ПУТИН МЕХОҲАД ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА СОДИР ҶАББОРОВРО ОШТӢ ДИҲАД

Ёвари президенти Русия Юрий Ушаков ба журналистон хабар дод, ки президенти Русия Владимир Путин рӯзи панҷшанбе, 13 октябри соли 2022 дар шаҳри Остона бо президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон як мулоқоти сеҷониба барпо мекунад.
“Таваҷҷуҳ асосан ба вазъ дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон равона хоҳад шуд. Мо ҳар сари чанд вайт шиддат гирифтани вазъ дар ин марзро бо ташвиш қабул мекунем “, – иқтибос овардааст азх суханони намояндаи расмии Кремл хабаргузории русии ТАСС.
Ушаков таъқид кардааст, ки Маскав ҳар навъ таниш байни иттифоқчиёнаш дар ОДКБро манфӣ баҳо медиҳад. “Мо бар инем, чун ҳар навъ чунин муноқиша ё танишро бадхоҳон метавонанд барои боз ҳам бештар ба ҳам задани вазъ дар минтақа истифода кунанд. Мо тарафдори фақат ва фақат бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ ҳал кардани мушкилотем “, – изҳор дошт ёвари Путин.
Юрий Ушаков афзуд, ки Русия омода ҳаст ба ҳар сурати барои Бишкек ва Душанбе мақбул, аз ҷумла дар раванди таъйину аломатгузории марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон миёнаравӣ кунад. Ӯ гуфт, Русия дар мисоли ташхиси марзҳояш бо Қазоқистон дар ин бобат таҷрибаи хуб дорад.
Ёвари Путин гуфт, ки ӯ дар Остона ба ҳамтоёни қирғизу тоҷикаш пешниҳод хоҳад кард, ки дар оянда машваратҳои гуруҳҳои корӣ пиромуни масоили марзӣ низ ба сурати сеҷониба бо иштироки Русия доир карда шаванд. Ӯ гуфт, “Русия ҳамеша тайёр аст, ки ба ин раванд фаъолона бипайвандад”.
Ин пешниҳод амалан маънои ба ҳайси миёнарав ба баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ҳамроҳ шудани Русия аст. Чизе ки Маскав чанд сол боз пешниҳод мекард.

Пешниҳоди миёнаравии Русия барои ҳалли масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи муноқишаи хунини рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи ин ду кишвар садо дод. Даргириҳои моҳи сентябр бо беш аз 130 куштаю наздики 450 захмиаш хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад. Қирғизистон аз ҳалокати 63 нафар ва ҷароҳат бардоштани беш аз 200 нафар хабар дод, Тоҷикистон ҳалокати 59 шаҳрвандаш ва ҷароҳат бардоштани 234 нафари дигарро аз тарафи худ тасдиқ кардааст. Ҳарду ҷониб якдигарро дар шурӯи ин муноқиша айбдор мекунанд. Дар ду соли охири 2021 ва 2022 муноқишаҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон наздики 200 кушта ва беш аз 750 захмӣ ба ҷо гузоштаанд.
Дар пайи даргириҳои ахир роҳбарони Қирғизистон ранҷиши худро аз Русия ва созмони зери назорати Маскав ОДКБ дар робита ба ин ҳаводис пинҳон намекарданд.
Аз ҷумла рӯзи 16 сентябр, дар рӯзи авҷи даргириҳо дар марз, президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба мулоқот бо Владимир Путин, ки дар Самарқанд дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай доир шуд, бо чанд дақиқа таъхир дертар омад. Чунин дер омадан ба мулоқоти президентҳо дар урфи дипломатӣ бисёр вақт ҳамчун як ҳила ё васила барои намоиши озурдагии як ҷониб аз ҷониби дигар истифода мешавад.
Рӯзи 10 октябр бошад Қирғизистон аз баргузории машқҳои ҳарбии созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) дар қаламрави худ даст кашид. Ин машқҳои фармондеҳию ситодӣ таҳти унвони “Нерушимое братство-2022” (“Бародарии шикастнопазир-2022”) мебоист аз 10 то 14 октябр сурат мегирифтанд. Вазорати мудофиаи Қирғизистон гуфт, тасмими лағви машқҳои ОДКБ барвақт гирифта шуда буд, вале рӯзе баъд муовини сарвазири ин кишвар Эдил Байсалов тасдиқ кард, ки сабаби лағви машқҳо ҳаводиси ахир дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон буд.
Рӯзи 12 октябр ба ин далел сафири Қирғизистон дар Маскав Гулнора-Клара Саматоваро “барои баррасии масоили марбут ба иштироки Бишкек дар фаъолиятҳои ОДКБ” ба вазорати хориҷаи Русия даъват кардаанд.

