ВидеоҶомеа

АЗ НОМИ ВКД ХАЛҚРО ҒАМ МЕДОД… БОЗДОШТИ МИЛИСАИ ҚАЛБАКӢ “САБЗОВ ДАЛЕР” (ВИДЕО)

Кормандони раёсати амнияти дохили ВКД Тоҷикистон як сокини ноҳияи Мӯъминободро барои қаллобӣ бо сӯиистифода аз номи мақомоти милитсия дастгир кардаанд.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон шоми 5 октябри соли 2022 дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” хабар дод, ки  Боронов Худойдод Зуробович,  соли таваллудаш 1993, сокини ҷамоати Чилдухтарони ноҳияи Мӯъминобод ба тан либоси униформаи корманди милитсияро пӯшида, бо роҳи сохтакорӣ барои худ шаҳодатномаи хидматии корманди ВКД ба номи лейтенанти калон Сабзов Далер Амировичро тайёр карда, худро ба корафтодагон корманди ВКД муаррифӣ мекард ва аз онҳо дар ивази ваъдаи “буд кардани корашон” пул меситонд. 

Дар гузориш гуфта мешавад, ки қаллобиҳои ин нафар  бо сӯиистифода аз номи ВКД дар пайи шикоятҳои пайдарпайи шаҳрвандон, ба хусус ронандагони мошинҳои кирокаш (такси) ба мақомоти милитсия ошкор шудааст. Ин ронандагон гуфтаанд, ки ин нафар худро корманди милитсия вонамуд карда, ,  бо роҳи таҳдид аз онҳо “ҳақ” тамаъ мекард.

Аз ҷумла ӯ бо сӯиистифода аз боварӣ бо роҳи фиреб аз як шаҳрванд барои бо ҷои кор дар мақомоти ВКД таъмин кардани ӯ 10 ҳазор сомонӣ (тақрибан 1000 доллар) пул гирифтааст.

ВКД гуфт, ин нафар дар асл ягон рабте ба  ин вазорат ва сохторҳои милитсия надошт ва аз номи милитсия сӯиистифода карда, мардумро ба истилоғ “ғам” медоду “ҳақ” мебаст.

Кормандони ВКД тавассути баргузории як силсила чорабиниҳои санҷишию тафтишотӣ бо либоси корманди милитсия мардумро “ғам” додани “лейтенанати калон Далер Сабзов”, дар асл Худойдод Бороновро исбот карда, ӯро бо далелҳои шайъӣ дастгир кардаанд. Ҳангоми боздошт аз Боронов се шаҳодатномаи хидматӣ, ки бо роҳи сохтакорӣ тайёр карда шуда, дар ҳарсеяш Борон аксҳои худро часпонда буд, ёфт ва мусодира шуд.

Яке аз ин шаҳодатномаҳо ба номи “лейтенанти калон Сабзов Далер Амирович” буд, ки гӯё аз номи “сардори МВД Ҳабибзода Б.” дода шудааст. Ҷолиб он аст, ки дар ин санад номи вазорати дохила ба забони русӣ “МВД” навишта шудааст.

Ду санади  дигар бо роҳи сохтакорӣ аз номи мақомоти ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе тайёр карда шуда, яке №4 ва дуюмӣ №5 рақамгузорӣ шуда буд, вале ҳарчанд ки дар ҳарду  аксҳои Худойдод Боронов часпонда шудаанд,  як ҳуҷҷат ба номи Ҷобиров Далер Амирович ва дуюмӣ ба номи  Сабзов Далер Амирович пур карда шудааст.  Вале дар ҳарду ҳуҷҷат ӯ ҳамчун “сармуҳосиби НМ “ИФҲМ” №5-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе” муаррифӣ шудааст.  Маълум нест, ки  НМ “ИФҲМ” №5 чӣ идора асту номаш ба забони тоҷикӣ чӣ гуна “тарҷума” мешавад?

ВКД гуфт, ин бори аввал нест, ки Боронов Худойдод барои чунин кирдораш дастгир мешавад. Дафъаи аввал ба ӯ муҳлат додаанд, ки зарари ба шаҳрвандон расондаашро ҷуброн кунад, вале Боронов аз тафтишот пинҳон шуда, ба амалҳои мардумфиребонааш давом додааст.

ВКД дар гузоришаш наворҳоеро ҳам нашр кард, ки чӣ гуна Боронов Худойдод либоси униформа дар тан дар сари чанбари фармони мошин нишаста, дар ҳавои кадом мусиқие китф ҷунбонда, мерақсад. Зоҳиран чанд соли наздик ӯ дар кунҷи зиндон хоҳад рақсид. Албатта, агар Боронов мисли он дафъаи аввал боз ягон ҳомии бақуввате наёбаду аз ин об ҳам хушк набарояд…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button