ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ ТЕЛЕФОНИ МОБИЛ ДАР МАРКАЗИ САВДОИ “СИЁМА-МОЛЛ”

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 6 октябри соли 2022 аз боздошти як сокини ноҳияи Рашт бо иттиҳоми дуздии телефон дар пойтахт хабар дод.

Бино ба иттилои мақомот, ба ШВКД-1 ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 28-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 12:20, ҳангоми дар дохили Маркази савдои «Сиёма-Молл» қарор доштанаш, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи «Рэдми Нот-10»-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 4 ҳазору 445 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Рашт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ба ҷавони боздоштшуда бар асоси моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои дуздӣ  аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button