ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

БЛОГЕРИ ПОМИРӢ КОМЧЕК МИРЗОЕВ БА 10 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Блогер ва ризокори зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Комёр Мирзоев, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо тахаллуси Комчек Мирзоев маъруф буд, алакай як моҳи баъди оварданаш аз Русия бо ҳукми додгоҳе дар Душанбе ба 10 соли зиндон маҳкум шудааст.

Дар ин бора рӯзи 7 октябри соли 2022 Aнора Саркорова, як журналисти муқими Аврупо, ки ҳаводиси Бадахшонро пайгирӣ мекунад, хабар дод.

Бино ба иттилои Саркорова, дар бораи ба 10 соли зиндон маҳкум шудани Комчек Мирзоев  ба хешовандони ин фаъоли 34-сола адвокати ӯ хабар додааст.

 “Мақомоти расмӣ аз ҳар навъ шарҳ саркашӣ мекунанд. Хонаводаи ризокори маҳкумшуда на медонанд, ки мурофиаи  ӯ кай ва дар куҷо доир шудааст ва на медонанд, ки ӯ ба чӣ айблор мешуд?” – менависад Анора Саркорова.

Тасдиқи ин хабар ва дарёфти тафсилоти бештар аз манобеи расмӣ ҳанӯз муясссар нашудааст. Мақомоти Тоҷикистон то кунун расман  дар бораи боздошти Комчек Мирзоев дар Маскав ва оварданаш ба Тоҷикистону айбномаи зидди ӯ ягон шарҳе надодаанд. Вале  манобеи “Бомдод” гуфта буданд, зоҳиран як иттиҳоми асосӣ ба зидди ин блогер пуштибонӣ ва ҳамкориаш бо  “Комиссияи 44” метавонад бошад.

Хабари боздошти Комчек Мирзоевро як моҳ қабл аввалин шуда, пойгоҳи хабарии “Бомдод” нашр кард. Манобеи “Бомдод” гуфта буданд, ки , Комчек Мирзоев шоми  5 сентябри соли 2022 ба хонае, ки Комчек Мирзоев ва чанд зодаи дигари Бадахшон  иҷора менишастанд, кормандони пулиси шаҳри Маскав ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон омада, Комчек Мирзоев ва ду тан аз ҳамхонаҳояшро ба шуъбаи пулис бурдаанд.

Субҳи 6 сентябр пулиси Маскав баъди пурсуҷӯ он ду нафари дигарро, ки муҳоҷири оддӣ буда, ягон фаъолияти сиёсӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам, ба қавле, ягон “нависонавис” надоштаанд, озод кардаанд. Вале Комчек Мирзоев дар боздошт боқӣ монд.

Ба дӯстону наздиконаш, ки баъди шунидани хабари боздошти блогер ба назди шуъбаи пулис омадаанд, кормандони пулис гуфтанд, ки “беҳуда мунтазир нашавед инҷо. Ба ӯ мақомоти Тоҷикистон саволҳои зиёд доранд ва ӯро бо худ ба Тоҷикистон мебаранд”.

Журналистони зодаи Бадахшон  Aнора Саркорова ва Рустами Ҷонӣ баъдан хабар доданд, ки Комчек Мирзоевро алакай рӯзи 7 сентябр ба Тоҷикистон бурдаанд. Бино ба иттилои онҳо, додгоҳи ноҳияи Лефортовои шаҳри Маскав рӯзи 7 сентябр дархости истирдоди ӯро рад кардааст, вале пулиси Маскав ба ҷои озод кардан, ӯро ба мақомоти Тоҷикистон таслим кардааст.

Aнора Саркорова ва Рустами Ҷонӣ навишта буданд, ки дар Тоҷикистон ба зидди Комчек Мирзоев бар асоси қисми дуюми моддаи 187 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда кушода, аз 25 август таҳти ҷустуҷӯ гузошта будаанд. Ин банди қонун барои узвият дар иттиҳод ё ташкилоти ҷиноятӣ ваё гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ ҳамчун ҷазо аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Комчек Мирзоев баъди журналист Далери Имомалӣ инак дуюмин барандии ҷоизаи “Шаҳрванди соли 2021”, ки ба зиндон меафтад. Ин ҷоизаро Анҷумани бонувони журналисти Тоҷикистон бо кумаки молии сафорати Амрико таъсис дода, он ба нафароне супурда мешавад, ки дар давоми сол дар ин ё он арсаи зиндагии кишвар аз худ нақши барҷаста ба ҷой гузоштаанд.

