ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ПАНҶАКЕНТ ЯК ДУХТАРИ 16-СОЛА АЗ БАЛАНДИИ 80 МЕТР АФТОДА, ҶОН БОХТААСТ

Ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар расид, рӯзи 23-уми октябри соли 2022, тахминан соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ, як духтари 16-солаи сокини деҳаи Бадгаи ҷамоати деҳоти Шинг дар канори шаҳри Панҷакент дар шимоли ҷумҳурӣ ҳангоми чорвочаронӣ аз баландии тахминан 80 метр ба зер афтода, ба ҳалокат расидааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо нашри ин хабар гуфт, сабаби сарозер шудани духтари 16-сола дақиқ маълум нест. Ҷасади духтарро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайдо кардаанд.

Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда духтари наврасро танҳо ба чорвочаронӣ фиристоданро бемасъулиятӣ номида, гуфт, сокинонро борҳо ҳушдор додааст, ки дар рӯзҳои боронӣ ва умуман дао остонаи фасли сард бояд кӯдакону наврасонро эҳтиёт намуд ва тани танҳо ба чорвочаронӣ, ғунучини ҳезуму алаф ва гиёҳони дорувор фиристоодани ноболиғон хатар дорад.

“Дар мавриди хабари ёдшуда метавон гуфт, ки бахусус тани танҳо фиристодани як духтари ҷавон барои чорвочаронӣ ба кӯҳ, бемасъулиятие беш нест. Волидон бояд бидонанд, ки бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакону наврасон Ҳукумати кишвар рӯзи 2-уми августи соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро қабул намудааст. Волидон ба саломатӣ, тарбияи фарзандон ва шароити зисти онҳо масъуланд. Бачаҳои худро эҳтиёт кунед, чун маҳз онҳоянд идомаи зиндагии Шумо!” – гуфта мешавад дар матлаби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button