ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ХУДРО ЭҲТИЁТ КУНЕД! ЗИНДА БАРГАРДЕД! ГУСЕЛИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК БА ҶАНГИ УКРАИНА (ВИДЕО)

Чанд рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеоҳои наве пайдо шуданд, ки дар онҳо лаҳзаҳои ба артиши Русия ва зоҳиран ба ҷанги зидди Украина гусел кардани  боз чанд тани дигар аз зодагони Тоҷикистон сабт шудааст. Ин зодагони Тоҷикистонро, ки  гумон меравад, шаҳрванди Русия шуда буданд, баъди эълони басиҷсозӣ (мобилизатся) ба хидмат даъват кардаанд.

Дар видеоҳо дида мешавад, ки ин мардонро заноне, ки ба забони тоҷикӣ суҳбат мекунанд, гусел карда истодаанд. Ин занон аз ин наздикони ба хидмати ҳарбӣ даъватшудаи худ хоҳиш мекунанд, ки худро эҳтиёт кунанд ва зиндаву саломат баргарданд. Тарси ин занон аз он аст, ки азизони онҳоро метавонанд ба ҷанги зидди Украина бифиристанд.

Дар яке аз сабтҳо заноне дида мешаванд, ки ба  тоҷикӣ ҳарф мезананд. Онҳо дар байни қатори тӯлонии мардҳое, ки ҳар кадом халтаву борхалта дар даст аз назди нуқтаи сафарбаркунӣ мегузаранд, ду шиноси худро дида, бо онҳо хайрухуш мекунанд. Сипас онҳо аз байни издиҳоме, ки мегузарад, шиноси дигари худ бо номи Абдуро меҷӯянд. Вале то поёни сабт Абду дар байни он мардони даъватшуда пайдо нашуд.

https://youtube.com/shorts/IFrpbG8RLqc

Дар видеои дигар издиҳоми занон дар назди як автобус дида мешаванл, ки гирёну нолон азизони худро ба хидмати ҳарбӣ гусел мекунанд. Яке аз даъватшудагон Ҳабибҷон ном доштаст ва чанд зан бо забони тоҷикӣ бо Ҳабибҷон худоҳофизӣ мекунанд ва аз ӯ хоҳиш мекунанд, ки худро эҳтиёт кунад.

Кай ва дар куҷо сабт шудани ин ду видео маълум нест, вале ин сабтҳо инак чанд рӯз боз дар Интернет сайругашт доранд.

Эълони басиҷсозӣ ё мобилизатсия боиси шуд, ки садҳо ҳазор шаҳрванди Русия (ба ҳисоби маҷаллаи “Форбс”, алакай  дастикам 700 ҳазор нафар)  тарки Русия кардаанд. Ин кишварро ҳамин тавр, ҳазорон нафар аз зодагони Тоҷикистон, ки шаҳрванди Русияро ба даст оварда буданд ё душаҳрвандӣ доранду акнун онҳоро метавонистанд ба ҷанги Украина баранд, тарк карданд.

Ахиран сафорати Тоҷикистон дар Русия  аз муҳоҷирони тоҷик даъват кард, ки  ба маълумотҳои бардурӯғ ва беасос вобаста ба даъвати шаҳрвандони хориҷӣ ба хизмати ҳарбӣ дар Федератсияи Россия, аз ҷумла, муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои иғвоангез дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мегарданд, дода нашаванд ва танҳо ба маълумоти расмӣ таваҷҷуҳ намоянд.

Вале дар ин даъват дар бораи он зодагони Тоҷикистон, ки  шаҳрванди Русия ё соҳиби душаҳрвандианду метавонанд ба хидмат даъват шаванд, чизе гуфта нашудааст.

Пойгоҳи хабарии “Бомдод” қаблан дар бораи як зани тоҷик хабар дода буд, ки видеои кӯтоҳи лаҳзаи гусели падари фарзандонаш ба саффи артиши Русияро нашр кардааст.

