Рӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

БОЗ ЯК ЗАМИНЛАРЗА ҲАРДУ БАДАХШОНРО ЛАРЗОНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи барвақти 11 октябри соли 2022, соати 04:23  ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ як заминларза рух додааст.

Бино ба иттилои ин ниҳод, маркази заминларза дар 267-километрии  ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 33- километрии шимолу ғарби маркази ноҳияи Ишкошим дар қаламрави Афғонистон ҷойгир шуда, қувваи зилзила дар маркази он 4  балл ва дар ноҳияи Ишкошим  2-3  баллро ташкил додааст.  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, дар натиҷаи ин офати табиӣ ягон талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ иқтидори заминларзаи ахир дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро тибқи ҷадвали Рихтер, 5,1 балл баровард кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, замин  дар ин ҷо соати 04:23 субҳи 11 октябр дар умқи 107 километр ларзидааст.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла марказҳои зилзиланигорӣ  дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 2 заминларзаи шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёд,  дар як моҳи охир 10 заминларза ва дар як соли охир 192 заминларзаро сабт кардаанд.

Ёдовар мешавем, 10 июли соли 2021 бар асари заминларза дар водии Рашт 5 сокини ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расида, дар ин ноҳия ва ноҳияи Рашт беш аз 200 хона хароб шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button