ВидеоҶомеа

ХОНАИ ҶАНҶОЛӢ: СУДБОЗИИ ИНОБАТ ОДИНАЕВА БО ШАВҲАРИ СОБИҚАШ САИДҶАЛОЛ БАЪДИ 10 СОЛИ ҶУДОӢ (ВИДЕО)

 Инобат Одинаева, сокини деҳаи Сафедоби ҷамоати 20-солагии истиқлолияти ноҳияи Вахш ҳанӯз соли 2012 аз шавҳараш Одинаев Саидҷалол ҷудо шуд. Оилаи онҳо замоне фурӯ пошид, ки шавҳараш зани нав гирифт. Азбаски Инобат Одинаева аз Саидҷалол 2 фарзанд дошт, модари шавҳари собиқаш марҳум Сайфидинова Моҳсар аз замини ҳавлиашон барои келини ҳамакнун собиқаш 12 сотих замин ҷудо кард, то ки набераҳояш дар кӯча намонанд. Инобат Одинаева дар ин замин хона сохт ва инак 10 сол боз бо фарзандонаш дар ин хона зиндагӣ мекунад.

Аммо баъди чанд сол Одинаев Саидҷалол шояд бо чунин гумон, ки ба ҳамсари собиқаш, вале дар асл ба 2 фарзанди худаш замини аз ҳад зиёд ҷудо кардааст. Ӯ бо дигар аъзои хонаводаашон ба судбозӣ сар карданд, то ки замину хона (он ҳам як хонаи ҳанӯз нимсохт)-ро аз Одинаева Инобат кашида, пас бигиранд.

Додгоҳ соли 2018 аз ҳаққи  ин зан ва фарзандони ӯ ҳимоят кард ва Одинаева Инобат дар асоси ҳалномаи додгоҳ манзилашро ба номи худаш ҳуҷҷатгузорӣ карду соҳиби сертификат шуд.

Вале Одинаевҳо судбозиро бо келини собиқашон идома доданд ва соли 2021 ҳатто тавонистанд, ки ҳалномаи додгоҳро ба нафъи худ ба даст биоранд.

Одинаева Инобат аз ин ҳукм ба Додгоҳи олӣ шикоят бурдааст. Ӯ дар шикояташ менависад: Дар марҳилаи кассатсионӣ ҳалномаи судии қувваи қонунӣ доштаро мадди назар карда, нишондоди ҷавобгарон ва шоҳидонро далел эътироф кардаанд, аммо ҷавобгарону шоҳидон қайд менамоянд, ки замини манзили истиқоматии ман моликияти марҳум модарашон Сайфидинова Моҳсар буда онҳо меросхӯр ба ҳисоб мерафтаанд. Аммо моликияти меросӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои расми муайян карда мешавад, ки замини дар он ман манзили истиқомати бунёд карда соли 2019 ҳуҷҷатгузорӣ намудам ба номи марҳум Сайфидинова Моҳсар ягон ҳуҷҷат надошт ва то имрӯз надорад ва аз ин рӯ, моликияти меросӣ шуда наметавонад. Инчунин манзили истиқоматӣ ва замини марҳум Сайфидинова Моҳсар дар ҳамсоягии ман буда ва ҷавобгарон Адинаев Саидҷалол, Кабирова Бибигул, Адинаев Саидакбар дар манзили марҳум Моҳсар зиндагӣ ва замини назди ҳавлигии ӯ ба андозаи 0,21га истифода бурда истодаанд”.

Ба навиштаи Одинаева Инобат, шавҳари собиқаш бо онки инак 10 сол боз зани дигар гирифта, бо онҳо зиндагӣ намекунад, вале додгоҳро гӯл задааст, ки гӯё дар ин хона ба сар мебараду дар бунёди он ҳам гӯё саҳм дошт ва имрӯз ҳамчун меросхӯр ба он ҳақ дорад.

“Судро ба гумроҳӣ бурда, ҷавобгарон даъвои муқобил пешниҳод кардаанд, ки гӯё бо ману фарзандонам дар якҷоягӣ то имрӯз манзили истиқоматӣ ва замини марҳум Сайфидинова Моҳсарро истифода бурда истода ва бо Қарори Раиси ноҳияи Вахш аз соли 2019 гӯё ҷавобгарон бе ҷойи зисту замин мондаанд, ин ҳама туҳмат ва асос надорад”, менависад Инобат Одинаева.

Ин зан дар номаи шикоятияш аз Додгоҳи олӣ хостааст, то ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон аз 05 феврали соли 2021 ва қарори марҳилаи кассатсионии додгоҳи вилояти Хатлон  аз 6 апрели соли 2021-ро бекор карда, манзилу ҳавлии ӯро нагиранд ва ӯву фарзандонашро дар кӯча намонанд.

