ҲАБСИ 17 РОҲБАРИ ОППОЗИТСИЯ ДАР ҚИРҒИЗИСТОН ДАР ЧОРЧӮБИ ҚАЗИЯИ КАМПИРОБОД

Рӯзи 23 октябри соли 2022 дар Қирғизистон дар чорчӯби парвандаи ташкили бетартибиҳои оммавӣ ба зидди ба Ӯзбекистон додани обанбори Кампиробод дастикам 17 тан аз роҳбарону фаъолони оппозитсияро ба ҳабс гирифтаанд. Аз ҷумла раиси собиқи парлумони ин кишвар Қанатбек Исоев барои як моҳ дар боздоштгоҳи КДАМ ҶҚ ба ҳабс гирифта шудааст.
Намояндаи додгоҳи ноҳияи 1 майи шаҳри Бишкек ба Интерфакс гуфт: “Бо қарори додгоҳи ноҳияи 1 май Қанатбек Исоев то 23 ноябр ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд”.
“Кактус” аз қавли хешовандонаш хабар дод, ки Қанатбек Исоев давоми рӯзи 23 октябр барои бозпурсӣ ба КДАМ даъват шуда буд ва болои парвандааш муҳри махфӣ зада шудааст.
Мақомоти амниятӣ то ҳол инро шарҳ надодаанд. Вале ВКД Қирғизистон гуфта буд, ки бар асоси моддаи 36-278 бо иттиҳоми тайёрӣ ба бетартибиҳои оммавӣ бо кӯшиши минбаъдаи ғасби ҳукумат парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. ВКД бидуни ироаи ҷузъиёт ҳамчунин хабар дод, ки “дар рафти тафтиш далелҳое ба даст омад, ки афроди алоҳида ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ ва ғасби ғайриқонунии ҳукумат омодагӣ мегирифтанд”.
Адвокат Замира Жоошева хабар дод, ки дар чорчӯби тафтиши ин парванда 17 нафари шинохта барои 48 соат боздошт шудаанд. Дар байни онҳо вакилони собиқи парлумон Равшан Ҷээнбеков ва Асия Сасиқбоева, додраси собиқи Додгоҳи Қонуни асосӣ Клара Сооронқулова, узви собиқи Комиссияи марказии интихобот Гулнора Ҷӯрабоева, собиқ додситони кулли Қирғизистон Азимбек Бекназаров низ ҳастанд.
Ҳомии ҳуқуқ Азиза Абдирасулова аз боздошти 16 нафар номбаном хабар дод: сиёсатмадорон Клара Сооронқулова, Асия Сасиқбоева, Жениш Молдакматов, Равшан Ҷеенбеков, Азимбек Бекназаров, Бектур Асанов, фаъолон Эрлан Бекчоро, Али Шабдан, Перизат Суранова, Улуғбек Маматаев, Гулнора Ҷӯрабоева, Таалай Мадеминов, Чингиз Капаров, Атай Бейшенбек, Рита Карасартова ва журналист Айданбек Акмат уулу.
Рӯзи 10 октябр кумитаи равобити байналмилалӣ, мудофиа, амният ва муҳоҷирати Жогорку Кенеш, парлумони Қирғизистон созишномаи таъйин ва аломатгузории марзи Қирғизистон бо Ӯзбекистонро тасдиқ кард. Бар асоси он, обанбори Кампиробод бо 4 ҳазору 485 гектар замини зери он ба ихтиёри Ӯзбекистон мегузарад ва Қирғизистон дар иваз 19 ҳазору 699 гектар замин мегирад. Раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев гуфт, ин обанборро ду кишвар муштаракан идора ва истифода хоҳанд кард.
Аммо рӯзи 15 октябр дар Узген дар як қурултой фаъолон ва тарафдорони оппозитсияи қирғиз кумитаи ҳимоят аз обанбори Кампирободро ташкил карданд. Дар Узген раҳпаймоии эътирозии мухолифони ба Ӯзбекистон додани ин обанбор низ доир шуд.
Аммо президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 22 октябр дар мусоҳиба бо хабаргузории “Кабар” гуфт, “иғвогарон” мардумро дар ин масъала гӯл зада истодаанд ва ӯ хуб медонад, ки дар паси эътирозҳо киҳо истодаанд. Ҷабборов иддао кардааст, ки масъалаи марзҳои баҳсӣ бо Ӯзбекистон 99% ба фоидаи Қирғизистон ҳал шудааст.
Вале роҳбарони оппозитсия назари дигар доранд.
Ӯзбекистону Қирғизистон 1378 километр марзи муштарак доранд. Соли 2017 ду кишвар 85% ин марзҳоро таъйин ва аломатгузорӣ карданд, вале дар 15% боқимонда байни сокинон зуд зуд муноқишаҳо рух медиҳанд. Моҳи марти соли 2021 ҳайъатҳои ду кишвар дар Тошканд ба протоколе имзо гузоштанд, ки бар асоси он, масъалаи минтақаҳои баҳсии марз аз ҷумла аз тариқи табодули заминҳо ҳал карда шуд.

