АфғонистонВидеоТоҷикистон

ИНТИҚОЛИ ҶАНГҶӮЁН БА ШИМОЛИ АФҒОНИСТОН ВА СОҲИБИ ҲАВОПАЙМОҲОИ БЕСАРНИШИН ШУДАНИ ОНҲО ДУШАНБЕРО САХТ БА ТАШВИШ ОВАРДААСТ

Мақомоти Тоҷикистонро маълумот дар бораи ба вилоятҳои бо Тоҷикистон ҳаммарзи шимол ва шарқи Афғонистон интиқол дода шудани ҷангҷӯён ва бо силлоҳо муосир, ҳатто бо ҳавопаймоҳои бесарнишин мусаллаҳ шудани онҳо сахт ба ташвиш овардааст. Дар байни ин ҷангҷӯён наздики 5 ҳазорашро, ба ҳисоби генералҳои тоҷик, ҷангҷӯёни зодаи кишварҳои Шӯравии собиқ ташкил медиҳанд.  Дар Душанбе мегӯянд, ин ҷангҷӯён аз урдуи қаблии давлатии Афғонистон яроқу аслиҳаи зиёди муосир, ҳатто ҳавопаймоҳои бесарнишин ба даст овардаанд. Мақомоти қудратии Тоҷикистон аз кишварҳои ҷаҳон барои ҳимояти хубтари 1425 километр марзи ин кишвар бо Афғонистон, ки бар рӯи рӯдхонаҳои Панҷу Омӯ мегузарад ва аксари манотиқаш релефи мураккаби кӯҳистонӣ ва душворҳимоя дорад, кумаки ҳарбӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бесарнишин хостанд. Ин ҳама баёнияҳо рӯзи 19 октябри соли 2022, дар рӯзи дуюм ва ниҳоии анҷумани марбут ба масоили ҳифзи сарҳадот ва мубориза бо терроризм, ки дар Душанбе ҷараён дошт, садо доданд.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар анҷумани Душанбе гуфт, беш аз 3 ҳазор аз террористон дар ин авохир соҳиби шаҳрвандии Афғонистон шудаанд, ки ин, ба ақидаи вазири тоҷик, “бори дигар хатарнок будани ин режимро исбот мекунад”. Манзури Раҳимзода режими нави ҳаракати тундрави Толибон аст, ки ҷангҷӯёнаш моҳи августи соли 2021 қудратро дар Афғонистон бори дуюм ба дасти худ гирифтанд.

Генерал Раҳимзода ҳамчунин хабар дод, ки гуруҳҳои террористиро ба таври фаъолона ба вилоятҳои бо Тоҷикистон ҳаммарзи шимол ва шарқи Афғонистон интиқол дода истодаанд. “Дар ҳоли ҳозир, дар қаламрави Афғонистон, бахусус дар вилоятҳои шимоли он кишвар, мадрасаҳои ҷиҳодӣ ташкил дода шуда,  интиқоли фаъолонаи гуруҳҳои террористӣ аз вилоятҳои ҷануб ва шарқ ба шимоли Афғонистон ҷараён дорад”, – изҳор дошт вазири дохилаи Тоҷикистон.

Муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳаддии Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон Кишваршо Хушвахт изҳор дошт, ки гуруҳҳои террористии фаъол дар Афғонистон ба миқдори зиёди таслиҳот ва ҳатто ба ҳавопаймоҳои бесарнишин соҳиб шудаанд.

“Аъзои созмонҳои террористӣ ҳоло дар арсенали худ миқдори бузурги силоҳҳои сабуку сақил ва ҳатто ҳавопаймоҳои бесарнишин доранд, ки ин ҳама ҳамчун ғанимат аз ҳукумати қаблии Афғонистон ба дасти онҳо расидааст “, – хабар дод ин генерали тоҷик.

Кишваршо Хушвахт вазъ дар шимолушарқи Афғонистон, бахусус дар вилоятҳои Бадахшон, Тахор ва Балхро мураккаб ва муташанниҷ арзёбӣ кард ва гуфт: “Бино ба пешбинии мо, вазъ дар ояндаи наздик боз ҳам вазнинтар мешавад”. Ба маълумоти ӯ, ҳоло дар қаламрави Афғонистон ҳудуди 40 урдугоҳу пойгоҳҳои созмонҳои террористие, чун  Ал-Қоида, ДОИШ ва созмонҳои дигар амал мекунанд. Ин генерали тоҷик, ки суханони ӯро хабаргузории русииТАСС иқтибос овардааст,  дар ҳайъати ин гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон наздики 5 ҳазор нафар аз ҷангҷӯёни зодаи собиқ СССР низ ҳастанд.

Барои муқобила бо таҳдидҳои нав аз самти ҷануб, Тоҷикистон аз ҷомиаи байналмилалӣ силоҳҳои муосир, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бесарнишин мехоҳад. Чунин изҳорот дар анҷумани Душанбе аз забони муовини аввали  фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳаддии Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон Насимҷон Раҷабзода садо дод.

“Бидуни чунин техника назорати бархе минтақаҳои кӯҳистонии ҳаммарз бо Афғонистон номумкин аст “, –  таъкид кард генерал Раҷабзода.

Анҷумани байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон”  дар Душанбе рӯзҳои 18 ва 19 октябр доир шуд. Ин анҷуманро ҳукумати Тоҷикистон ҳамроҳ бо идораи мубориза бо терроризми Созмони Милал, Маркази минтақавии дипломатияи превентивии Созмони Милал, Иттиҳоди Аврупо ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо доир кард. Дар ин анҷуман вазирон, намояндагони чандин кишвар, сохторҳои Созмони милал ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ ва коршиносони масомили амнияти марзҳо иштирок карданд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button