ВидеоҲуқуқи инсонҶомеа

ҚАТЛИ ЗАНЕ, КИ 13 СОЛ БОЗ БО МАҚОМОТ БАРОИ ЁФТАНИ ҚОТИЛОНИ ПИСАРАШ ДАЪВО ДОШТ

Саодат Қулиева, сокини шаҳри Душанбе ва модаре, ки барои ёфтану ба ҷавобгарӣ кашондани қотилони писараш табиби саратоншинос Хуршед Бобокалонов  бо мақомот 13 сол боз даъво дошт ва бо талаби адолат ҳатто ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ нома навишта буд , ҳафтаи гузашта аз сӯи афроди ношинос дар хонааш ба қатл расонда шудааст. Хабари кушта шудани ин зан аз ҷониби Раёсати ВКД дар Душанбе низ ба хабаргузории “Азия-Плюс” тасдиқ кардааанд..

Ҳоло тафсилоти куштори Саодат Кулиева маълум нест ва милитсияи пойтахт низ аз ироаи маълумоти бештар худдорӣ мекунад. Вале Аsia Рlus бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки ҷасади Саодат Қулиеваро бо захмҳои зиёди корд ва аломатҳои буғикунӣ пайдо кардаанд.

Номи Саодат Кулиева замоне расонаӣ гардид, ки писараш Хуршед Бобокалонов, мудири қабулгоҳи Маркази бемориҳои саратон аз сӯи кормандони милитсия дар маркази Душанбе боздошт гардида, дар роҳ ба сӯи шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷон бохт.

Ин ҳодиса 27 июни соли 2009 ба вуқӯъ пайваст, вале бо гузашти бештар аз 13 сол омилони марги Хуршед Бобокалонов ошкор ва касе барои марги ӯ ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.

Саодат Кулиева пас аз марги писараш ба додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Душанбе шикоят бурд ва дар робита ба  марги писари ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Баъдан борҳо ин парванда пӯшида ва дигарбора боз мегардид. Модари Хуршед Бобокалонов даъво дошт, ки ҳангоми иҷрои маросими шустушӯи ҷасад хешовандон дар бадани писараш осори захмҳои ҷисмониро пайдо кардаанд.

Мақомот мегуфтанд, Хуршед Бобокалонов ба иллати бемории қалб ва баста шудани роҳҳои нафасаш ҷон додааст ва гӯё маст ҳам буд. Пайвандонаш ин фарзияи мақомотро рад  мекарданд ва исрор меварзиданд, ки ӯ дар натиҷаи латтукӯб кушта шудааст.

Парвандаи марбут ба марги Хуршед Бобокалонов аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон чандин баставу пӯшида гардид ва Саодат Қулиева ба пайдо кардани адолат дар кишвар ноумед шуда, пас аз ноком мондани муроҷиатҳои пай дар паяш дар соли 2015 ба Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид  нома навишт ва дар номааш аз ҷумла навишта  буд,  ки “либоси писарам дар хун олуда буд, дар баданаш захмҳои зиёде ба назар мерасид, биниаш кӯфта шуда, аз захми пушти сар ва манаҳаш хун мерехт…”

Дархости ӯ аз ҷониби СММ қонеъ гардид ва дар ин бора Комиссия оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври хаттӣ Саодат Кулиеваро хабардор ҳам кард. Аммо додгоҳи ноҳияи И.Сомонӣ 8-уми июни соли 2022 бори дигар даъвои Саодат Қулиеваро нисбат ба вазорати корҳои дохилӣ ва додситонии кулли Тоҷикистон рад кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button