                                                                     Ба Марҳилаи назоратии Суди

                                                                      Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                     

                                           Даъвогар: Одинаева Инобат Нуридиновна

                                                                      сокини вилояти Хатлон, ноҳияи Вахш,

                                                                ҷ/д. 20 солагии Истиқлолияти

                                                                 Тоҷикистон, деҳаи Сафедоб.

                                       Ҷавобгарон: Адинаев Сайҷамол Зуҳурович, Кабирова

                                                              Бибигул, Адинаев Саидакбар

                                                              Зуҳурович, Адинаева Тоҷинисо

                                                              Зуҳуровна, Адинаев Алиакбар

                                                              Зуҳурович, Адинаев Ҷамшед

                                                              Зуҳурович, сокини вилояти Хатлон,

                                                              ноҳияи Вахш, ҷ/д. 20 солагии

                                                              Истиқлолияти Тоҷикистон, деҳаи

                                                              Сафедоб

                                     ШИКОЯТИ НАЗОРАТӢ

                                       Аз болои Қарори кассатсионии Суди вилояти Хатлон 

                                     аз 06. 04. 2021с. ва ҳалномаи Суди ноҳияи Вахш аз 05.

                                      02. 2021с.

Бо ҳалномаи суди ноҳияи Вахш 05 феврали соли 2021 даъвои ман оид ба бартараф кардани монеаги рад карда шуда ва даъвои муқобили ҷавобгарон қонеъ карда шуда, Қарори Раиси ноҳияи Вахш аз 11. 04. 2019, №356 ва Шаҳодатнома дар бораи ба қайдгирии давлати аз 23. 04. 2019, №875, дараҷаи 0116419, беэътибор дониста шудааст.

            Бо қарори марҳилаи кассатсионии коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди вилояти Хатлон  аз 06. 04. 2021 сол ҳалнома, бетағйир ва шикояти кассатсионии ман бе қаноат мононда шудааст.

Ба марҳилаи назорати ва раиси суди вилояти Хатлон ду маротиба шикояти назорати овардам, ки бе натиҷа буда ҳалнома ва қарори кассатсиони бе тағйир мононда шуд.

Ҳалномаи суди ноҳияи Вахш аз 05 феврали соли 2021 ва Қарори марҳилаи кассатсионии Суди вилояти Хатлон  аз 06 апрели соли 2021-ро беасос, нопурра, яктарафаю баръало ғайриқонунӣ ҳисобида бекор намудани онҳоро бо асосҳои зерин хоҳиш менамоям:

Пеш аз ҳама суд бояд манфиатҳои қонун ва санадҳои судии қувваи қонуни доштаро ба инобат гирад,  аммо суди зинаи якум ва марҳилаи кассатсионӣ манфиатҳои қонун ва санади қуваи қонуни доштаи судиро  мадди назар намуда, даъво ва шикояти кассатсионии манро умуман баррасӣ накарда танҳо манфиатҳои бе асосу ғайриқонунии ҷавобгаронро ҳаматарафа дастгирӣ ва бевосита дар ҳалнома қайд намуда ба он маълумотномаҳо такя намуда ҳалномаю қарори нодруст бароварда бо ин манфиатҳои манро мадди назар намудаанд.

Ман ба марҳилаи кассатсионӣ шикоят овардам, то нодурустию ноодилонагии ҳалномаи суди ноҳияи Вахшро мавриди баррасӣ қарор дода, бо асоси  яктарафа будан бекор карда шавад, аммо марҳилаи кассатсионӣ ҳамон гуфтаҳои ҳалномаро нусхабардорӣ намуда ҳатто ба мисли ҳалнома дар қарори марҳилаи кассатсионӣ  оиди ваҷҳои даъво ва шикояти   кассатсионии ман умуман сухан карда нашудааст. Танҳо манфиатҳои беасосу туҳматҳои ҷавобгарон дар ҳалномаю қарор қайд карда шудааст.

Ҷавобгар Адинаев Саидҷалол соли 2012 ман ва фарзандони ноболиғамро партофта, бо ҷавобгар Кабирова Б. оиладор шуд ва соли 2013 пурра муносибати оилавии мо қатъ гардид. Модари ҷавобгар Адинаев Саидҷалол ба ман 0,12 га замин ҷудо карда дод, ки бо фарзандони ноболиғам манзили истиқомати бунёд намуда зиндагонӣ намоем. Инчунин модари собиқ шавҳарам манзили истиқоматӣ ва 0,21 га замин дорад, ки ҳоло ҳамчун мерос дар ихтиёрдорӣ ва истифодаи Адинаев Саидҷалол ва оилаю фарзандонаш мебошад.

