Рӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

НАШРИ РӮЙХАТТИ НОМ НА НОМИ 34 СОКИНИ КУШТАШУДАИ БАДАХШОН

Радиои Озодӣ рӯзи 18 октябри соли 2022 рӯйхатти ном ба номи 34 сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки моҳи май ва июни соли ҷорӣ дар ҷараёни бо истифода аз нирӯҳои вижаи мусаллаҳ бо силоҳҳои ҷангӣ саркӯб шудани мавҷи нави эътирозҳо дар шаҳраки Вамар, маркази ноҳияи Рӯшон, ва дар маркази вилоят, шаҳри Хоруғ кушта шуданд, нашр кард.

Бино ба натиҷаҳои таҳқиқоти Озодӣ, 29 нафар аз қурбониён дар ноҳияи Рӯшон ва 5 нафари дигар дар шаҳри Хоруғ кушта шуданд. Дар байни кушташудагон чанд лидери ғайрирасмии Бадахшон, аз ҷумла Мамадбоқир Мамадбоқиров, Мунаввар Шанбиев, Зоир Раҷабов ва Ёдгор Ғуломҳайдаров низ ҳастанд, вале аксари кушташудагонро сокинони оддӣ ташкил медиҳанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон ахиран кушта шудани 29 нафар аз сокинони Бадахшонро дар ҷараёни ҳаводиси моҳи майи соли 2022 тасдиқ кард.

Мақомот мегӯянд, рӯзи 18 май дар ноҳияи Рӯшони Бадахшон ба зидди саркардагон ва аъзои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ки бо созмонҳои ифротию террористӣ дар хориҷ забон як карда, бо дастури онҳо амал мекарданд, “амалиёти зиддитеррористӣ” ба роҳ андохта буданд. ВКД чандин бор гуфт, дар ҷараёни он амалиёт касе аз мардуми мулкӣ осеб надидааст.

Вале Радиои Озодӣ дар таҳқиқоташ мегӯяд, аксари кушташудагон аз миёни мардуми мулкӣ будаанд, ки бархеаш ҳатто дар эътирозҳо иштирок надоштанд, вале мақомот дар ҷараёни “амалиёти зиддитеррористӣ” аз кӯчаҳо дастгир карда, бурда, бо азобу шиканҷа куштаанд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тақрибан 250 ҳазор нафар ба сар мебаранд. Ба фарқ аз боқӣ сокинони Тоҷикистон, ки аксаран пайрави равияи Ҳанафияи мазҳаби суннии дини Ислом мебошанд, аксари аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайрави равияи исмоилияи мазҳаби шиъа буда, пешвои исмоилиҳои ҷаҳон шоҳзода Карим Оғохони чорумро ҳамчун “Ҳозиримом” раҳбари мазҳабии худ мешуморанд.

Дар пайи ҳаводиси ахири Бадахшон, ба гуфтаи фаъолон, беш аз 200 зодаи ин вилоят дар худи Бадахшон ва берун аз он бо иттиҳоми даст доштан дар эътирозҳо дастгир шудаанд. Беш аз 20 нафари онҳо роҳбарон ва аъзои фаъоли ҷамъиятҳои зодагони Бадахшон дар Русияанд, ки мақомоти Русия онҳоро дастгир карда ва аксарашро бидуни риояи қоидаҳои истирдод (экстрадитсия) ба Тоҷикистон супурданд.

Додситонии кулли Тоҷикистон ахиран алакай ба додгоҳ рафтани парвандаи 109 тан аз зодагони ин минтақаи мухторро дар робита ба эътирозҳои ахир тасдиқ кард ва гуфт, аз ин боздоштшудаҳо 77 нафар алакай маҳкум ба зиндон гардида, баррасии парвандаи 32 тани дигар  дар додгоҳҳо идома дорад. Тақрибан ҳамаи мурофиаҳои марбут ба ҳаводиси ахири Бадахшон пушти дарҳои баста, бидуни иштироки наздиконашон дар дохили боздоштгоҳҳо сурат мегиранд ва бисёрии айбдоршавандагон ба вакили мудофеъ дастрасӣ надоранд.

Рӯйхатти кушташудаҳои Бадахшон:

Рӯшон:

Хоруғ

Матлаби пурраи Озодиро инҷо бихонед:

НОМ БА НОМ. 34 КУШТАШУДАИ ҲОДИСАҲОИ ХОРУҒ ВА РӮШОН

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button