ВидеоНомаҳо ба президентТаърихТоҷикистонЧеҳраҳо

ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА СИННИ 70 РАСИД. ЧЕҲРАНИГОРИЕ АЗ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 октябри соли 2022 ба синни 70 расид. 30  сол пеш, вақте ки ӯ бори аввал ба мақоми раҳбари аввали Тоҷикистон расид, ҳамагӣ 40 сол дошт. Тарафдоронаш хатми ҷанги хунини бародаркуш дар солҳои 90 ва эҳёи давлатдории нави тоҷиконро ба номи Эмомалӣ Раҳмон пайванд медиҳанд ва бар инанд, ки  Тоҷикистон дар даврони раҳбарии ӯ гулгул шукуфт. Мухолифонаш баракс Эмомалӣ Раҳмонро барои шахспарастӣ, сохтани як низоми худкома ва чашм пӯшидан ба коррупсияи саросарӣ, ки дар натиҷаи он аксари мансабҳои “равғанин” ва тиҷоратҳои пурфоида дар Тоҷикистон ба дасти хешовандони наздики худи президент ва атрофиёнаш афтодааст, танқиду мазаммат мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон (то соли 2007 Раҳмонов) 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи он вақт вилояти Кӯлоб дар ҷануби Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ дар оила фарзанди сеюм буд. Баъди хатми мактаби миёна Эмомалӣ Раҳмон собиқаи кориашро ҳамчун устои барқ дар корхонаи равғани шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) оғоз карда, аз соли 1971 то 1974 се сол дар флоти уқёнуси Ороми Артиши Шӯравӣ хидмати ҳарбиро адо кард. Баъди хидмати артиш Эмомалӣ Раҳмон боз  ба корхонаи равғани Қӯрғонтеппа баргашт ва як муддат ҳамчун фурӯшанда ҳам кор кард. Соли 1977 раҳбари ояндаи Тоҷикистон, ки алакай 25 сол дошт ва оиладор шуда буд, ба риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд. Баъди хатми донишгоҳ ӯ дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кард ва соли 1988 ба мақоми раиси ин совхоз расид. 

Дар нахустин интихоботи алтернативии парлумони Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли 1990 доир шуд, Эмомалӣ Раҳмон прокурори ноҳияи Данғараро шикаст дода, аз ин ноҳия  вакили Шӯрои олӣ, парлумони вақти Тоҷикистон интихоб шуд.

В аммо парвози фавқулодда бесобиқаи ӯ ба сӯи қуллаҳои мансаб моҳи ноябри соли 1992 дар байни ҳамагӣ 2 ҳафта рух дод. Рӯзи 2 ноябри соли 1992, дар пайи кушта шудани раиси қаблии вилояти Кӯлоб Ҷиёнхон Ризоев аз сӯи ҷангиёни Фронти халқӣ Эмомалӣ Раҳмон раиси ин вилояти зери назорати ин ҷониби ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон интихоб гардида, алакай баъди ду ҳафта – рӯзи 16 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар қасри Арбоби ноҳияи Хуҷанд раиси Шӯрои олӣ ва амалан раҳбари аввали Тоҷикистон интихоб шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар поёни соли 1992 дар шароите ба сари қудрат омад, ки Тоҷикистон дар байни 15 моҳ 6 маротиба (Қаҳҳор Маҳкамов – Қадриддин Аслонов – Раҳмон Набиев – Акбаршо Искандаров – Раҳмон Набиев – Акбаршо Искандаров) раҳбари аввалашро иваз кард ва ба домани ҷанги хунини шаҳрвандӣ фурӯ рафт. То иҷлосияи 16-ум нирӯҳои Фронти халқӣ бо кӯмаки спетсназ ва нирӯҳои дивизияи 201уми артиши Русия алакай вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва қисмати ғарбии водии Ҳисорро таҳти назорат оварда, пойтахт, шаҳри Душанберо аз самти ҷануб ва ғарб дар муҳосираи иқтисодӣ ва низомӣ қарор дода буданд.

Андрей Козирев, вазири вақти хориҷаи Русия нақл карда буд, ки Эмомалӣ Раҳмон як моҳ пеш аз иҷлосияи Қасри Арбоб ба намояндагӣ аз вилояти Кӯлоб дар як нишасти сарони кишварҳои СНГ дар Бишкек иштирок ва суханронӣ кард ва ҳамон вақт нутқи буррои ин раиси совхоз аз ноҳияи Данғара раҳбарони кишварҳои асосии тасмимгир – Русия ва Ӯзбекистонро моил кард, то ки рӯи Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раҳбари ояндаи Тоҷикистон ҳисоб кунанд.

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон соли 1994 бо пирӯзӣ бар сарвазири собиқ Абдумалик Абдуллоҷонов ба мақоми президентӣ расид ва соли 1999 дар интихоботи дувуми президентӣ замони раёсаташро боз барои 7 соли дигар тамдид кард.

Дар соли 2003 ба Қонуни асосии Тоҷикистон тағйироте ворид шуд, ки ба Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, то боз дар ду интихоботи дигар номзадиашро бигузорад. Ӯ ҳамин тавр, дар интихоботҳои солҳои 2006 ва 2013 баранда шуд ва раёсаташро то соли 2020 тамдид кард. 

