ВидеоНомаҳо ба президентЧеҳраҳо

БЕ ДАБДАБА. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН 70-СОЛАГИАШРО ДАР ҲАЛҚАИ ОИЛА БО ФАРЗАНДОНУ НАБЕРАҲОЯШ ҶАШН МЕГИРАД

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон рӯзи 5 октябри соли 2022 ба хабарнигорон гуфт, ки президент Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 5 октябр ба синни 70 расид, зодрӯзашро дар иҳотаи фарзандону пайвандонаш ҷашн мегирад.  Ӯ гуфт,  5 октябр барои Эмомалӣ Раҳмон як рӯзи кории муқаррарӣ аст ва дар кишвар баргузории кадом чорабинии расмие ба муносибати 70-солагии президент ба нақша гирифта нашудааст.

 “Барои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 5 октябр як рӯзи муқаррарии корӣ аст. Зодрӯзашонро Ҷаноби Олӣ пас аз соати корӣ дар оила дар иҳотаи фарзандону пайвандонашон ҷашн мегиранд”, – гуфтааст Абдуфаттоҳ Шарифзода.

Тибқи моддаи 8-уми қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим, ки соли 2007 бо ташаббуси худи Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва қабул шуда, соли 2017 талаботи ин қонун боз ҳам шадид карда шуд,  дар Тоҷикистон “ҷашни зодрӯз ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронида мешавад”.  Ба ин тартиб, ҳатто дӯстону ҳамкоронаш ваё санъаткоронро ба ҷашни зодрӯзи худ даъват кунад.

Моддаи 481-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи қонуни танзим, аз ҷумла дар бобати чӣ гуна ҷашн гирифтани зодрӯз,  ҳамчун ҷазо барои шаҳрвандони оддӣ ҷарима ба андозаи 110 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, барои шахсони мансабдор ба андозаи 550, барои соҳибкорон, ходимон ва уламои дин ба андозаи 750  ва барои шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи 800 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро пешбинӣ кардааст. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 64 сомонӣ, ё тақрибан 6 долларро ташкил медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, соли 1982 риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ аз соли 1992, инак 30 сол боз раҳбарии Тоҷикистонро дар даст дорад.

Эмомалӣ Раҳмон 9 фарзанд: 7 духтар ва 2 писар  ва даҳҳо набераю абера дорад. Чандин сол боз дар доираҳои ҳокими Тоҷикистон нақшаи аз ӯ ба писари калониаш Рустами Эмомалӣ супурдани курсии президентӣ матраҳ аст, вале иҷрои ин нақша инак чандин бор боз ба далелҳои мухталиф ба ақиб андохта мешавад.

Бархе манобеъ мегӯянд, эҳтимол дорад, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми таҷлили ҷашни 70-солагиаш аввал дар байни аҳли оилаи худаш ва моҳи ноябр, ҳангоми таҷлили 30-солагии раёсаташ тасмими ба писараш Рустами Эмомалӣ вогузор кардани курсии президентиашро барои ҳамагон эълон кунад. Албатта, агар мухолифони ин нақша мисли солҳои гузашта боз ягон ҳолати фавқулоддаро баҳона накунанд ва Эмомалӣ Раҳмонро дигарбора ба мондани худаш дар ин мансаб мутақоид насозанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button