ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ВАЗИРИ ДИФОИ ҚИРҒИЗИСТОН ХОСТОРИ ИСТИҚРОРИ НИРӮҲОИ ОДКБ ДАР МАРЗ БО ТОҶИКИСТОН ШУД

Вазири мудофиаи Қирғизистон Бахтибек Бекболотов  рӯзи 19 октябри соли 2022 дар нишасти хабариаш дар Бишкек гуфт, истиқрори нирӯҳои ҳомии сулҳи ОДКБ (созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ) дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистонро пешниҳод кардааст. Генерал Бекболотов гуфт, ин нирӯҳо метавонанд риояи оташбасро зери назорат гирифта, ҳамчунин нагузоранд, ки ҷонибҳо техникаю нирӯҳои иловагиро ба марз интиқол диҳанд. Вазири қирғиз гуфт, ҳам тоҷикҳо ва ҳам қирғизҳо ҳар кадом ҳақиқати худро доранд ва инак қариб як аср боз ҳеҷ ба ифоқа омада наметавонанд. Бекболотов гуфт, барои ба ифоқа овардани ду ҷониб қозии бетараф лозим аст. Ба ақидаи ӯ, чунин нақшро байни Душанбе ва Бишкек метавонад  ОДКБ иҷро кунад.

Бахтибек Бекболотов  гуфт: “Чанде пеш ман бо дабири кулли ОДКБ Станислав Зас вохӯрдам. Ман гуфтам, ки байни қирғизҳову тоҷикҳо сулҳ намешавад. Қирғиз ҳақиқати худро дорад ва тоҷик ҳақиқати худашро. Ва то вақте ки байни мо як қозии бетараф наистад, сулҳ намешавад. Барои мисол, як нирӯи хурди ОДКБ  дар қитъаҳои баҳсии марз гузошта шавад, то ки чанд вазифаро иҷро кунад: назорати оташбас ва берун кашидани техникаи вазнин аз марзи давлатӣ. Сипас метавон масоили сиёсии марбут ба аломатгузории марзи давлвтиро ҳал кард. Ин аҳвол 30 сол не, 98 сол дош идома дорад”.

Мақомоти расмии Тоҷикистон ҳанӯз ин изҳоротро шарҳ надодаанд.

Қаблан дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов гуфт, ки президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 14 октябр дар Остона дар мулоқоти сегонаи президентҳои Русия ва Тоҷикистону Қирғизистон, ки бо ташаббуси Владимир Путин доир шуд, ба Русия пешниҳод кардааст, ки барои ҳалли мушкилоти марзии байни Душанбею Бишкек миёнарав шавад.

Рӯзи 18 октябр дар Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ бо дабири кулли ОДКБ Станислав Зас мулоқот дошт. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки “дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон дар чаҳорчӯби  Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, вазифаҳои имрӯзаи Созмон, инчунин мавзуъҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба вазъи душвори низомиву сиёсӣ дар минтақа ва ҷаҳон табодули андеша намуда, мустаҳкам кардани иқтидори ҳифзи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистонро зарур шумурданд. Дар вохӯрӣ инчунин дигар масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла омодагӣ ба баргузории мулоқоти навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, муҳокима карда шуд”.

Дар иттилоия ҳамчунин  таъкид шудааст, ки “Эмомалӣ Раҳмон Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро омили муҳими таъмини амният ва суботи минтақа арзёбӣ карданд”.

Аммо дар ин бора, ки оё Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли ОДКБ пешниҳоди ҷониби Қирғизистон дар бораи истиқрори нирӯҳои ҳомии сулҳи ин созмон дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистонро ҳам баррасӣ кардааст ё на?, дар иттилоияи расмӣ чизе гуфта намешавад.

Рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрдҳои хунине сурат гирифт, ки бо беш аз 130 кушта ва наздики 450 захмиаш хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказии пасошӯравӣ шумурда мешавад.

Рӯзи 14 октябр Путин дар Остона барои ҳалли масоили марзӣ президентҳои Тоҷикистону Қирғизистонро пушти як миз овард, вале дар видеои нашршуда дида мешуд, ки Эмомалӣ Раҳмон намоишкорона бо Содир Ҷабборов дастӣ салом накард ва танҳо бо Путин дастӣ салом карда, ба ҷояш нишаст. Дар бораи кадом тавофуқи ҷиддие дар ин мулоқот низ ягон хабар ба даст нарасид. Ба ҷуз аз як тавофуқи умумӣ мабнӣ бар ин, ки ҷонибҳо розӣ шуданд, ки дар оянда барои ҳалли мушкилоти марзӣ аз силоҳ истифода накунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button