НАҶОТИ САЙЁҲИ РУС ВА ҲАМСАФАРИ ТОҶИКИ Ӯ ДАР КӮҲҲОИ ВАРЗОБ
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки имдодгарони ин ниҳод ҳафтаи гузашта боз як сайёҳи рус ва ҳамсафари тоҷики ӯро, ки дар кӯҳҳои назди деҳаи Варзобқалъаи ноҳияи Варзоб нопадид шуда буданд, пайдо карда, аз кӯҳи баланд беосеб ба замин фароварданд.
Ин ҳодиса рӯзи 14-уми октябри соли равон рух дода, ба қисми навбатдории Кумита як нафари дигар аз шаҳрвандони Русия хабар дода буд.
Баъди дарёфти хабар сардори Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ – наҷотдиҳӣ полковник Саидов Зариф бо онҳо шахсан дар тамос шуд ва маконеро, ки дигар наметавонистанд аз он ҷо поён шаванд, мушаххас кард.
Соати 22:30 дақиқаи шаби 14-уми октябр дастаи имдодгарони Раёсати ёдшуда ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуданд. Субҳи рӯзи 15-уми октябр, соати 06:00 имдодгарони КҲФ гардишгари рус Тулаев Иля Владимировичи 34-сола ва роҳбалади ӯ ҷавони тоҷики 28-соларо дар баландии 2850 метр аз сатҳи баҳр пайдо карда ва беосеб пойин оварданд.
Дар камтар аз як моҳи охир ин алакай дуюмин мавриди наҷоти сайёҳони рус дар ҳамин мавзеи Варзобқалъа аст, ки сайёҳон дар кӯҳ дармонда, барои пойин шудан аз наҷотбахшони тоҷик имдод мепурсанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки рӯзи 25 сентябри соли 2022 се сайёҳ дар мавзеи Варзобқалъаи ноҳияи Варзоб дар кӯҳ дармонданд ва яке аз онҳо ба болои ин аз баландӣ афтода, ҷароҳат ҳам бардоштааст. Дар ин бора ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда як зани сокини Душанбе занг зада, хабар додааст. Ӯ гуфтааст, аз дучори мушкил шудани сайёҳон аз суҳбати телефонӣ бо онҳо хабардор шудааст.
Кумитаи гуфт, бо дарёфти ин хабар гуруҳи наҷотбахшони кӯҳнаварди раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯиву наҷотдиҳии ин ниҳод билофосила ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуданд.
Наҷотбахшон макони дармондани сайёҳонро муайян ва бо онҳо тамоси садоӣ барқарор кардаанд. Шоми ҳамон рӯз, ба наҷотбахшон муяссар шуд, ки яке аз сайёҳонро аз кӯҳ пойин фароранд ва ба Душанбе бифиристанд.
Вале ба далели фаро расидани торикӣ идомаи амалиёти наҷот ба субҳи рӯзи дигар монанда шуд. Наҷотбахшон низ он шаб ҳамроҳи сайёҳон дар кӯҳ истоданд.
Баробари расидани субҳи 26 сентябр, соати 05:30 наҷотбахшон амалиёти наҷоти ду сайёҳи боқимондаро идома дода, ҳардуро бо кумаки таҷҳизоти махсуси фаннӣ пойин фароварданд ва сайёҳи маҷруҳро ба бемористони ноҳияи Варзоб интиқол доданд.