Соли 2016 ба Қонуни асосии Тоҷикистон тағйироти наве ворид карданд, ки ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат ҳаққи пешбарии бидуни маҳдудияти номзадиаш ба президентиро медиҳад. Ӯ соли 2020 бори дигар номзадиашро ба президентӣ гузошт ва бо пирӯзии хеле осон дар як интихоботи амалан бидуни ягон рақиби ҷиддӣ замони раёсаташро то соли 2027 тамдид кард.

 Бар асоси қонуне, ки ба Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидои соли 2016 мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дод, ӯ ҳатто дар сурати рафтан аз мақоми президентӣ ҳарфи аввал дар таъйини сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистонро пеши худ ҳифз мекунад.

Баҳогузориҳо ба 30 соли раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бар Тоҷикистон аз ҷониби тарафдорон ва мухолифони ӯ комилан фарқ мекунад.

Ба ақидаи тарафдоронаш, Эмомалӣ Раҳмон дар як даврони мушкиле, ки касе ҷуръати ба даст гирифтани раҳбарии Тоҷикистонро намекард, ин масъулиятро ба дӯш гирифт ва асосҳои давлатдории навини тоҷиконро гузошт. Тарафдоронаш хатми ҷанги хунин ва сулҳи соли 1997-ро ба номи Эмомалӣ Раҳмон рақам мезананд ва мӯътақиданд, ки Тоҷикистон дар даврони раҳбарии ӯ ба дастовардҳои бузурге ноил шудааст.Ба кор даромадани ду чархаи нирӯгоҳи Роғун, ба ҷои марзбонони рус дар марз бо Афғонистон мустақар кардани марзбонҳои тоҷик, тақсими 75 ҳазор гектар замин ба аҳолӣ дар даврони гуруснагии солҳои ҷанг ва имзои созишномаи сулҳ бо мухолифинро аз муҳимтарин дастовардҳои даврони раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ном мебаранд.

Мухолифони Эмомалӣ Раҳмон баракс мегӯянд, ки 30 соли раёсати ӯ зиёд ҷои таъриф надорад ва президенти кунунӣ дар Тоҷикистон як низоми худкомаи  олуда ба коррупсия ва мабнӣ бар парастиши шахси худро сохтааст. Ӯро ба таъқиби озодиҳои сиёсӣ ва динии мардум, то ҳол дар панҷаи фақр қарор доштани сеяки сокинони кишвару дар 30 соли раҳбариаш ҳал карда натавонистани мушкили лимити барқ ва бекории саросарӣ айбдор мекунанд ва мегӯянд, маҳз нокомиҳои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон сабаб шудааст, ки ҳар сол 1 миллион  нафар, ё тақрибан нисфи  аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба хориҷ ва асосан ба Русия ба мардикорӣ меравад.

Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамсараш Азизамоҳ Раҳмонова 7 духтар ва ду писар доранд ва як мояи дигари интиқодҳо ба хешутабори сершумори президент расидани мансабҳои калидӣ ва тиҷоратҳои пурфоида дар Тоҷикистон аст. Духтари ӯ Озода Раҳмон раиси дастгоҳи президент ва писараш Рустами Эмомалӣ шаҳрдори пойтахт, шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумон ва тибқи Қонуни асосӣ, роҳбари дуюми ҷумҳурӣ аст ва бовар меравад, ки агар Эмомалӣ Раҳмон ягон вақт аз мақом биравад, ба ҷои ӯ яке аз фарзандонаш ва ғолибан Рустами Эмомалӣ ба ҷои ӯ хоҳад омад. Вале ин нақша инак чанд дафъа боз ба далелҳои мухталиф ба ақиб гузошта мешавад ва дар интихоботи президентии соли 2020  низ Эмомалӣ Раҳмон дигарбора номзадии худашро гузошт, на писараш Рустами Эмомалиро, ки бисёриҳо интизор доштанд.

Аммо ҳам тарафдорон ва ҳам мухолифони президент чанд намунаи барҷастаи ҷавонмардии ӯро эътироф мекунанд. Дар солҳои 90, вақте дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, Эмомалӣ Раҳмон ба далели эҳтироми шахсие ки ба Аслиддин Соҳибназаров дошт, ин намояндаи аршади мухолифинро муовини вазири андоз монда буд. Соли 2013 ӯ шоири маъруф Бозор Собирро, ки низ аз мунтақидони тундгӯи давлаташ буд, ба Душанбе овард ва дар Қасри Миллат бо арҷу иззати тамом меҳмонаш кард. Бозор Собир баъди чунин арҷгузорӣ ҳамду саногӯи президент шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳоло аз Қасри Миллат бар Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад. Аз ҷое ки ҳамагӣ 20 сол пеш ҳанӯз қароргоҳи нирӯҳои асосии пойгоҳи ҳарбии Русия буд ва касе ҳатто ҳадс  ҳам зада наметавонист, ки замоне аскарони русро аз ин маркази шаҳр ба як канори он мекӯчонанд ва дар макони пойгоҳи Русия барои президенти Тоҷикистон қаср месозанд.

Бо ҳар вуҷуд, аз ин ҳақиқат касе наметавонад чашм бипӯшад, ки бо ҳама бурду бохташ 30 сол аз 31 соли истиқлоли Тоҷикистон дар таърихи навини ин кишвар ба номи Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз ба синни 70 расид, нақш бастааст.

Зодрӯз муборак, ҷаноби президент!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button