Муҳоҷирон

МАРДИ ТОҶИК ТАНҲО БАЪДИ ПАРДОХТИ 150 ҲАЗОР РУБЛ АЛИМЕНТ ТАВОНИСТ АЗ РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН БАРГАРДАД

Як шаҳрванди Тоҷикистон танҳо баъди ба фарзандаш ва ҳамсари собиқаш пардохт кардани 150 ҳазор рубл алименти ҷамъшуда иҷозат пайдо кард, ки аз Русия ба Тоҷикистон баргардад.

Дар ин бора раёсати вилоятии Хадамоти федералии приставҳои Русия хабар дод.

Бино ба иттиҳои ин ниҳод, шуъбаи приставҳои ноҳияи Няндома чанд сол боз дар пайи рӯёндани алимент аз як муҳоҷири тоҷике буданд, ки барои 5 сол аз Русия ихроҷаш карда буданд.

Дар ин ҳама муддат, ки ин мард наметавонист ба Русия сафар кунад, ӯ ба фарзандашон аз ҳамсари собиқаш дар ноҳияи Няндома ягон кумаки моддӣ намерасонд.

Соли 2021 приставҳои Няндома хабар ёфтанд, ки падари фарзандгурез ба Русия баргашта ва дар вилояти Амур дар як гӯшаи дигари Русия соҳиби патент ва ҷои кор шудааст. То ин вақт маблағи алиментҳои насупурдаи ӯ алакай ба 150 ҳазор рубл расида буд.

Приставҳо тасмим гирифтанд, ки то замони пардохти пурраи алиментҳояш ин мардро ба рӯйхатти сиёҳи қарздороне ворид кунанд, ки ҳаққи тарки қаламрави Русияро надоранд.

Вақте приставҳо муайян карданд, ки ин муҳоҷири тоҷик дар бонк суратҳисоб кушодааст, дар мавриди аз ҳисобди ӯ рӯёндани қисме аз алиментҳо қарор қабул карданд.

Баъди ин ҳамсари собиқи марди тоҷик ҳар моҳ барои таъмини фарзандаш аз шавҳари собиқи худ миқдоре пул мегирифт. Вале қарзи алименти ӯ ҳанӯз ҳам пурра пардохт нашуда буд.
Дар ин байн, муҳлати будубоши шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба поён мерасид ва ӯ барои тамдиди ҳуҷҷатҳояш мебоист ба Тоҷикистон баргардад. Ӯ чиптаи парвоз харид, вале дар фурудгоҳ ба ин марди тоҷик иҷозати парвоз надодаанд, чунки номаш дар рӯйхатти афроди мамнӯъулхуруҷ буд.  Ӯ маҷбур шуд, ки тамоми қарзи алименти худро пардохт кунад ва танҳо баъди ин ба муҳоҷири тоҷик иҷозат доданд, ки ба Ватан баргардад.

Няндома  тақрибан 20 ҳазор аҳолӣ дошта, дар 530-километрии ҷануби шаҳри  Архангелск ва 460-километрии шимоли шаҳри Вологда ҷойгир шудааст. Аз Няндома то Маскав, пойтахти Русия қариб 1000 км ва то Душанбе, пойтахти Тоҷикистон 4300 километр роҳ аст!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button