Хабарҳои кӯтоҳҲуқуқи инсон

ПИРӮЗИИ АБДУЛЛОЕВ, ЧИЛАЕВ ВА ЯК АФСАРИ КДАМ ДАР ОЗМУНИ БЕҲТАРИН КОРМАНДОНИ ОПЕРАТИВИИ ХАТЛОН

Бахшида ба рӯзи кормандони оперативӣ, ки ҳамасола 5 октябр таҷлил мегардад, ва ҳамчунин ба муносибати “Соли баланд бардоштани малакаи касбии кормандони оперативӣ” эълон гардидани соли 2022 дар байни кормандони оперативии воҳидҳои оперативӣ-ҷӯстуҷӯӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон озмуни “Беҳтарин корманди оперативӣ” баргузор шуд.

Подполковник Офоқи Қодириён, сухангӯи РВКД вилояти Хатлон дар гузоришаш дар сомонаи ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки дар озмун аз ҷумла кормандони оперативии Раёсати вилоятии КДАМ Хатлон, Раёсати вилоятии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва кормандони оперативии шуъбаҳои милитсияи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ширкат доштанд.
Ба маҳорати касбии иштирокчиёни озмун комиссияи вижа, иборат аз муовини раиси комиссия, муовини сардори РВКД вилояти Хатлон подполковник Таҷалӣ Диловар Алӣ  (Таҷалов), муовини сардори шуъбаи таълимии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Аҳтамшозода Саидмуҳаммад Аҳтамшо ва сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ Самиев Назар баҳогузорӣ карданд.
Озмун се давраро дар бар гирифт. Дар даври аввал пешниҳоди саволу ҷавобҳои тестӣ ба иштирокчиён сурат гирифт.
Дар даври дуюм пешниҳоди саволҳо ба иштирокчиёни озмун тариқи гирифтани як билет, ки се савол дорад ва додани се саволи иловагӣ аз тарафи ҳакамон сурат гирифт.
Ҳашт иштирокчие, ки дар даври дуюм роҳхат гирифтаанд ба саволҳо ҷавоб доданд ва аз тарафи ҳакамон аз 1 то 5 холгузорӣ карда шуданд.
Аз ҳашт нафар иштирокчиёни даври дуюм 3 нафар иштирокчӣ, ки холҳои нисбатан баландро сазовор гардиданд, ба даври сеюм роҳхат гирифтанд.
Баъди гузаронидани давраҳои озмун, ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3 озмун аз ҷониби Раиси комиссия расман эълон карда шуд:
Ҷойи якум насиби ваколатдори оперативии ШКҶ ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ, лейтенанти калони милитсия Абдуллоев Хуршед,
Ҷойи дуюм ба намояндаи РҚДАМ дар вилояти Хатлон,
Ҷойи сеюм ваколатдори оперативии ШКҶ ШВКД дар ноҳияи Вахш лейтенанти калони милитсия Чилаев Ҷаҳонгир эълон гардиданд.
Дар фарҷоми озмун Раиси комиссия муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон полковник Абдураҳмонзода Фатҳулло Абдулло ба ҳар як иштирокчии озмун саломативу шодкомӣ ва дар донишандӯзӣ, мувафақиятҳои беназир таманно намуд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки ҷоизаҳои пешбинигардида ба ғолибони озмун дар вазъияти тантанавӣ рӯзи 5 октябр, дар Рӯзи кормандони оперативӣ супорида мешаванд.

Мунтақидон мегӯянд, дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳамчунон худиқрорӣ ва водор кардан ба эътирофи гуноҳ як василаи умдаи ошкор кардани ҷиноятҳо боқӣ мемонад, вале истифодаи фаровон аз ин шева роҳро ба истифодаи шиканҷаву бадрафторӣ бо мақсади ба худиқрорӣ водор кардани гумонбаршавандагон боз мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button