ВарзишВидео

БОЗ ЯК УЗВИ ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО БА АРТИШ БУРДАНД

Ҳуҷумкунандаи  қаҳрамони кунунии футболи Тоҷикистон “Истиқлол” (Душанбе) ва узви тими миллии Тоҷикистон Парвиз Боқӣ-Охуновро ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд. Дар ин бора рӯзи 22 октябри соли 2022 Sports.tj – пойгоҳи хабарҳои варзишии Тоҷикистон хабар дод. “Ин бозигар дар мавсими имсола дар мусобиқоти қаҳрамонӣ дигар иштирок мекунад ва рафт, то ки қарзаш ба Ватан бисупорад”, – гуфта мешавад дар гузориш.

Парвиз Боқӣ-Охунов 24 сол дорад. Ӯ то соли 2021 дар ҳайъати “Хуҷанд” ва соли гузашта дар ҳайъати “Хатлон” бозӣ карда, тобистони соли 2022 ба дастаи “Истиқлол” гузашт. Қарордоди ӯ бо чемпиони Тоҷикистон то 31 декабри соли 2024 баста шудааст.

Ҳамагӣ чанд рӯз пеш Парвиз Боқӣ-Охунов баъди пирӯзӣ дар ҳайъати тими миллӣ дар “Ҷоми подшоҳӣ -2022” аз Таиланд баргашта буд.

Ин ягона мавриди ҷалби варзишгарони шинохта, аз ҷумла футболбозон, бо шумули аъзои тими миллӣ ба саффи артиш нест.

Дар мавсими баҳорӣ, моҳи майи соли 2022 Далер Баротов, дарвозабони он вақт сосии “Хуҷанд” ва узви тими миллиро ба артиш бурданд. Ӯ дар як қисми ҳарбӣ дар ноҳияи Спитамен хидмат мекунад. Моҳи апрели соли 2022 дарвозабони дигари “Хуҷанд” ва тими миллӣ Шоҳрух Қирғизбоев низ аз комиссариати ҳарбӣ даъватнома омад. Вале ӯро ин наҷот дод, ки ҳанӯз дар донишгоҳ таҳсил мекард ва ҳуҷҷати донишҷӯӣ дошт.

Далер Баротов дар хидмати ҳарбӣ

Sports.tj ёдовар шудааст, ки соли гузашта узви тими наврасони Тоҷикистон Асадбек Ҷӯрабековро ба хидмат бурданд. Ҳамин тавр, Фаридун Деҳқонов аз “Истаравшан” ва  Парвиз Ализода, боз як ситораи ҷавони “Хуҷанд” ба “облава” афтоданд.

Чунин ба назар мерасад, ки комиссариати ҳарбии Хуҷанд ба ҷалби варзишгарони шинохта ба хидмати ҳарбӣ  азму талош ва алоқаи вижае нишон медиҳад, чунки аксари футболбозони ба артиш бурдашуда аз дастаи “Хуҷанд” мебошанд.

Комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд дар мавсими тирамоҳии соли 2021 “қаҳрамон”-и боз як чунин моҷаро шуда буд. Дар Хуҷанд узви тими миллии самбои Тоҷикистон Бобохон Мирзозодаро рӯзи 10 ноябри соли 2021, ҳамагӣ як рӯз пеш аз сафараш ба чемпионати ҷаҳон аз манзилаш дар шаҳри Хуҷанд  “облава” карда, ба хидмати ҳарбӣ фиристоданд. Мухлисон ин амали кормандони комиссариати ҳарбиро ҳамвазни хиёнат ба манфиатҳои кишвар маънидод карданд, чунки Бобохон Мирзозода моҳи июни соли 2021 дар чемпионати Осиё дар вазни то 58 кило дар мусобиқоти самбои размӣ унвони чемпиони Осиёро ба даст оварда, шанс дошт, ки дар чемпионати ҷаҳон низ барои Тоҷикистон медал биорад.

Бисёриҳо аз чунин азму талоши комиссариатҳои ҳарбӣ барои ба артиш бурдани варзишгарони шинохта интиқод мекунанд ва мегӯянд, ки ин нафақат дастаҳои алоҳида, балки тимҳои миллии Тоҷикистонро низ заиф мегардонад. Ба назари мухлисон, дар шароите, ки дар Тоҷикистон сулҳу субот ва оромӣ ҳукмфармост ва кишвар дар ҳолати ҷанг бо ягон кишвари дигар қарор надорад, комиссариатҳои ҳарбӣ метавонистанд нақшаи даъватро бидуни чунин зарбаҳои ҷонкоҳ ба манфиатҳои варзиши миллӣ ҳам иҷро кунанд.

Даъвати тирамоҳӣ ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 1 октябр оғоз ёфт ва то 30 ноябр давом мекунад. Вазорати мудофиа ахиран хабар дод, ки дар 20 рӯзи аввал нақшаи даъват 62 фоиз иҷро шудааст.

Бобохон Мирзозода

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button