АфғонистонВидео

ҶАНГОВАРОНИ АҲМАДИ МАСЪУД БАРОИ ЧАНД СОАТ НОҲИЯИ ШИКАЙРО ИШҒОЛ КАРДА, ҲОКИМИ АЗ СӮ ТОЛИБОН ТАЪЙИНШУДАИ ШИКАЙРО АСИР ГИРИФТАНД (ВИДЕО)

 Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон,ки як сол боз ба зидди ҳукумати нави Толибон дар ин кишвари ҷангзада муборизаи мусаллаҳона мебарад, хабар дод, ки нирӯҳояш рӯзи 3 октябри соли 2022 бинои раёсати вулусволӣ ё ноҳияи Шикай дар минтақаи Дарвози вилояти Бадахшон дар шарқи Афғонистонро  тасарруф карда, чанд мансабдори режими Толибон, аз ҷумла вулусволи Шикай Мавлавӣ Акрамро асир гирифтаанд. Шикай дар марз бо Тоҷикистон, дар рӯбарӯи ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир шудааст.

Дар наворе, ки нирӯҳои Ҷабҳаи муқовимат нашр карданд, дида мешавад, ки Мавлавӣ Акрам дар байни ду нафари дигар дар рӯи кӯрпача нишастааст ва мегӯяд, ки ҳангоми фирор  дар як камин ба дасти муқовиматгарон асир афтодааст.  Мавлавӣ Акрам гуфт, муқовиматгарон бо ӯ бархӯрди хуб доштанд ва ҳеҷ навъ бадрафторӣ ва ҳатто беадабӣ нисбат ба ӯ зоҳир накардаанд.

Дар поёни сабт намояндаи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ эълон кард, ки ба далели ин ки вулусволи Шикай тоҷик аст ва мардуми ин ноҳия низ аз наҳву шеваи  раёсати ӯ розӣ ҳастанд, ӯро раҳо мекунад.  Боздошти Мавлавӣ Акрам ва дигар мақомҳои режими Толибон дар рустои Жарф, маркази ноҳияи Шикай сурат гирифта, ӯро аз Жарф ба рустои Даргак бурда ва инҷо аз асорат бидуни ягон қайду шарт раҳо кардаанд.

Намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ хабар доданд, ки азбаски нирӯи кофӣ барои дар дастони худ нигоҳ доштани вулусволии Шикайро надоштанд, дар пайи дарёфти хабари  ирсоли нирӯҳои изофии Толибон ба Шикай, ин минтақаро раҳо кардаанд. Онҳо гуфтаанд, азбаски дар шароити кӯҳистон бо худ бурдани асирон низ мушкил аст, тасмим гирифта шуд, то  пеш аз тарки Шикай мақомҳои асируфтодаи Толибонро низ раҳо кунанд.

Дар ҳар сурат, Шикай нахустин минтақае дар Афғонистон ва он ҳам дар марз бо Тоҷикистон аст, ки баъди ба дасти ҳаракати тундрави Толибон афтодани зимоми қудрат дар ин кишвар  ҳарчанд ба сурати муваққат ва ҳамагӣ барои чанд соат, вале аз дасти онҳо пас гирифта шуд.

Ҷангҷӯёни Толибон моҳи августи соли 2021, дар охирин рӯзҳои хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии Амрикову паймони ҳарбии НАТО аз Афғонистон,  тавонистанд дар байни ҳамагӣ чанд рӯз тақрибан ҳамаи қаламрави Афғонистонро ба дасти худ дароранд ва ҳукумати нави худро бо номи “Иморати исломии Афғонистон” рӯи кор биоранд.  Панҷшер охирин вилояти Афғонистон буд, ки дар аввали моҳи сентябри соли 2021 ба дасти Толибон афтод.

Мардум дар он рӯзҳо аз фармондеҳони собиқи ҷиҳодӣ, ки дар солҳои охир ба фасоди густурда олуда шуда, маҳбубияти қаблии худро аз даст дода буданд, пуштибонӣ накард.

Афроди норозӣ аз режими нави Толибон Ҷабҳаи муқовимати милли Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи шуҳратёри Эътилофи шимол,  ҷабҳаи қаблии зидди Толибонро ташкил додаанд, ки инак беш аз як сол боз аз тариқи ҷангҳои чирикӣ ба зидди Толибон меҷангад.

Тоҷикистон аз ангуштшумор кишварҳои дунёст, ки ташкили ҳукумати фарогир ва ироаи ҷойгоҳи шоиста ба тоҷикҳои Афғонистонро шарти асосӣ барои эътироф ва ҳамкорӣ бо режими нави Толибон номид ва ба сурати ошкор аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ пуштибонӣ мекунад.

Бисёре аз фармондеҳони ин Ҷабҳа ва аҳли хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон паноҳ ёфтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button