ВидеоМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

ҚИРҒИЗИСТОН АЗ БАРГУЗОРИИ МАШҚҲОИ ҲАРБИИ ОДКБ ДАСТ КАШИД


Қирғизистон аз баргузории машқҳои ҳарбии созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) дар қаламрави худ даст кашид. Ин машқҳо бояд аз 10 то 14 октябр сурат мегирифтанд. Вазорати мудофиаи Қирғизистон гуфт, тасмими худдорӣ аз баргузории ин машқҳо барвақт гирифта шуда буд. Вале тавре ба назар мерасад, ин тасмим баёнгари ихтилофи назари ҷиддӣ байни Бишкек ва ОДКБ, яке аз созмонҳои минтақавии таҳти нуфузи Маскав аст. Қарори маълум, президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 7 октябр барои табрики 70солагии президенти Русия Владимир Путин ба Санкт Петербург нарафт.

Фармони Путин дар бораи бо ордени “барои хидматҳо ба Ватан”  дараҷаи 3 сарфароз гардондани президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боиси ҷанҷоли нави дипломатӣ байни Душанбе ва Бишкек шуд. Сухангӯи вазорати хориҷаи Қирғизистон Чингиз Кустабаев аз орден додани Русия ба раҳбари Тоҷикистон баъди даргириҳои хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо як лаҳни тунд интиқод кард ва дар пайи ин, вазоратҳои хориҷаи ду кишвар табодули нотаҳои эътирозӣ карданд. Душанбе изҳороти Кустабаевро “паст” ва “дур аз одоби дипломатӣ” номид, Бишкек эътирози Душанберо “ноҷо” номид ва изҳор дошт, ки “Қирғизистон кишвари демократист  ва ҳар шаҳрвандаш ҳаққи баёни ақидаи худро дорад”.

Мақомоти ОДКБ то кунун тасмими Бишкек дар мавриди худдорӣ аз баргузории машқҳои ҳарбии кишварҳои узви ин созмон дар қаламрави Қирғизистонро шарҳ надодаанд.

Вазорати мудофиаи Қирғизистон дар баёнияаш танҳо гуфтааст, ки “дар мавриди лағви машқҳои фармондеҳию ситодии “Нерушимое братство-2022” (“Бародарии шикастнопазир-2022”), ки баргузории он дар моҳи октябри соли 2022 дар қаламрави Қирғизистон ба нақша гирифта шуда буд, тасмим гирифта шуд”. проведение которого было запланировано на территории КР в октябре 2022 года».

Толқунҷон Раимҷонов, сухангӯи вазорати мудофиаи Қирғизистон низ бо тасдиқи ин хабар ба Радио Азаттык  гуфт: “Бале, машқҳо лағв шуданд. Роҳбарони вазорати мудофиа тасмим гирифтанд, ки ин машқҳоро, ки бояд аз 10 то 14 октябр доир мешуданд, баргузор накунад. Дар асл ин қарор имрӯз не, барвақт қабул шуда буд ва мо имрӯз расман эълонаш кардем”.

 ОДКБ, ки соли 1992 таъсис ёфтааст, 6 кишвар: Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро муттаҳид мекунад, вале ҳама медонанд, ки тасмимгирандаи асосӣ дар ин созмони минтақавӣ Маскав аст.

Муовини собиқи вазири мудофиаи Қирғизистон Мурат Бейшенов худдории Бишкек аз баргузории ин машқҳои ҳарбиро тасмими дуруст номида, гуфт, муноқишаи хунини моҳи сентябр дар марзи байни ду кишвари узви ОДКБ: Қирғизистон ва Тоҷикистон ба обрӯи ин соззмон зарбаи сахт зад.

Мурат Бейшенов.

Мурат Бейшенов.

Бейшенов гуфт: “ОДКБ мебоист ба ҳаводиси байни Тоҷикистону Қирғизистон ягон вокуниш мекард. Вале на дабири кулли ОДКБ Станислав Зас, на ягон кишвари узв ягон вокуниш нишон надоданд. Ин аст, ки сарвазири Қирғизистон Засро хеле сард қабул кард. Мо чӣ гуна метавонем машқҳо доир кунем, вақте ки дар Бодканд 63 шаҳрванди мо кушта шуданд? Русия бо Украина меҷангад, Қазоқистон дар чорсӯ мондааст, Арманистон норозист, Қирғизистону Тоҷикистон дар ҳоли муноқиша қарор доранд.  Аз ин рӯ, ОДКБ  ҳоло дар як ҳолати тсугтсванг  қарор гирифтааст (тсугтсванг як ҳолати ночорӣ дар шоҳмоту шашкабозист, ки ҳар гашти бозигар аҳволи ӯро бадтар мекунад)”.

