ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК ЗАН АЗ ХУҶАНД СОКИНИ БӮСТОНРО БА МАБЛАҒИ 260 ҲАЗОР ДОЛЛАР ФИРЕБ ДОДААСТ

Як зани 31-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки қаблан бо ҷурми қочоқ суд шудааст, ҳоло ба он гумонбар мешавад, ки аз соли 2017 то 2022 бо роҳи фиреб ба боварии як зани 30-солаи сокини шаҳри Бӯстон даромада, аз ӯ бо баҳонаи ривоҷ додани соҳибкориаш 206 ҳазору 500 доллар ва 546 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол  барнагардондааст.
хххххххххххххххх

Сокини 30-солаи ноҳияи Кӯшониён ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 9 октябр аз хонаи як сокини ҳамин ноҳия 30 ҳазор сомониро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 13 октябри соли 2022

Дастгир гардидани зани қаллоб

000

Нисбати зани 31-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаи 286 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд.
Номбурда ба он гумонбар мешавад, ки дар давоми аз моҳи декабри соли 2017 то моҳи июли соли 2022 бо роҳи фиреб ба боварии зани 30-солаи сокини шаҳри Бӯстон даромада, бо баҳонаи ривоҷ додани соҳибкориаш 206 ҳазору 500 доллари амрикоӣ ва 546 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани ҳолати дуздӣ

vor-0504

Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён бо ариза марди 39-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 9-уми октябри соли 2022, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷузвдон 30 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 30-солаи сокини ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button