ВидеоДин ва боварҳо

ВИДЕО: БА МУЛЛО ҲАЙДАР ДАР МАСҶИДИ КӮЛОБ БО ЭЛЕКТРОШОКЕР ҲАМЛА КАРДААНД

Маҳмудҷон Раҳматзода, Радиои Озодӣ


Мулло Ҳайдар Шарифзода, рӯҳонии шинохта дар минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, як ҷавон ба ӯ бо “электрошокер” ҳамла кард, вале ангезааш маълум нест. Маъмурони милиса ҳодисаро тасдиқ карда, гуфтанд, ки ҳамлагар бемори рӯҳист.

Ҳайдар Шарифзодаи 76-сола имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Кӯлоб аст. Ӯ рӯзи 6-уми октябри соли 2022 ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамла ба ӯ  ҳафтаи гузашта, ҳангоми хондани намози ҷаноза рӯй дод.

“Ҷавон дар паси ман будааст, вале фикр мекунам, танҳо набуд.  Як девонаро пеш дароварданду худашон аз пас истоданд. Вай бо “электрошокер” зад. Ҳамроҳонаш сипас аз дасти ӯ гирифта, ишора карданд, ки бигурезад. Гуфтам, кордораш нашавед, паноҳаш ба Худо,” – нақл кард ӯ.

Дар идораи милисаи Кӯлоб гуфтанд, ҳувият ё шахсияти ҳамлаварро маълум карданд ва ӯ гирифтори бемории равонӣ аст. Аз ин бештар ҷузъиёт надоданд. Маълум нест, қазия бо ҳамин пӯшида шудааст ё таҳқиқ идома хоҳад кард. Дар ҳоле ки Мулло Ҳайдар Шарифзода иддао дорад, ки “ҳамлавар танҳо набуд”.

Мулло Ҳайдар Шарифзода гуфт, пайвандони ҷавон ба назди ӯ ҳам рафта маъзарат хостанд ва чун осеби ҷиддӣ надида буд, “аз гуноҳаш гузашт”. Ҳамзамон бим дорад, ки ҷавон ба дигарон осеб нарасонад.

Ин рӯҳониро дар минтақаи Кӯлоб бо мавъизаҳои баҳсбарангезаш мешиносанд. Худаш мегӯяд, ҳадафаш танҳо тарбияи ҷомеа аст, на чизи дигар.

“Ман ба касе кор надорам. Мардумро насиҳат мекунаму роҳи ростро нишон медиҳам, бас. Ба ягон кас душманӣ надорам. Ҳаққи касеро нахӯрдаам, касеро дашном надодаам. Дар ин ҳодиса чизеро намефаҳмам,” – гуфт Мулло Ҳайдар рӯзи 6-уми октябр.

Мулло Ҳайдар Шарифзода дар солҳои 90-ум узви Шӯрои олии Тоҷикистон буд ва дар гирудорҳои дохилӣ низ ширкати фаъол дошту аз тарафдорони ҳукумати феълӣ ба шумор мерафт.

Солҳои охир агарчӣ аз сиёсат канор рафтааст, номаш чанд дафъа дар пайванд ба баёнияҳояш дар бораи иштироки ҷавонон дар ҷангҳои Ироқу Сурия, ташкили китобхонаву кам кардани масҷидҳо ва озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон ва сӯхтори хонааш дар сархати расонаҳо қарор гирифт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button