ПЕШГИРӢ АЗ ҚОЧОҚИ 2 МИЛЛИОНУ 750 ҲАЗОР ДОЛЛАР ПУЛИ НАҚД АЗ ТОҶИКИСТОН БА ҚИРҒИЗИСТОН (ВИДЕО+10 АКС)

Хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 17 октябри соли 2022 бо нашри 10 акс ва видео хабар дод, ки дар вилояти Бодканд аз кӯшиши аз Тоҷикистон ба Қирғизстон гузарондани маблағи бузурги асъори хориҷии нақд пешгирӣ кардаанд. Гуфта мешавад, аз як қочоқбар дар инҷо 2 миллиону 750 ҳазор доллари Амрико пайдо ва мусодира кардаанд! Дар бораи ин ки ин маблағи бузург ба кӣ метавонад тааллуқ дошта бошад?, КДАМ Қирғизистон дар иттилоияаш чизе нагуфтааст.
Бино ба иттилои мақомоти амниятии Қирғизистон, рӯзи 15 октябри соли 2022 дар деҳаи Қарабеки ноҳияи Бодканд як мошин тамғаи “Мерседес-Бенс”, рақами давлатиаш O9240AG таҳти идораи шаҳрванди Қирғизистон Т.А.М., соли таваллудаш 1981, зодаи деҳаи Қарабекро, ки ба мақомоти Қирғизистон ҳамчун нафари дахил дар фаъолиятҳои қочоқӣ маълум буд, манъ кардаанд.
Ҳангоми кофтукоби мошин дар қисмати бордони он 6 халтаи полиэтилении ба шакли хишт скотчпечшударо пайдо карда, аз дохили ин халтаҳо 2 миллиону 750 ҳазор доллареро, ки ин шаҳрванд мехостааст ба таври қочоқӣ аз Тоҷикистон ворид кунад, пайдо кардаанд.
Дар чорчӯби ҷорабинишои фаврию тафтишотӣ 4 шаҳрванди Қирғизистонро бо гумони даст доштан дар ин қочоқи бузург дастгир кардаанд ва ҳоло онҳо дар тавқифгоҳи шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бодканд нигоҳ дошта мешаванд.
Шуъбаи тафтишоти раёсати амнияти миллии вилояти Бодканд тафтиши пешакии ин қазияро бар асоси қисми чоруми моддаи 231 Кодекси ҷиноятии Қирғизистон бо иттиҳоми қочоқи иқтисодӣ пеш мебарад. Ба дастгиршудаҳо бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 соли зиндон бо мусодираи молу мулк таҳдид мекунад.
Деҳаи Қарабеки ноҳияи Бодканд аз се тараф бо рустоҳои тоҷикнишини ҷамоатҳои Чилгазӣ ва Лаккони шаҳри Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон ҳаммарз мебошад.
Моҳи сентябр дар марзи Исфара бо Бодканд ва марзи ноҳияи Б.Ғафуров бо ноҳияи Лайлак задухӯрдҳои мусаллаҳонаи хунине рӯй доданд, ки бо беш аз 130 кушта ва ҳудуди 450 захмиаш хунинтарин муноқишаҳо дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ шумурда мешаванд.