Ин зан дар шарҳи видеояш навишта буд, ки “шери манро ба артиш бурданд, барояш дуо кунем, мо бо падари фарзандон худоҳофизӣ мекунем”.

Дар сабт дида мешуд, ки як ҷавони тоҷики хушсурат ҳамроҳи даъватшудаҳои дигар дар дохили автобус нишастааст ва ҳамсараш, ки чеҳрааш наменамояд, дар берун истодааст ва аз паси шишаи тирезаи автобус бо ӯ худоҳофизӣ мекунад.

Зан ин ҷавонро Саидҷон ном мебарад ва ба сӯяш аз берун чунин хитоб мекунад: “Саидҷон! Худо бигӯ! Такя ба Худо бикун! Худо нигаҳбонат бошад! Худованд худаш раҳм кунад!”

Дар видео дида мешавад, ки Саидҷон аз даруни автобус мехоҳад худро  дар чашми наздиконаш шоду ба зоҳир бепарво нишон бидиҳад ва ханда дар лаб бо онҳо худоҳофизӣ мекунаду ҳангоми дуогӯии ҳамсараш даст ба рӯ мекашад ва бо ангуштонаш рамзи дилро кашида, ба ҳамсараш нишон медиҳад. Дар анҷоми видео ӯ аз ҳамсараш мехоҳад ки камераи телефонашро пеш биорад, то ӯ бо фарзандонашон бори дигар худоҳофизӣ кунад…

Ин видео, ба гуфтаи муаллифаш, дар Красноярски Русия сабт шудааст.

Артиши Русия 24 феврали соли 2022 ба Украина ҳамла кард. Вале пирӯзии хеле зуд, ки Маскав интизор дошт, сурат нагирифт ва ҳафтаҳои охир нирӯҳои Русия ҳатто маҷбур шуданд, ки аз чандин шаҳри қаблан ишғолкардаашон дар Украина ҳатто ақибнишинӣ кунанд.

Рӯзи 21 августи соли 2022 президенти Русия Владимир Путин дар пайи шикастҳои паёпайи артиши ин кишвар дар ҷанги Украина фармони мобилизатсия ё басиҷсозӣ ба артишро имзо кард, ки бар асоси он, шаҳрвандони Русияро метавонанд аз ҳисоби ниӯҳои захиравӣ ба ҷанг баранд.

Танҳо дар як соли гузашта беш аз 100 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон ва дар солҳои охир дар умум ҳудуди як миллион нафар аз тоҷикистониҳо шаҳрванди Русия шудаанд.

Ҳоло даҳҳо ҳазор нафари онҳо ба хатари даъват ба саффи артиши Русия ва фиристодан ба ҷанги Украина дучор шудаанд.

Муҳоҷирони тоҷики муқими Русия, ки шаҳрвандии он кишварро доранд, бисёриашон аз тарс ин шабу рӯз аз хона хеле кам берун мебароянд ва ҳатто ба кор намераванд, чунки метарсанд, ки   мабодо онҳоро “облава”  карда, ба ҷанги Украина баранд.

Ҳамин тавр, дар рӯзҳои ахир садҳо ҳазор нафар аз сокинони бумии худи Русия низ ба хотири наафтодан ба “облава” тарки ин кишвар кардаанд. Чунин фирори оммавӣ боиси он шудааст, ки қимати чиптаҳои парвоз аз Русия то даҳҳо маротиба боло биравад.

Бисёриҳо ҷанги Русия бо Украинаро як ҷанги бемаънии бародаркуш мешуморанд ва кушта шудан ё куштани касеро дар ин ҷанги бемаънӣ  барҳадар мешуморанд.

То имрӯз дар бораи ҳалокати беш аз 20 тан аз зодагони Тоҷикистон дар ҷанги Украина хабарҳо ба даст расидаанд. Аксари онҳо шаҳрванди Русия буданд ва аз тарафи ин кишвар меҷангиданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button