ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ТАФСИЛОТ: МЕҲРОБ РАҲМОНОВ ВА ЭҲСОН АМИНЗОДА БАРОИ ЧӢ 26 НАФАРРО ДАР МАШҚГОҲИ АРТИШИ РУСИЯ ТИРБОРОН КАРДАНД?

Расонаҳои Русия бо такя ба маълумоти манобеи наздик ба Кумитаи тафтишоти ин кишвар номҳои ҳарду зодаи Тоҷикистонро, ки ба тирборони даҳҳо нафар дар машқгоҳе дар вилояти Белгород айбдор мешаванд, нашр карданд. Бино ба гузоришҳои нашршуда, ин ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон Меҳроб Раҳмонов ва Аминзода Эҳсон Тоҷиддин, солҳои таваллудашон 1999 ва 1998 мебошанд, ки ихтиёран ба саффи артиши Русия пайваста, бо вазорати мудофиаи ин кишвар қарордод баста буданд. Нашрияи Лента.ру  бо такя ба манбаъҳояш хабар дод, ки Меҳроб Раҳмонов ва Эҳсон Аминзода аз ҷониби комиссариати ҳарбии ноҳияи Чертановои шаҳри Маскав сафарбар шудаанд. Онҳо рӯзи 11 октябри соли 2022 ба ҳудуди қисми ҳарбии воқеъ дар деҳаи Солотии вилояти Белгород омада, шоми 15 октябр ҳангоми машқи тирандозӣ издиҳоми ҳамхидматони худро тирборон карданд. Дар натиҷа 11 нафар кушта ва 15 тани дигар захмӣ шуданд. Худи Меҳроб Раҳмонов ва Эҳсон Аминзода низ бо оташи ҷавобӣ кушта шуданд. Солоти аз шаҳри Белгород 150 километр ва аз марзи Русия бо вилояти Харкови Украина ҳудуди 45 километр дуртар аст.

Радиои Озодӣ қаблан хабар дод, ки хабари кушта шудани Эҳсон Аминзодаро падараш, ки корманди ҳукумати вилояти Хатлон будааст, тасдиқ кард, вале хешовандони ӯ гуфтаанд, ки Эҳсон диндори мутаассиб набуд. Яке аз дӯстонаш ҳам фарзияи дар пайи баҳси масоили мазҳабӣ бо нидои “Аллоҳ Акбар!” ҳамхидматонашонро тирборон кардани ду зодаи Тоҷикистонро рад карда, гуфтааст, ки агар Эҳсон диндор мешуд, магар дар тарабхона кор мекард? Ба гуфтаи бародараш Фирӯз Аминзода, Эҳсон 7 моҳ пеш ба Маскав ба мардикорӣ рафта, дар як тарабхона кор мекард. Ӯ гуфтааст, намедонад, ки чӣ гуна бародари ӯро, ки шаҳрванди Тоҷикистон буд, ба саффи артиши Русия даъват кардаанд?

Дар ҳамин ҳол, пойгоҳи хабарии ASTRA мегӯяд, тавонистааст бо як шоҳиди ҳодиса, ки ҳоло дар бемористони шаҳри Валуйкии вилояти Белгород қарор дорад, суҳбат кунад ва бархе тафсилоти ҳодисаро ба даст биорад. Ҳамсуҳбати ин нашрия гуфтааст, ки сабабгори тирборон як афсар бо номи Аедрей Лапин шуд, ки дар назди ҳама Аллоҳро “сусту тарсу” номида, таҳқир кард ва ба эҳсоси мазҳабии мусалмонони даъватшуда, аз ҷумла он зодагони Тоҷикистон нохун зад. Ин манбаъ ҳамчунин мегӯяд, тоҷикҳо 3 нафар буданд.

Тасдиқи гуфтаҳои ин ҳамсуҳбати Астра тавассути манобеи дигар феълан имкон надорад, вале бино ба нақли ӯ, ҳодиса чунин рух додааст:

 “Ҳамааш аз он сар шуд, ки чанд сарбоз — аз Доғистону Озарбойҷон ва Адигея гуфтанд, ки “ин ҷанг ҷанги мо нест” ва мехостанд ариза бидиҳанд, ки дигар хидмат намекунанд. Подполковник Андрей Лапин тавассути фармондеҳи рота аз ин хабар ёфта, ҳамаро ҷамъ кард ва гуфт, ин “ҷанги муқаддас” аст. Баҳсу теладиҳӣ сар шуд ва тоҷикҳо ба Лапин гуфтанд, ки ҷанги муқаддас ин вақтест, ки мусалмонон бо кофирҳо меҷанганд.  Лапин гуфт, “пас Аллоҳ тарсончак аст, агар ба шумо иҷоҳат намедиҳад, то барои кишваре, ки ба он савганд супурдаед, биҷангед”.

Ба фикрам, ҳамин ибораи Аллоҳро тарсую заиф  номидани Лапин бисёриҳоро сахт расид, чунки дар байни мо, аз ҷумла дар байни афсарон ҳам мусалмонон — бошқирдҳову тоторҳо буданд.

Баъди чанде зоҳиран ҳама ором шуданд. Вале баъди ягон якуним соат, вақте моро ба машқи тирандозӣ фиристоданд, се  зодаи Тоҷикистон, ки ба сурати қарордодӣ хидмат мекарданд, автоматҳои худро, ки бо тирҳои ҷангӣ пур карда шуда буданд, ба тарафи фармондеҳи мо подполковник Лапин гардонданд ва ӯро ҷобаҷо куштанд. Онҳо сипас болои издиҳом тир кушоданд. Ба дидаи ман, 29 кас шуда шуд. Бо подполковник Лапин 30 кас ва бо он ду тоҷик 32 кас кушта шуданд. Шумори захмиҳоро аниқ намедонам. Як қисмашонро бо чархбол ба Белгород бурданд, қисмеро мисли ман ба Валуйки.

Чанд дақиқа пеш аз шурӯи тирандозӣ онҳо ба мо, мусулмонҳо, гуфтанд, ки як тараф биистед. Дар ёдам ҳаст, ки яке аз тирандозон Бекзод ном дошт, ӯ сержанти калон буд. Номи дуюмӣ Ануш буд ва сеюмӣ сержанти журд Ами. Насабашонро дар хотир надорам, вале Ами гурехт. Праапоршик Семёнов ду нафари онҳоро парронд. Семёнов он вақт дар тирхона буд. Ӯ бо худ туфангча дод ва вақти тирандозӣ набуд. Вақте фаҳмид, ки чӣ рӯй дод,  берун баромад ва ҳарду тоҷикро парронд.

Семёнов Амиро ҳам аз китфаш захмӣ кард, вале ӯ тавонист фирор кунад. Ӯ бо тир симхори атрофи деворро парронду канд. Онҷо ҳатто девор ҳам набуд, як сими каҷе буд, ки бисёриҳо, вақте тавассути гузаргоҳ берун рафта намешуд,  тавассути ин шикоф дар девор ба шаҳр мерафтанд. Ба мо гуфтанд, ки ӯ ҳанӯз дар ҳоли фирор қарор дорад, дастгираш накардаанд.

Ин тоҷикҳо диндорони хеле мутаассиб буданд. Доим ҷанҷол мекарданд, ки ба онҳо имкони сари вақт хондани намозҳояшонро намедиҳанд, як ҳуҷраро барои намозхона ҷудо намекунанд”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button