Ман дар замини ба ман вобаста шуда аз ҳисоби худам пурра манзили истиқомати бунёд намудам. Манзили истиқомати бунёд намуда ба номи ман ҳуҷҷатгузорӣ гардидааст, ки дар ҷамоат ва дигар сохторҳо соҳибмулкии ман қайд гардидааст. Андоз ва дигар маблағҳои хизматрасониро месупорам ва ҳоло зиндагонӣ намуда истодаам.

Дар асоси ҳалнома аз 28 июли соли 2018 масъалаи мазкур оид ба соҳибмулкии ман ҳалли худро ёфта,  беамалии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ва Кумитаи идораи замини ноҳияи Вахш оиди бо қарор вобаста намудани қитъаи замини назди ҳавлиги ва Сертификати истифодаи замин бартараф карда шудааст. Дар ин асос ман манзили истиқоматии худро ҳуҷҷатгузорӣ намудам ва ҷавобгарон барои истифодабарӣ монеагӣ намуданд, ки бо ариза барои бартараф  кардани монеагӣ ба суд муроҷиат намудам. Ҷавобгарон аризаи муқобил пешниҳод намуда, боз ҳолатҳои дар ҳалнома аз 28. 07. 2018 ҳалли худро ёфтаро асос карданд.

Ҳоло онки дар асоси моддаи 64 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳое, ки бо санади эътибори қонуни пайдо кардаи судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ қаблан баррасигардида муқарар шудааст, барои суд ҳатми буда, онҳо барои баррасии дигар парвандаи гражданӣ, ки дар он ҳамин шахсон иштирок менамоянд, аз нав исбот карда намешавад ё мавриди баҳс қарор намегирад.

Суди зиннаи якум ва кассатсиони ин ҳоллатро мадди назар карда боз даъвои муқобиди бе асосро дастгири намуда ғайриқонуни даъвои ман оид ба монеагиро дастгирӣ накарда ҳуҷҷатҳои қонуннии манзилу замини манро бекор намуданд.

Дар марҳилаи кассатсионӣ ҳалномаи судии қувваи қонунӣ доштаро мадди назар карда, нишондоди ҷавобгарон ва шоҳидонро далел эътироф кардаанд, аммо ҷавобгарону шоҳидон қайд менамоянд, ки замини манзили истиқоматии ман моликияти марҳум модарашон Сайфидинова Моҳсар буда, онҳо меросхӯр ба ҳисоб мерафтаанд. Аммо моликияти меросӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои расми муайян карда мешавад, ки замини дар он ман манзили истиқоматӣ бунёд карда соли 2019 ҳуҷҷатгузори намудам ба номи марҳум Сайфидинова Моҳсар ягон ҳуҷҷат надошт ва то имрӯз надорад, ки моликияти меросӣ шуда наметавонад. Инчунин манзили истиқомати ва замини марҳум Сайфидинова Моҳсар дар ҳамсоягии ман буда ва ҷавобгарон Адинаев Саидҷалол, Кабирова Бибигул, Адинаев Саидакбар дар манзили марҳум Моҳсар зиндагӣ ва аз замини назди ҳавлигии ӯ ба андозаи 0,21га истифода бурда истодаанд.

Судро ба гумроҳӣ бурда, ҷавобгарон даъвои муқобил пешниҳод кардаанд, ки гӯё бо ману фарзандонам дар якҷоягӣ то имрӯз манзили истиқоматӣ ва замини марҳум Сайфидинова Моҳсарро истифода бурда истода ва бо Қарори Раиси ноҳияи Вахш аз соли 2019 гӯё ҷавобгарон бе ҷойи зисту замин мондаанд, ин ҳама туҳмат ва асос надорад.

Чунки манзили истиқоматии ман бо 0,12га замин қонуни дар асоси ҳалномаи суд аз соли 2018 аз бо Қарори Раиси ноҳияи Вахш аз 11. 04. 2019, №356 ва Шаҳодатнома дар бораи ба қайдгирии давлати аз 23. 04. 2019, №875, дараҷаи 0116419 ҳуҷҷатгузори шудааст. Ҷавобгарон бо ман ва фарзандони ноболиғам зиндагони ва хоҷагии умуми намебаранд.

Ҷавобгар Адинаев Саидакбар Зуҳурович, Адинаева Тоҷинисо Зуҳуровна, Адинаев Алиакбар Зуҳурович ва Адинаев Ҷамшед Зуҳурович дар  манзили истиқоматии марҳум Сайфидинова Моҳсар, ки дар ҳамсоягии ман мебошад, зиндагонӣ наменамоянд ва соҳиби манзилу замини алоҳида буда, дар он зиндагонӣ менамоянд. Танҳо бо мақсади судро ба гумроҳӣ бурдан ва манзилу замини қонунии манро аз худ кардан ҷавобгарон ба суд муроҷиат намудаанд ва суди зинаи якум ва марҳилаи кассатсионӣ ҳолати аслии корро насанҷида, бармаҳал санади ғайриқонунӣ баровардаанд.