Дар чанд моҳи охир мақомоти Тоҷикистон тавонистанд аз Русия алакай ҳудуди 20 нафар аз фаъолони зодаи Бадахшонро дастгир карда, ба Душанбе баранд.  Аксари онҳо алакай рӯзе баъди дар Русия дастгир шудану “ғайб заданашон” дар Душанбе дар ҳабс “ёфт” мешуданд.

Охирин нафаре, ки қабл аз Комчек Мирзоев моҳи август дар Маскав боздошт шуду бо ҳамин “ғайб зад”, аксбардору блогер ва фаъоли дигари зодаи Бадахшон Мақсуд Ғаёсов буд, ки бо тахаллусҳои Бобинге04 ва Шовайс дар шабакаҳои иҷтимоӣ матлабҳои танзомез нашр мекард.

Ду сол пеш, дар айни авҷи пандемияи коронавирус Комчек Мирзоев, ки  он вақт дар Хоруғ ба  ҳайси ризокор (волонтёр) ба мардум ва табибон кумак мерасонд,  маҳз ҳамроҳ бо Мақсуд Ғаёсов масъалаи вазъи ногувори бемористони Хоруғро, ки барои тамоми беморонаш ҳамагӣ як яхдон дошт, расонаӣ карданд.  Баъди нашри аксҳо аз бемористон, зодагони Бадахшон як маъракаи саросарии ҷамъоварии кумакҳои хайрия барои бемористони Хоруғро ба роҳ андохта буданд.

Комчек Мирзоев дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз камбудиҳои мавҷуда дар Бадахшон интиқод мекард ва моҳи ноябри соли 2021 аз талабҳои эътирозгарони Хоруғ ҳимоят карда буд.

Моҳи апрели соли 2022 саҳифаҳои марбут ба “фабрикаи ҷавоб” аз ҷумла саҳифаи “INFO VMKB” таҳдид карда буданд, ки нисбат ба Комчек Мирзоев барои туҳмат дар ҳаққи кормандони давлатӣ ва раҳбарони вилоят парванда мекушоянд. Худи блогер он вақт дар посух ба суоли пойгоҳи “Бомдод” гуфта буд, ки ин таҳдидҳоро ҷиддӣ намегирад.

Моҳи майи соли 2022 мақомоти Тоҷикистон мавҷи нави эътирозҳо дар Бадахшонро бо истифода аз нирӯҳои вижаи мусаллаҳ саркӯб карданд. Ба ҳисоби Созмони Милал, ҳудуди 40 нафар кушгта шуд. То имрӯз дар бораи боздошти ҳудуди 200 нафар аз зодагони Бадахшон дар робита ба эътирозҳо хабарҳо ба даст расидаанд. Тақрибан 20 нафари онҳоро дар Русия дастгир карда, ба Тоҷикистон оварданд.

Комчек Мирзоев баъди саркӯби эътирозҳои Бадахшон ва боздошти даҳҳо нафар аз лидерҳои ғайрирасмӣ ва фаъолону журналистон ва блогерҳои зодаи ин  минтақа  дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол набуд. Охирин матлабе, ки ӯ дар саҳифааш дар Фейсбук гузоштааст ва он ҳам видеои қироати як шеъри мазҳабӣ, аз аввали моҳи июл аст.

Дӯстонаш мегӯянд, Комчек Мирзоев тақрибан ними ахир дар Маскав ба сар мебурд.

Бино ба иттилои дарёфтии “Бомдод”,  Комчек Мирзоев чанде пеш аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон паёмак (СМС) гирифта буд, ки агар худаш бо ихтиёри худ барои бозпурсӣ ҳозир нашавад, маҷбуран аз Русия оварда хоҳад шуд. Манобеи “Бомдод” мегӯянд, паёмакҳо бо чунин мазмун ба дастикам 5 нафар аз  намояндагони қишри равшанфикри зодагони Бадахшон (блогерҳо, журналистон, ҳунармандон), ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ  фаъолона изҳори назар мекарданд, фиристода шудааст. Аксари онҳо дар Русия қарор доранд.

Ин дар ҳолест, ки  дар робита ба ҳаводиси ахири Бадахшон алакай дастикам 6 журналист ва блогери зодаи Бадахшон ба ҳабс гирифта шудаанд. Инҳо  Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон, Хушом Гулям, Рамзесс Шогунов, Мақсуд Ғаёсов ва инак, Комчек Мирзоев мебошанд. Се нафари аввал инҳоро дар Душанбе ва сеи дигарро дар Русия дастгир карданд. Муҳаммади Султон моҳи сентябр ба 7 соли зиндон маҳкум шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button