ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

“НА БА МУРОФИА РОҲ ДОДАНД, НА БА ДИДАНАШ.” БА ФАРОМУЗ ИРГАШЕВ ЧӢ ШУД?


Пайвандони Фаромӯз Иргашев, ҳуқуқдони “Комиссияи 44” ва довталаби курсии президентӣ дар Тоҷикистон, гуфтанд, ки муҳокимаи ӯ дар Боздоштгоҳ оғоз шуда, вале дар бораи ҷараёну баҳси дохили он чизе намедонанд. Мақомот шарҳ намедиҳанд. Модараш мегӯяд, бори охир ӯро моҳи августи имсол дар ҳузури маъмурони Боздоштгоҳ дид ва аз он вақт то ҳоло паёме нагирифта.

“Гуфт, беҳуда шикоят накунед”

Фаромӯз Иргашеви 32-сола, вакили пешини Маҷлиси Бадахшон, моҳи майи имсол дар Хоруғ дастгир ва ба Душанбе оварда шуд.

Ӯ ва ҳамроҳонашро дар “Комиссияи 44” ба гирифтани пул аз хориҷа, ташкили гирдиҳамоии беиҷоза ва иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ айбдор кардаанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо ба бегуноҳии онҳо таъкид карда, озодияшонро хостанд.

Оламбегим Иргашева, модари Фаромуз Иргашев, рӯзи 19-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ба мурофиа даъват нашуда, иҷозаи дидани фарзандашро низ надорад. Мақомот ба ӯ гуфтаанд, мурофиа паси дарҳои баста мегузарад.

“Рӯзи 5-уми август бо писарам дар Боздоштгоҳ мулоқот кардам. Маъмурони боздоштгоҳ низ дар онҷо буданд. Гуфт, ки беҳуда ба ҳеч куҷо шикоят накунед. Пурсидам, дар парвандааш чӣ навиштаанд. Гуфт, худаш ҳам намедонад,” – афзуд ӯ.

Хонум Иргашева мегӯяд, писараш вакили мудофеи давлатӣ дорад, вале “ӯ як бор тамос гирифту бас”. Радиои Озодӣ натавонист, шарҳи вакилро бигирад.

Боздошти музокиракунандаҳо

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи қазияи Фаромуз Иргашев ва намояндагони дигари боздоштшудаи Бадахшон ҳеч шарҳ намедиҳанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 7-уми октябр гуфт, баъди тазоҳуроти маргбор ва нооромиҳо дар Бадахшон 77 нафарро ҷазо доданд ва муҳокимаи даҳҳо каси дигар идома дорад.

“Комиссияи 44″ дар пайи эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 дар маркази вилояти Бадахшон бо мусоидати мақомоти давлатӣ ва ором кардани мардум ташкил шуда буд.

Аъзои он музокиракунандаҳои асосӣ бо мақомот буданд ва паёми онҳоро ба норозиён мерасонданд. Қарор буд, ин ниҳод ҳамроҳ бо мақомоти давлатӣ қазияи ҳалокати сокини Роштқаъла Гулбиддин Зиёбеков ва се тазоҳуркунандаро таҳқиқ кунад.

Дар пайи ҳодисаҳои хунини моҳи май дар Бадахшон, “Комиссияи 44” “гуруҳи муташаккили ҷиноӣ” эълон шуда, камаш ҳафт узви он дастгир ва то ин дам ду нафари онҳо ба 18-солии зиндон маҳкум гардидаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ ва наздиконашон мегӯянд, онҳо гуноҳе надоранд ва барои ҳимоят аз ҳуқуқи худ ва сокинони Бадахшон садо баланд кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button