Дар ҳалномаи суд ва қарори кассастсиони танҳо Қарори Раиси ноҳияи Вахш аз 11. 04. 2019, №356 қайд гардида бо баёноти нодурусти намояндаи ҳукумати ноҳияи Вахш беэътибор дониста шудааст, аммо суд ва намояндаи ҳукумат ҳалномаи суд аз соли 2018, ки то имруз қувваи қонуни дорад умуман баҳо надодаанд.

Тибқи талаботи Қонунгузори вобаста ба баҳси мазкур ва вобаста ба даъвои ман оид ба бартараф кардани монеагӣ ҷавобгарон ҳуқуқи даъвои муқобилро надоштанд, ки ғайриқонуни даъвои муқобил пешниҳод намудаанде бо даъвои муқобили ғайриқонунии ҷавобгарон суд даъвои манро рад ва даъвои муқобилро қонеъ гардонидааст. Чунки манзили истиқомати ва замини ман ба ҷавобгарон ягон алоқаманди надошта ва моликияти мероси умуман намебошад. Танҳо ҷавобгарон барои истифодаи моликияти шахсии ман, ки монеаги ғайриқонуни монеагӣ гузоштан ман ба суд муроҷиат намудам, ки монеаги бартараф карда шавад.

Ҷавобгар Адинаев Сайидҷамол бо дигарон нисбати ман ва фарзандони ноболиғам хусумати шахсӣ дошта, то имрӯз моро ором намегузоранд. Баъд аз баромадани ҳалномаи ғайриқонунии суди ноҳияи Вахш боз бо ману кӯдаконам ҷагу ҷанҷол намуда, моро лату кӯб намуданд, ки бо ин кирдор нисбаташон бо ҳукми суд ҷазои ҷиноятӣ дода шуд. Мақсади асосии ҷавобгарон ин ҳамарӯза бо ману кӯдаконам ҷангу ҷанҷол ва аз худ кардани моликияти шахсии ман мебошад.  

Бо чӣ сабаб бошад, ки суд моддаи 327 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 22 Кодекси расмиёти маъмурии ҶТ-ро мавриди таҳлил қарор дода танҳо ба санади Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати такя намуда талаботи моддаи 13, 64 ва 70  КМГ, санади судии қувваи қонуни доштаро умуман ба инобат нагирифта ғайриқонуни қарор қабул намудааст. Чунки санади судии қувваи қонунӣ дошта аз санади ҳокимияти маҳалли ва нишондодҳои дуруғи ҷавобгарон бартари дорад. Дар ин асос КМГ ҶТ қайд менамояд, ки санади судие, ки масъалаи мазкурро мавриди ҳал қарор додааст такроран мавриди баҳс қарор дода намешавад, аммо суди ноҳияи Вахш ва марҳилаи кассатсиони аз доираи қонун баромада такроран мавриди барраси қарор дода ва бар зидди ҳалномаи судии қувваи қонуни дошта ҳалнома баровардаанд.

Тибқи талаботи банди 3 Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.04.1998 сол таҳти №1 “Дар бораи ҳалномаи судӣ”, ҳалнома ҳамон вақт қонунӣ ва асоснок шуморида мешавад, ки дар он ҳамаи ҳолатҳои ба ҳалли баҳс аҳамиятдошта санҷида шуда бошад.

Бинобар асосҳои дар боло овардашуда аз Марҳилаи назоратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

ХОҲИШ МЕНАМОЯМ:

Таъинот оид ба ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудан дар суди марҳилаи назоратӣ бароварда шуда, таввасути Қарори суди марҳилаи назорати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалномаи Суди ноҳияи Вахши вилояти Хатлон аз 05 феврали соли 2021 ва қарори марҳилаи кассатсионии Суди вилояти Хатлон  аз 6 апрели соли 2021 бекор карда шавад.

То ҳал гардидани баҳс дар марҳилаи назорати иҷроиши ҳалномаи суди ноҳияи Вахш аз 05. 02. 2021 дар асоси таъинот боз дошта шавад.

Замима:  Нусха ҳалномаи суди ноҳияи Вахш аз 05. 02. 2021сол.

                            Нусхаи Қарори мархилаи кассатсионии Суди вилояти

                          Хатлон аз 06. 04. 2021сол; 

                          Нусхаи таъинот аз 03. 05. 2021сол;

                          Нусхаи мактуби суди вилояти Хатлон аз 4. 11. 2019, № 2005;

                          Нусхаи аризаи лату куби ҷавобгарон;

                          Нусхаи ҳалнома аз 28. 07. 2018;

                          Нусхаи ҳукм ва қарори оғози кори ҷиноятӣ;                                                                                             

                                                                                          Одинаева И.Н.                            

Намоянда:              Қодиров Н.З.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button