ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

САДАМАИ КОРМАНДОНИ САФОРАТИ ҲИНД ДАР ДАРВОЗ, САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР АЙНӢ ВА НАБЕРАИ ПАНҶСОЛААШРО ПАХШ КАРДАНИ БОБО

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 16 октябри соли 2022, тахминан соати 17:00, дар километри 345-уми роҳи Душанбе-Хоруғ, дар назди деҳаи Сангевн ҷамоати деҳоти Қалъаихуми ноҳияи Дарвоз мошини тамғаи “Toyota Land Cruiser”, ки аз ҷониби як сокини 45-солаи шаҳри Душанбе идора мешуд, дучори садама шудааст.

Дар натиҷа ронанда бо ду мусофири ин мошин, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Ҳиндустон ва кормандони сафорати ин кишвар дар шаҳри Душанбе буда, яке 58 сол ва дуюмӣ 41 сол дошт, бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхонаи ноҳияи Дарвоз интиқол дода шуданд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, сабаби ин садама аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ  мешавад.

Бино ба хабари дигари ин ниҳод, бар асари садамаи мошин дар роҳи Душанбе-Хуҷанд, ки дар наздикии шаҳраки Зарафшон ноҳияи Айнии вилояти Суғд рух дод, як мусофир бенишон шудааст.

Гуфта мешавад, мошини тамғаи  “Opel Astra”, ки аз ҷониби сокини 26-солаи ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз сӯи шаҳри Панҷакент ба самти пойтахт, шаҳри Душанбе ба дарёи Фон сарозер шудааст. 

Дар натиҷаи ин ҳодиса, як мусофири мошин ва ронандаи он ва сокини ҷамоати Шинг дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Ду мусофири дигар, ки яке 63 сол дошт ва дуюмӣ 22 сола буд, бо захмҳои гуногун ба бемористон интиқол дода шуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, дар ин ҳодиса як мусофири дигари ин мошин, ки низ 22 сол доштааст, нопадид шудааст. 

Наҷотдиҳандагони КҲФ дар гурӯҳи навоҳии минтақаи Зарафшон ба ҷойи ҳодиса расида, ҷасади ҳалокшудагон ва захмиёнро аз об берун оварданд. Ҷустуҷӯи шахси нопадидшуда идома дорад.   

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон низ аз як садамаи дигари марговар хабар дод.

Бино ба иттилои ин ниҳод, 15-уми октябри соли 2022, тахминан соати 15:10, ронандаи мошини тамғаи «ГАЗ-3302», Олимов Шералӣ Абдураҳмонович, соли таваллудаш 1968, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми дар назди хонаи истиқоматии писараш, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ҷ.Раҳмонов дар канори ш. Турсунзода, ҳангоми ба қафо рондани мошин, набераи ноболиғаш, Олимзода Самир Сайалӣ, соли таваллудаш 2017-ро пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ Олимзода С.С. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса низ таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button