Дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар байни ҷавонон, ки рӯзҳои 14-16 октябри соли 2022 дар шаҳри Ереван, пойтахти Арманистон аз рӯи се синну сол баргузор шуд, 17 паҳлавони ҷавони тоҷик иштирок карда, 7 медал – 1 тилло, 2 нуқра, 4 биринҷӣ – ба даст оварданд.
Медали тиллоро аз байни паҳлавонони тоҷик дар Ереван Фарзиншоҳ Ҳусейнов дар вазни +98кг миёни ҷавонон ба даст овард. Фарзиншоҳ дастпарвари толори варзиши Устопириён ва кохи варзиши “Ланглиф” мебошад.
Миёни ҷавонон Субҳиддин Халилзода (-71 кг) соҳиби медали нуқра шуда, Мусаниф Миробов (-58 кг) ва Анис Субадоров (-64 кг) ба гирифтани медалҳои биринҷӣ мушарраф гардиданд. Медали дигари нуқраро Абдуллои Ориф дар вазни -64кг миёни наврасони 16-18-сола соҳиб шуд. Миёни наврасони 14-16-сола Муҳаммадамин Лоиқов (-64 кг) ва Аминҷони Абдулфайёз (-71 кг) сазовори медали биринҷӣ шуданд.
Шореҳи варзиш Муродалӣ Тешаев ба хабаргузории “Ховар” дар бораи ҳунарнамоии паҳлавонбачаҳои тоҷик дар Ереван маълумоти бештар ироа кардааст.
Бино ба иттилои ӯ, Дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Ереван 14-15 октябр мусобиқаи кадетҳо (писарон ва духтарон) оид ба самбои варзишӣ, инчунин рақобатҳо оид ба самбои размӣ миёни ҷавонон доир гардида, ғолибону ҷоизадорон дар 43 дараҷаи вазнӣ муайян шуданд.
Муродалӣ Тешаев хабар дод, ки дар рӯзи аввали мусобиқот- 14 октябр 5 гӯштингири тоҷик — Зиёдуллои Сафаралӣ дар вазни то 46 кг, Бобоҷон Қодиров дар вазни то 53 кг, Умар Нозимов дар вазни то 58 кг, Муҳаммадамин Лоиқов дар вазни то 64 кг ва Аминҷони Абдулфайёз дар вазни то 71 кг дар намуди самбои варзишӣ миёни наврасони 14-16-сола рақобат карданд. Аз миёни онҳо ду нафар — Муҳаммадамин Лоиқов ва Аминҷони Абдулфайёз ба гирифтани нишони биринҷӣ мушарраф гардиданд.
15 октябр, дар рӯзи дуюми чемпионати ҷаҳон рақобатҳо миёни писарон ва духтарон дар ҳамаи дараҷаҳои вазнӣ доир гардиданд. Дар мусобиқаи наврасони 16-18-сола оид ба самбои варзишӣ Тоҷикистонро шаш варзишгар намояндагӣ карданд: Муҳаммад Қурбонов дар вазни то 53 кг, Анушервон Назарзода дар вазни то 58 кг, Абдуллои Ориф дар вазни то 64 кг, Бахтиёр Ғафуров дар вазни то 79 кг, Аҳлиддин Мақсудов дар вазни то 88 кг ва Муҳсин Маллаев дар вазни то 98 кг намояндагӣ карданд.
Аз миёни онҳо танҳо як нафар – Абдуллои Ориф соҳиби медал шуд. Ӯ дар вазни то 64 кило ба финал роҳ ёфт. Рақибаш Батдаваа Батҳуяг аз Муғулистон буд. Варзишгари муғул ғолиб шуда, медали тилло гирифт. Абдулло бо медали нуқра сарфароз гардид. Мунарбек Бахтиёр Улу аз Қирғизистон ва Лука Гаделла аз Гурҷистон барои ҷойҳои сеюм бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
16 октябр дар рӯзи охирини Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо варзишгарони навраси 23 кишвар барои 55 маҷмӯи медалҳо аз рӯи дараҷаҳои гуногуни вазнӣ рақобат карданд.
Дар рӯзи 3-юми Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо- 16 октябр рақобатҳо миёни писарон ва духтарон дар ҳамаи дараҷаҳои вазнӣ доир гардиданд. Дар мусобиқаи ҷавонони 18-20-сола оид ба самбои варзишӣ Тоҷикистонро Мусаниф Миробов дар вазни то 58 кг, Анис Субадоров дар вазни 64 кг, Субҳиддин Халилзода дар вазни то 71 кг, Сайфиддин Сайфиддинзода дар вазни то 79 кг, Озодбек Назарбекзода дар вазни то 88 кг ва Фарзиншоҳ Ҳусейнов дар вазни +98 кг намояндагӣ карданд. Миёни онҳо Фарзиншоҳ Ҳусейнов дар вазни +98 кг тавонист, ки ягона медали тиллоро барои Тоҷикистон соҳиб шавад. Субҳиддин Халилзода дар вазни то 71 кг ба гирифтани медали нуқра ва Мусанниф Миробов дар вазни то 58 кг, Анис Субадоров дар вазни то 64 кг ба гирифтани медалҳои биринҷӣ мушарраф гардиданд.

