ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАБСИ СОКИНИ ПОЙТАХТ БАРОИ ТАҶЛИЛИ ЗОДРӮЗИ ҲАМСАРАШ БО САЛЮТ (3 АКС)

Маркази матбуоти РВКД Душанбе  рӯзи 6 октябри соли 2022 хабар дод, ки дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе 3-нафар ҷавонон барои даст доштан дар истифодаи оташфаввора (салют), ки садои баланду гушхароши он боиси халалдор гардидани оромии шаҳрвандон гардидааст, дастгир карда шуданд.
 Гуфта мешавад, зимни санҷиш муайян гардид, ки шаҳрванд Бобоев Алишер Шокирович, санаи таваллудаш 12.11.1993, истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, кӯчаи Б.Ғафуров, санаи 27-уми сентябри соли ҷорӣ бо мақсади таҷлили зодрӯзи ҳамсараш дар саҳни бинои истиқоматии кӯчаи Б.Ғафуров 33/1-и ноҳияи Сино як адад оташфаввораи пуриқтидорро ба кор андохтааст. Дар натиҷаи оташафрӯзӣ маводи пиротехникиии оташфаввора (салют) 2 маротиба таркидааст, ки дар вақти шабона шаҳрвандонро ба таҳлука оварда, оромии ҷамъиятӣ ва тартиботи сокинони минтақаро халалдор намудааст.


Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Алишер Бобоев тибқи талаботи моддаи 237, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун барои вайрқон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 500 то 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 64 сомонӣ, ё 6 доллар) ваё то 2 соли зиндон таҳдид мекунад.
  Ҳамзамон, ду нафар рафиқони ӯ шаҳрвандон, Саидов Шарофиддин Абдулҳамидович, санаи таваллудаш 21.01.1990, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат ва Диловари Саид санаи таваллудаш 06.02.1991, истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсӣ маҳаллаи Гулбутта, ки барои дастраснамоии маводи пиратехникӣ ба ӯ кумак расонидаанд, дастгир карда шуданд.


  Нисбати номбурдагон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори додгоҳ нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ татбиқ карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button