ВидеоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ БОЗ ЯК ОППОЗИТСИОНЕРИ ТОҶИК. ИН ДАФЪА ДАР ВИЛОЯТИ ЛЕНИНГРАДИ РУСИЯ

Рӯзи 12 октябри соли 2022  дар шоҳроҳи Виритское, дар назди бинои №5  дар шаҳраки Пригороднийи ноҳияи  Гатчинаи вилояти Ленингради Русия кормандони пулис як шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистонро, ки ҳамчун роҳбари созмони ифротӣ дар ҷустуҷӯи федералӣ қарор дошт, дастгир кардаанд. Ин муҳоҷири тоҷик аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлони Тоҷикистон таҳти ҷустуҷӯ қарор дошта, дар Ватанаш ба зидди ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми барангехтани кинаю адоват ва ташкили фаъолияти созмони ифротӣ парванда кушода будаанд. Дар Тоҷикистон бо чунин иттиҳомот ба зидди  тарафдорони оппозитсия ва мунтақидони ҳукума низ парванда мекушоянд.

Шаҳрванди Тоҷикистон аз моҳи июли соли 2020 дар ҷустуҷӯ қарор доштааст. Ӯ аз боздошт фирор карда, аз моҳи июл то декабри соли 2022 дар Русия сабти ном карда будааст.

Пулиси вилояти Ленинград мақомоти Тоҷикистонро аз боздошти ин нафар хабардор карда, ӯро феълан ба ҳабс гирифтаанд. Исми боздоштшуда ва тафсилоти дигари парвандааш гуфта намешавад. Худи ӯ ва ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд.

Шаҳраки Природний дар канораҳои ҷанубии шаҳри Гатчина ва дар 50-километрии ҷануби шаҳри Санкт-Петербург ҷойгир шудааст.

Дар ду рӯзи охир ин алакай дуюмин мавриди боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Петербург ва вилояти Ленинград бо дархости мақомоти Тоҷикистон аст. Дар ҳарду маврид зодагони Тоҷикистон бо иттиҳомоти сиёсӣ таҳти ҷустуҷӯ қарор доштаанд.

Як рӯз қабл гузориш шуда буд, ки рӯзи 11 октябри соли 2022 дар кӯчаи Красний Текстилшики шаҳри Санкт-Петербурги Русия як шаҳрванди 44-солаи Тоҷикистонро, ки дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, дастгир кардаанд. Дар  ин кӯча Маркази ягонаи ҳуҷҷатсупории шаҳри Петербург ҷойгир шудааст, ки муҳоҷирон ба инҷо барои гирифтани патенту дигар асноди лозим барои қонунӣ сохтани будубоши худ дар Русия муроҷиат мекунанд.

Зоҳиран ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳои ин муҳоҷири тоҷик маълум шудааст, ки ӯ дар ҷустуҷӯи федералӣ қарор дошта, дар Ватанаш, Тоҷикистон ба зидди вай бо иттиҳоми даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ сарнагун кардани ҳукумати ин ҷумҳурӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Муҳоҷири тоҷикро ба ҳабс гирифтаанд ва ташаббускори ҷустуҷӯи ӯ –  мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро алакай аз боздошти ӯ дар ҷараён гузоштаанд.

Тибқи Паймони Минск аз соли 1992, кишварҳои СНГ муваззафанд, ки шаҳрвандони таҳти ҷустуҷӯр қарор доштаро ба якдигар бисупоранд. Русия ҳар сол даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистонро, ки аз тафтишот ба инҷо фирор мекунанд, дастгир карда, ба Тоҷикистон месупорад. Бархеи онҳо барои ҷиноятҳое, чун дуздӣ, қаллобӣ ваё фишор аз хидмати ҳарбӣ таҳти ҷустуҷӯ гузошта мешаванд ва бархе барои ҷиноятҳои сангинтаре, чун куштору ғорат ё пуштибонӣ аз терроризму иштирок дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ё Афғонистон, таҳти таъқиб қарор мегиранд.

Аммо дар солҳои охир як бахши аъзами онҳоеро, ки аз Русия ба Тоҷикистон истирдод мешаванд,  онҳое ташкил медиҳанд, ки бо иттиҳомоти “сиёсӣ”, аз ҷумла бар асоси моддаи 307 Кодекси ҷиноятии ҶТ барои даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ сарнагун кардани ҳукумати Тоҷикистон таҳти таъқиб гузошта мешаванд. Дар Тоҷикистон бар асоси ин модда ба зидди онҳое ҳам, ки аз ҳукумат танқид мекунанд ваё мавқеи оппозитсионӣ доранд, парванда мекушоянд. Моддаи 307 барои чунин аъмол ҳамчун ҷазо аз 3 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Кӯчаи Красний Текстилшик, ки шаҳрванди тоҷики таҳти ҷустуҷӯро дар онҷо дастгир карданд, дар ҳавзаи Смолний, дар маркази таърихии шаҳри Петербург, дар наздикии фурӯшгоҳи “Галерея”, қасри Таврический ва осорхонаи машҳури Смолний ҷойгир шудааст. Ин кӯчаро аз дарёи Нева, яке аз рамзҳои асосии “пойтахти шимолии Русия” танҳо як кӯчаи Соҳили Синопская ҷудо мекунад.

Дар кӯчаи Красний Текстилшик сарраёсати Сбербанки ҳавзаи Шимолу Ғарб, ҳаммоҳои Смолний ва ҳамчунин Маркази ягонаи ҳуҷҷатсупорӣ (Единый центр документов, шабеҳи маркази Сахарово дар Маскав) ҷойгир шудаанд. Шаҳрванди дастгиршудаи Тоҷикистон низ, бовар меравад, ки барои гирифтани патент ё сабти ном ба ҳамин Маркази ягона ҳуҷҷатсупорӣ омада буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button