ВидеоМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОНРО АЗ УНВОНИ “ШАҲРВАНДИ ИФТИХОРИИ БИШКЕК” МАҲРУМ КАРДА НАТАВОНИСТАНД

Баъди муноқишаи хунини моҳи сентябри соли 2022дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз ҳарду тараф беш аз 130 кушта ва наздики 400 захмӣ ба ҷо гузошт, чанд вакили парлумони Қирғизистон ва маҷлиси шаҳри Бишкек аз кенеш, яъне маҷлиси вакилони пойтахти ин кишвар хостанд, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  аз унвони “Шаҳрванди ифтихории Бишкек” маҳрум карда шавад.

Аввал бо номаи расмӣ ба шаҳрдор ва вакилони маҷлиси Бишкек бо талаби лағви қарори ироаи унвони “Шаҳрванди ифтихории Бишкек” ба Эмомалӣ Раҳмон вакили Жогорку Кенеш Достон Беқешев муроҷиат кард. Рӯзи 21 сентябр фирқаи сотсиал –демократҳо дар маҷлиси Бишкек низ якдилона қарор қабул кард, ки президенти Тоҷикистон аз “Шаҳрванди ифтихории Бишкек” маҳрум сохта шавад.

Дар ҳоле ки Тоҷикистон Қирғизистонро ба таҷовуз дар рӯзҳои муноқишаи ахир айбдор мекунад, ҷониби Қирғизистон баракс Тоҷикистонро ба ҳамла ба қаламрави худ айбдор мекунад. Вакилони қирғиз ҳамин иттиҳомро ҳамчун далел барои маҳрум сохтани роҳбари аввали Тоҷикистон аз унвони “Шаҳрванди ифтихории Бишкек” нишон дода буданд.

Вале маълум мешавад, ки тибқи қонунгузории Қирғизистон, як нафарро аз мукофоти давлатӣ ё унвони фахрӣ  танҳо дар асоси қарори додгоҳ метавон маҳрум кард. Қонунгузории ин кишвар механизми аз унвони фахрӣ маҳрум кардани афроди алоҳидаро аслан пешбинӣ намекунад.

Ба ин далел, мақомоти Бишкек гуфтанд, ки талаби вакилонро иҷро карда наметавонанд.

 “Мо метавонем барои дарёфти мукофот пешбарӣ кунем, вале аз унвони “шаҳрванди ифтихорӣ” маҳрум карда наметавонем, чунки чунин механизми лағви қарори қаблӣ вуҷуд надорад. Дастгоҳи маҷлиси шаҳрӣ алакай ба баррасии масъалаи ворид кардани тағйирот ва таҳияи механизми аз унвон маҳрум кардан шурӯъ кардааст” — шарҳ додааст ба вакилон дар иҷлосияи маҷлиси шаҳрӣ раиси кенеши Бишкек Қуваничбек Конгантиев.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 1999 замоне  сазовони унвони “Шаҳрванди ифтихории Бишкек”  шуд, ки шаҳрдори пойтахти Қирғизистон сиёсатмадори машҳури солҳлои 90 Феликс Қулов буд. Дар маросими тақдими ин унвони ифтихорӣ ба Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури вақти Қирғизистон Аскар Оқоев низ иштирок дошт.

Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 5 октябри соли 2022 ба синни 70 мерасад, охирин президенти дарозумр дар Осиёи Марказист, ки дар сари қудрат боқӣ мемонад. Моҳи ноябри соли ҷорӣ аз рӯзи ба қудрат расидани ӯ  дар поёни соли 1992 дуруст 30 сол мегузарад. Барои муқоиса, дар солҳои раёсати ӯ дар Қирғизистон алакай 6 президент иваз шуд.

Талаби аз унвони “Шаҳрванди ифтихории Бишкек” маҳрум кардани президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пайи муноқишаи хунини мусаллаҳонаи рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баланд шуданд. Қирғизистон аз 63 кушта ва ҳудуди 200 захмӣ аз тарафи худ хабар дод ва Тоҷикистон аз ҳалокати беш аз 40 нафар ва ҷароҳат бардоштани ҳудуди 200 тани дигар танҳо дар байни сокинони мулкӣ. Журналистони тоҷик то имрӯз рӯйхатти дастикам 75 қурбонии муноқишаи ахирро нашр кардаанд. Ҳарду тараф дар оғози муноқишаи моҳи сентябр якдигарро айбдор мекунанд.

Бо гузашти беш аз 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар солҳои 2021 ва 2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар наздики 200 нафар  кушта шуда, ҳудуди 700 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Марзи Исфараву Ворух бо ноҳияи Бодканд ва марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ноҳияи Лайлак  нуқтаҳои аз ҳама доғ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор мераванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button