ВидеоКоррупсия

ЯК МАНСАБДОР БЕШ АЗ 100 ҲАЗОР СОМОНӢ ПУЛИ ИДОРАИ ЗАГСИ НОҲИЯИ Ҷ.РАСУЛОВРО “АЗ ОНИ ХУД КАРДААСТ”

Хазинадори шуъбаи молияи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ба он айбдор мешавад, ки мансабдори давлатӣ ба ҳисоб рафта, бо истифода аз мақом ва ваколати худ аз буҷаи идораи ЗАГС, ё бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ин ноҳия маблағи бузурги 109 ҳазору 500 сомонӣ, ё беш аз 10 ҳазор долларро тасарруф кардааст.

Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон  рӯзи 3 октябри соли 2022 дар шарҳи ин парванда гуфт: “Партоби Меҳтар Ҷовидзода дар вазифаи мутахассиси шуъбаи хазинадории раёсати молияи ноҳияи Ҷ.Расулов кор карда, шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, давоми фаъолияти кориаш дар ҳолатҳои зерин ҷинояти азонихудкунӣ ва сохтакории хизматиро содир намуд.   Чунончӣ, номбурда ҳамчун сарпарасти бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ҷ.Расулов вазифагузорӣ гардида, бо истифода аз барномаи электронии SGB.net, аз буҷети бахши мазкур маблағи умумии 109500 сомониро бо роҳи сохтакории хизматӣ ба тассаруфи худ даровард, ки дар натиҷа ба давлат зарари калони моддӣ расонид”.

Агентӣ гуфт, дар робита ба ин ҳолат нисбат ба Партоби Меҳтар Ҷовидзода бар асоси моддаҳои 245, қисми 3, банди “а” ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иттиҳомоти тасарруфи пули буҷа ва сохтакории хидматӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар пайи анҷоми тафтиши пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ ирсол карда шудааст.

Ба Ҷовидзода бар асоси қисми сеюми моддаи 245 барои тасарруфи пули буҷа ба маблағи бузург ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 1092 то 1824 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 64 сомонӣ, ё беш аз 6 доллар) ё аз 6 то 10 соли зиндон бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 4 сол  таҳдид мекунад.

Ҳамин тавр, бар асоси моддаи 323  барои сохтакории хидматӣ ба Ҷовидзода ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button