ВидеоМуҳоҷиронСиёсат

БОЗДОШТИ ОППОЗИТСИОНЕРИ ТОҶИК ДАР ПЕТЕРБУРГ. ДАР ТОҶИКИСТОН Ӯ БА ДАЪВАТҲО БА САРНАГУН КАРДАНИ ҲУКУМАТ АЙБДОР МЕШАВАД

Расонаҳои маҳаллии шаҳри Санкт-Петербурги Русия хабар доданд, ки рӯзи 11 октябри соли 2022 дар кӯчаи Красний Текстилшик як шаҳрванди 44-солаи Тоҷикистонро, ки дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, дастгир кардаанд. Дар  ин кӯча Маркази ягонаи ҳуҷҷатсупории шаҳри Петербург ҷойгир шудааст, ки муҳоҷирон ба инҷо барои гирифтани патенту дигар асноди лозим барои қонунӣ сохтани будубоши худ дар Русия муроҷиат мекунанд.

Зоҳиран ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳои ин муҳоҷири тоҷик маълум шудааст, ки ӯ дар ҷустуҷӯи федералӣ қарор дошта, дар Ватанаш, Тоҷикистон ба зидди вай бо иттиҳоми даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ сарнагун кардани ҳукумати ин ҷумҳурӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Муҳоҷири тоҷикро ба ҳабс гирифтаанд ва ташаббускори ҷустуҷӯи ӯ –  мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро алакай аз боздошти ӯ дар ҷараён гузоштаанд.

Тибқи Паймони Минск аз соли 1992, кишварҳои СНГ муваззафанд, ки шаҳрвандони таҳти ҷустуҷӯр қарор доштаро ба якдигар бисупоранд. Русия ҳар сол даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистонро, ки аз тафтишот ба инҷо фирор мекунанд, дастгир карда, ба Тоҷикистон месупорад. Бархеи онҳо барои ҷиноятҳое, чун дуздӣ, қаллобӣ ваё фишор аз хидмати ҳарбӣ таҳти ҷустуҷӯ гузошта мешаванд ва бархе барои ҷиноятҳои сангинтаре, чун куштору ғорат ё пуштибонӣ аз терроризму иштирок дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ё Афғонистон, таҳти таъқиб қарор мегиранд.

Аммо дар солҳои охир як бахши аъзами онҳоеро, ки аз Русия ба Тоҷикистон истирдод мешаванд,  онҳое ташкил медиҳанд, ки бо иттиҳомоти “сиёсӣ”, аз ҷумла бар асоси моддаи 307 Кодекси ҷиноятии ҶТ барои даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ сарнагун кардани ҳукумати Тоҷикистон таҳти таъқиб гузошта мешаванд. Дар Тоҷикистон бар асоси ин модда ба зидди онҳое ҳам, ки аз ҳукумат танқид мекунанд ваё мавқеи оппозитсионӣ доранд, парванда мекушоянд. Моддаи 307 барои чунин аъмол ҳамчун ҷазо аз 3 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Кӯчаи Красний Текстилшик, ки шаҳрванди тоҷики таҳти ҷустуҷӯро дар онҷо дастгир карданд, дар ҳавзаи Смолний, дар маркази таърихии шаҳри Петербург, дар наздикии фурӯшгоҳи “Галерея”, қасри Таврический ва осорхонаи машҳури Смолний ҷойгир шудааст. Ин кӯчаро аз дарёи Нева, яке аз рамзҳои асосии “пойтахти шимолии Русия” танҳо як кӯчаи Соҳили Синопская ҷудо мекунад.

Дар кӯчаи Красний Текстилшик сарраёсати Сбербанки ҳавзаи Шимолу Ғарб, ҳаммоҳои Смолний ва ҳамчунин Маркази ягонаи ҳуҷҷатсупорӣ (Единый центр документов, шабеҳи маркази Сахарово дар Маскав) ҷойгир шудаанд. Шаҳрванди дастгиршудаи Тоҷикистон низ, бовар меравад, ки барои гирифтани патент ё сабти ном ба ҳамин Маркази ягона ҳуҷҷатсупорӣ омада буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button