Дар нишасти рӯзи 7 октябри муовинони вазирони хориҷаи ОДКБ дар Ереван  муовини вазири хориҷаи Қирғизистон Нурлан Ниёзалиев ҷониби Тоҷикистонро ба “таҷовузкорӣ” айбдор карда, хостори аз тариқи иваз кардани Ойинномааш  ҳарчӣ зудтар ба кор андохтани механизмҳое шуд, ки аз муноқишаҳои мусаллаҳона байни кишварҳои узви ОДКБ дар оянда пешгирӣ кунад.

Ва аммо муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон Содиқ Имомӣ  дар нишасти Ереван баракс амалҳои Қирғизистонро “таҷовузкорона ва “хилофи алгоритми фаъолияти ОДКБ ва муқаррароти санадҳои оинномавии ин созмон” номид ва гуфт: “Лар ҳоле, ки Тоҷикистон дар муқобили таҳдидҳои ҷиддӣ ба тамоми минтақаи СААД маҷбур аст барои ҳифзи марзҳои ҷанубии минтақаи амнияти дастаҷамъии Осиёи Марказӣ нерӯҳо ва васоити зиёде эъзом кунад, иғвогариҳо дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон қобили қабул нест.”

Вазири хориҷаи Қирғизистон Жээнбек Қулубоев низ рӯзи 3 октябр дар мулоқот  бо дабири кулли ОДКБ Станислав Зас дар Бишкек ба зарурати зудтар ба кор андохтани механизмҳои ОДКБ дар мавриди муноқишаи ахир дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон таъкид карда буд.

Марс Сариев.

Марс Сариев.

Сиёсатшиноси қирғиз Марс Сариев бар ин аст, ки ОДКБ ҳамчун созмони зери назари Русия дар вартаи як буҳрони амиқ қарор гирифтааст:  “ОДКБ кор намекунад, фаъолияташ беасар аст. Метавон гуфт, ин созмон амалан фурӯ пошида истодааст. Русия бо Украина меҷангад, Арманистон бо Озарбойҷон, ду кишвари дигари узви ин созмон – Қирғизистон ва Тоҷикистон – ба зидди якдигар меҷанганд. Ин ба маънои беобрӯ шудани ОДКБ аст. Ҳама хуб медонанд, ки дар паси ОДКБ Кремл истодааст. Ва сабаби ин буҳрон он аст, ки Кремл имкони назоратро аз даст дода истодааст. Кремл ҳоло ба хатоҳои бузург роҳ дода истодааст. Кремл Украинаву Қафқозро бохт ва ҳоло дар садади аз даст додани шарики наздиктаринаш дар Осиёи Марказӣ – Қирғизистон қарор дорад”.

Рӯзи 7 октябр президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ягона президент аз Осиёи Марказӣ буд, ки ба нишасти ғайрирасмии сарони СНГ ба Санкт-Петербург нарафт. Ин нишаст дақиқ дар рӯзи ба синни 70 расидани президенти Русия Владимир Путин доир шуд ва роҳбарони кишварҳои дигар аз он барои табрики Путин истифода карданд. Чизе, ки Кремл чашмдор буд.

Сухангӯи президенти Қирғизистон Эрбол Султонбоев гуфт, ки Ҷабборов ба сабаби масруфияти зиёд дар ҷадвали кориаш ба Петербург нарафт, вале ба назари бисёриҳо, сабаби аслӣ, албатта, на ҷадвали корӣ, балки нороҳатии Ҷабборов аз ҳаводиси ахири атрофи кишвараш ва мавзеъгириҳои Путин ва Кремл дар бобати ин ҳаводис буд.

Муноқишаи рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 бо беш аз 120 куштаю беш аз 400 захмиаш хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад. Қирғизистон аз ҳалокати 63 нафар ва ҷароҳат бардоштани беш аз 200 нафар хабар дод, Тоҷикистон ҳалокати 59 шаҳрвандаш ва ҷароҳат бардоштани 234 нафари дигарро аз тарафи худ тасдиқ кардааст. Ҳарду ҷониб якдигарро дар шурӯи ин муноқиша айбдор мекунанд.  Дар ду соли охири 2021 ва 2022 муноқишаҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон наздики 200 кушта ва беш аз 750 захмӣ ба ҷо гузоштаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button