ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҶУСТУҶӮИ РОНАНДАЕ, КИ ШАБОНА ЗАНИ ПИЁДАГАРДРО ЗАДУ КУШТ ВА АЗ ҶОИ ҲОДИСА ГУРЕХТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки тахминан соати дувоздаҳи шаби 24-уми октябри соли 2022, ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Олимова Нигина Нарзуллоевна, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи мазкурро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа, пиёдагард Олимова Н.Н. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. ВКД гуфт, барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки дар рӯзҳои истироҳат дар ду садама дар ноҳияҳои Б.Ғафуров ва Хуросон се нафар, аз ҷумла як кӯдаки нӯҳсола ҷон бохтаанд.

Аз ҷумла, 22-юми октябри соли 2022, тахминан соати 11:20, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Собиров Қадрулло Ёқубович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри мазкур ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ баромада, дучархарони хурдсол Қаландаров Муҳаммад Саидшарифович, соли таваллудаш 2013, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол Қаландаров М.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири ”Мерседес”  Рустамова Қумринисо Темировна, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Муъминобод, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхонаи ноҳия дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, рӯзи 23-юми октябри соли 2022, тахминан соати 14:40, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Отаев Рустамбой Тухтабоевич, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Б. Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди дохили ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Пӯлотов Пӯлотҷон Абдусамадович, соли таваллудаш 1961, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард, Пӯлотов П.А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button