ВидеоМуҳоҷиронЧеҳраҳоҶомеа

САД ОФАРИНАТ, АЙ МАРДИ ХУДО! РАҲИМИ ҒАРМӢ 3 МИЛЛИОН РУБЛ ХАРҶИ ҶАРРОҲИИ ТИФЛИ БЕМОРИ ТОҶИКРО БА ДӮШ ГИРИФТ (ВИДЕО)

Пойгоҳи хабарии “Бомдод” рӯзи 1 октябри соли 2022 бо хоҳиши Сарвиноз Сафарова аз созмони хайрияи “Баҳори кӯдакон” муроҷиати видеоии Ҳоҷимоҳ  Маҳмадова, модари Билолҷон, як тифли нӯҳсолаи  беморро нашр кард. Билолҷон аз варами саратони мағзи сар ранҷ мебарад ва  ба ҷарроҳӣ ниёз дорад. Вале дар бемористони Маскав ба далели он ки Билолҷон ва волидони ӯ шаҳрвандони Русия нестанд, барои ҷарроҳии ӯ 3 миллион рубл пурсидаанд.

Модари Билолҷон дар муроҷиаташ аз ҳамаи ҳамватанон ва ба вижа аз Абдураҳим Бобоҷонов, соҳибкори шинохтаи тоҷик, ки бо тахаллуси Раҳими Ғармӣ ном баровардааст, хост, то барои наҷоти ҷони фарзанди ӯ дасти ёрии худро дареғ надоранд.

Ва алакай рӯзи 3 октябр, тавре Ҳоҷимоҳ Маҳмадова дар видеои наваш бо чашмони пур аз ашки шодӣ нақл мекунад, Муҳаммадҷон ва Музаффарҷон, ду нафар ба намояндагӣ аз Раҳими Ғармӣ ба суроғи ӯ ба бемористони Маскав омада, бо табибони Билолҷон ҳам суҳбат кардаанд ва 500 ҳазор рублро ба хазинаи бемористон дар ҷояш пардохт карда, гуфтаанд, ки Раҳим тамоми 3 миллион рубл хароҷоти ҷарроҳии Билолҷонро худашро ба уҳдаи худ мегирад. Раҳими Ғармӣ ба модари Билолҷон ҳамчунин гуфтааст, тамоми хароҷоти дигари онҳоро барои он 6 моҳе, ки бояд то поёни табобати Билолҷон дар Маскав бимонанд,  низ ба дӯши худ мегирад.

Ҳоҷимоҳ Маҳмадова дар муроҷиати наваш ба якояки ҳамватаноне, ки даъвати ӯро лабайк гуфт ва ҳар касе ба ҳадди имкон кумакаш кард, изҳори сипос кард.

Ӯ сипас рӯ ба Раҳими Ғармӣ овард ва дар ҳоле ки ашк гулӯгираш мекард ва аз ғояти шодӣ ва шиддати бори ғаме, ки ин қадар вақт болои шонаҳои нозуки занонааш уфтода буд, гоҳ мегиристу гоҳ шодӣ мекард, ба ин марди саховатманд изҳори сипос кард.

Ҳоҷимоҳ Маҳмадова мегӯяд: “Имрӯз муъҷизае шуд, ки забонам аз гуфтанаш лол мемонад, ҳар боре ба ёдам биорам, дилам ба ларза медарояд. Баъди суҳбат бо одамони Раҳим табибон писари маро ба ҳуҷраи табобат оварданд ва баъди як  ё ду рӯз табобати фарзанди ман дигар шурӯъ мешавад! Бовар кунед, шумо имрӯз ҷони фарзанди маро харидед!Мову хешу табори мо агар ҳамаи дороиямонро мефурӯхтем, боз ҳам ин 3 миллионро ҷамъ оварда наметавонистем. Раҳими ҷон, дигар бидон, ки дар як гӯшаи ин дунё хоҳари дигаре пайдо кардаӣ, ки ҳар рӯзу ҳар лаҳза бароятон даст ба дуо мекушояд ва аз Худованд талаб мекунад, ки аҷри ин хайри бузурги кардаатро даҳчанд баргардонад, на худатро, на ҳеҷ азизу фарзандатро ҳеҷ гоҳ муҳтоҷ нагардонад. Миллати тоҷик ба чунин фарзандони дастбахайр ба мисли Раҳим эҳтиёҷ дорад, то ки дар чунин рӯзҳои сахтӣ дасти хоҳаракони муштипарашон мисли манро бигиранд…”

Ҳоҷимоҳ Маҳмадова барои наҷоти фарзандаш қаблан хонаву дарашро дар канори Душанбе фурӯхта буд, вале мутаассифона, ҳатто пули хонааш ҳам барои табобати Билолҷон нарасид…

Аҳли идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” низ ба Раҳими Ғармӣ барои ин хайри дар воқеъ бузургаш изҳори сипос мекунад ва пеши Худованд мо ҳама даст ба дуо мебарем, ки давлаташон даҳчанд гардонад ва саффи давлатмандони дастбахайреро ба мисли Раҳим дар байни мардуми Тоҷикистон ба маротиб бештар кунад!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button