсияи бузурги мустақил ва ғайритиҷоратии матбуотист, ки аз ҷониби Конгресси Амрико маблағгузорӣ мешавад. Ин расона дар Қирғизистон расман ҳамчун Муассисаи “Азаттык Медиа” сабти ном шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button